Қазия аз нигоҳи Асрор Булбулов
Асрор Булбулов, ки бино бар иттилои вазорати корҳои дохилӣ, сабабгори як «муноқишаи дохилиҳизбӣ» бо муовини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) ва вакили порлумон Саидумар Ҳусайнӣ шудааст, мегӯяд, дар ин воқеа касеро латукӯб накардаанд. Аммо ӯ рад намекунад, ки эътирози худро аз ҳизб ва сарони он баён доштааст. Ҷаноби Булбулов рӯзи 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ман омадам, дидам, ки он ҷо мардум ҷамъ омадаанд. Даромадам, бо ҳамон вакил сӯҳбат кардам, гуфтам, ака, пайи қадами шумо ба Бадахшон танҳо хатар аст. Шумо ягон мақсади хуб надоред, биёед, мо шуморо ҳамчун меҳмон қабул мекунем, вале ташвиқоту таблиғотатонро монед. Ба шумо раҳмат, шумо дар вақти зарурӣ моро дастгирӣ накардед. Мо 32 бародари наҳзатиро аз даст додем. Шумо то кай халқи моро ахмақ карда мегардед? Ман 17 сол бо шумо будам ва зидди ҳукумат будам, бас аст.»
Асрор Булбулов дар гузашта раҳбарии созмони ҲНИТ дар шаҳри Хоруғро бар ӯҳда дошт. Аммо ӯ дар тобистони соли гузашта бо пахши як изҳорот, ки "баногоҳ" тавассути телевизионҳои давлатӣ намоиш дода шуд, башиддат аз сиёсати ҳизб интиқод кард ва гуфт, нафақат Бадахшон, балки Тоҷикистон ба чунин ҳизби мазҳабие зарурат надорад.
Ба нақл аз Саидумар Ҳусайнӣ
Аммо Саидумар Ҳусайнӣ ин иддао ва ҳам шарҳи вазорати корҳои дохилиро дар робита ба қазия рад мекунад. Вай изҳори таассуф кард, ки намояндагони вазорат фарзияи Булбуловро пахш кардаву назари вакили мардумиро дар бораи қазия напурсиданд. Ба гуфтаи ҷаноби Ҳусайнӣ, онҳо дар ҳоле мавриди ҳамлаи як гурӯҳ қарор гирифтанд, ки ҳанӯз бо мардум мулоқоте надоштанд ва касеро ҳам таҳқир накардаанд.
Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд: «Хеле нороҳат шудам, ки як вазорати калони қудратии мо ҳақиқатро ҷониби дигарашро баён мекунад. Асрор Булбулове, ки аз номи ӯ ин қазияро шарҳ додаанд, дар миёни ҳамон 15 нафаре, ки ба дафтари ҳизб ҳамла кард, буд. Вақте дъвао мекард, хеле маст буд. Аз номи ӯ гуфтаанд, ки гӯё мо баромад карда бошему таҳқир кардаем, дурӯғи маҳз аст. Мо то он вақт фақат бо масъулини ҳукумат сӯҳбат доштем ва мулоқот бо мардумро ҳоло шурӯъ накарда будем. Дигар ин ки мо дуюним ҳазор узв аз Бадахшон дорем, ки ҳама дӯсту бародари мо ҳастанд. Намедонам, чӣ тавр онҳо аз суханони як нафар чунин хулосагирӣ кардаанд.»
Пулиси Хоруғ: Ҳусайнӣ бояд пеши мо меомад
Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ мегӯяд, пас аз таҳқиқи ҳодиса онро муноқиша миёни аъзои ин ҳизб унвон кардааст. Ба иттилои ин манбаъ, ҳодиса дар дафтари ҳизб дар шаҳри Хоруғ рух дода, бино бар баёноти шоҳидон баёнот миёни аъзои ин ҳизб ва ҳайати эъзомии ҳизби наҳзат ҷанюол ва кашокаш сар задааст.
Бахтдавлат Бахтдавлатов, сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Хоруғ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар пайи аризаи шикоятии Асрор Булбулов ва шоҳидии чанд нафари дигар қазияро тафтиш кардаанд: «Вакили парлумон якбора ба мошин савор шуда, аз шаҳр берун шудааст. Пеши мо наомадааст. Ба табобатхона муроҷиат накардааст. Мо маводро ҷамъ карда, ба прокуратураи шаҳр пешниҳод кардем. Ҳоло санҷиш давом дорад.»
Назари вакилон
Аммо Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, дар он ҳолате, ки онҳо қарор доштанд, бозгашт ба шӯъбаи корҳои дохилӣ барояшон хатар дошт. Хабарҳои марбут ба ин воқеа вакилони Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла раиси Ҳизби коммунист Шодӣ Шабдоловро нороҳат кард. Вай ҳамла ба вакили порлумонро ҷиноят номид ва талаб кард, омилони ин воқеа ҷазо дода шаванд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон низ рӯзи 30 апрел аз додситонии кул хост, то ҳодисаи ҳамла ба Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумон ва муовини раҳбари ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳамаҷониба таҳқиқ шавад.
Қонун чӣ мегӯяд?
Файзи Олӣ, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ҳодисаи ҳамла ба ҷаноби Ҳусайнӣ бояд ба таври бисёр ҷиддӣ таҳқиқ шавад, зеро ин ҳамла ба намояндаи шохаи қонунгузори ҳукумат аст. Вай бархӯрди мақомоти давлатиро ба қазия нокофӣ хонд ва гуфт: «Аввал ин ки Саидумар Ҳусайнӣ барои расонидани паёми президент ба мардум ба Бадахшон рафтааст ва вақте дар ҳукумати Бадахшон аслан омодаи қабул нашуда, аз ташрифи ӯ изҳори бехабарӣ кардаанд, ин як беэҳтиромӣ нисбат ба як намояндаи қонунгузории Тоҷикистон аст. Дигар ин ки, новобаста ба он ки вакил шикоят бурдааст ё на, бояд ба ин қазия чун беэҳтиромӣ ва нақзи дахолатпазирии як намояндаи порлумон расидагӣ шавад. Бояд таҳқиқот бурда шавад ва ин масъала бисёр ҷиддӣ дида шавад. Дар таърихи сиёсатдории ҳукумати мо ин айб аст, вақте нисбат ба вакил чунин муносибат раво дида мешавад. Вазорати корҳои дохилӣ бояд нисбат ба ин масъала бетаваҷҷӯҳӣ накунад.»
Иттифоқан, дар хабаре ки дар торнамои вазорати корҳои дохилӣ нашр шудааст, аслан дар бораи вакили порлумон будани Саидумар Ҳусайнӣ ишорае нашуда, ӯро танҳо чун муовини раҳбари ҲНИТ муаррифӣ кардаанд.
Ини нахустин мавриди ҳамла ба аъзои ҲНИТ нест. Моҳи феврали соли 2012 сухангӯи ҳизб Ҳикматуллоҳ Сайфулллоҳзода ва моҳи апрели соли 2013 муовини дигари раиси ҳизб Муҳаммадалӣ Ҳаит дар Душанбе сахт латтукӯб шуданд. Моҳи августи соли 2013 як ҳайати эъзомии ҳизб боз ҳам дар Бадахшон ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд.