Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҲНИТ дар телевизионҳои давлатӣ "ҷой нест"


Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дархости нашри раддияи ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ(ҲНИТ)-ро рад кардааст.


Дафтари матбуоти ҲНИТ мегӯяд, дар номаи рӯзи 5 август расида бо имзои муовини аввали раиси Кумитаи телевизон ва радио Саидалӣ Сиддиқ ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ гуфта мешавад, ки шабакаҳои телевизионӣ ӯҳдадор нестанд, ки раддияи тарафи дигарро нашр кунанд: «Шабакаҳои давлатии телевизион ва радио зимни пахши ин хабару гузоришҳо назари шахсии худро дар бораи ҲНИТ иброз надоштаанд ва ӯҳдадор нестанд, ки вобаста ба андешаю мулоҳизаи иштирокчиёни даҳҳо ҷамъомад, ки ҳар рӯз вобаста ба самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баргузор карда мешаванд, раддияи тарафи дигарро низ ба барномаҳо ҷой диҳанд.»

ҲНИТ рӯзи 31 август расман аз ин кумита хоста буд, то дар баробари «ҳамла»-ҳое, ки аз тариқи телевизионҳои давлатӣ алайҳи ҳизб мешаванд, ба онҳо низ имкон бидиҳанд, ки мавқеъи худро баён кунанд. Аммо кумитаи телевизион ва радио гуфтааст, муваззаф нест, ки барои пахши чунин раддияҳо вақт ҷудо кунад.

Аммо дар нома ҳамчунин гуфта мешавад, ки кумитаи телевизион ва радио «бо ҳамаи ҳизбу созмонҳое, ки фаъолияташон расман, дар доираи қонун ва бо назардошти манфиатҳои миллию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, ҳамкорӣ карда, дастрасии онҳоро ба шабакаҳои давлатии телевизион ва радио ба сурати баробар таъмин менамояд.»

Вале намояндагони аҳзоби мухолиф мегӯянд, ба ҷуз аз фурсатҳои кӯтоҳе, ки тибқи қонун, дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ барояшон ҷудо мешавад, дигар минбари телевизионҳои давлатӣ ба рӯи онҳо комилан баста аст. Ҳарчанд чорабиниҳои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва тарафдоронаш ба таври пайваста аз шабакаҳои давлатӣ таблиғ мешавад.

Ин дар ҳолест ки минбари расонаҳои давлатӣ барои интиқод аз аҳзоби мухолиф, бахусус ҲНИТ, фаровон истифода мешавад. Шабакаи аввали телевизиони давлатӣ низ шоми 5 август барои пахши изҳороти Асрор Булбулов, раҳбари созмони ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ, ки дар он башиддат аз сиёсати раҳбарони ҳизб интиқод мекард, вақт ҷудо кард.Асрор Булбулов таъкид кардааст, ки ҲНИТ на фақат барои Бадахшон, балки барои кулли Тоҷикистон даркор нест ва манфиате барои мардуми Тоҷикистон надорад Ин изҳорот ҳамин тавр, ба тамоми расонаҳои маҳалливу хориҷии фаъол дар саҳнаи матбуоти Тоҷикистон ирсол шуд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳороти ин намояндаи худ дар Хоруғро як навъ барномаи созмонёфтаи мақомот медонад, ки дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ мехоҳанд нуфуз ва обрӯи ин ҳизбро аз байн бубаранд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 6 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз шеваи пахши изҳороти Булбулов, ки аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ва хабаргузории "Ховар" нашр шуд, маълум мешавад, ки мақомоти давлатӣ Асрор Булбуловро таҳти фишор қарор дода, ӯро водор кардаанд, ки зидди ҳизб ҳарф бизанад: «ҲНИТ чунин меҳисобад, ки дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатӣ аз ҳар роҳе истифода мекунанд, ки ҳизби наҳзатро дар ҷомеа дар назди мардум беобрӯ кунанд, то натавонад дар корзори интихобот аз имконоти худ ҳамаҷониба истифода кунад.» Сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, ки Асрор Булбулов ҳанӯз ба таври расмӣ раиси бахши хоруғии ин ҳизб набуда, танҳо иҷрокунандаи ин вазифа мебошад.

Дар ҳамин ҳол, сайти интернетии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз қавли Муслима Броимшоева, раҳбарии бахши вилоятии ин ҳизб дар Бадахшон навиштааст, ки вақтҳои ахир аз тарафи мақомоти амниятӣ фишор болои Асрор Булбулов зиёд гардида буд ва ҳатто ӯ гуфтааст, ки "маро ҳамтақдири Шерик Карамхудоев мекунанд."


Асрор Булбулов
Асрор Булбулов
Аммо Асрор Булбулов мегӯяд, таҳти фишори ҳеҷ мақоми давлатӣ ва ё ҳеҷ ҷонибе изҳорот надодааст. Асрор Булбулов, ки рӯзи 6 август ба Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки Ҳизби наҳзати исломӣ барои он дар Бадахшон зарурат надорад, ки дар ин минтақа ҳузури он чашмрас нест:
«Вале ман нагуфтаам, ки ҲНИТ дар Тоҷикистон лозим нест. Ман танҳо аз номи Бадахшон гап мезанам ва ба ин мавқеъ ҳастам, ки на танҳо ҲНИТ, ҳизбҳои дигар низ дар Бадахшон лозим нестанд, зеро ҳизбҳо барои Бадахшон ва оромии он ва беҳбудии мардуми он ҳеҷ коре накардаанд ва иқдоме ҳам намекунанд.»

Оқои Булбулов афзуд, ки ба ҳамаи ҳизбҳои Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бо президент Эмомалӣ Раҳмон вохӯранд ва барномаҳову ҳадафҳои худро дар робита ба оромӣ ва беҳбудии Тоҷикистон баррасӣ кунанд ва ба айбҷӯиҳо хотима диҳанд. Булбулов мегӯяд, ки "дар ҳамоиши 40-солагии ҲНИТ ба Кабирӣ гуфтам, ки агар шеваи кори ҳизб ба ҳамин шакл дар Бадахшон идома кунанд, беҳтар аст, то онро бибанданд. Кабирӣ гуфт, ки агар дар ҳақиқат мардум инро бихоҳад, ман ҳизбро мебандам.»

Раиси бахши хоруғии ҲНИТ мегӯяд, «ҳоло ҳизби халқӣ-демократӣ ҳам ҳеҷ кор намекунад, ман аслан табиати демократӣ дорам, вале ҳузури онро дар Бадахшон намебинем. Вақте дар Хоруғ нооромиҳо сар шуданд, намояндаеро надидем ба ҷуз намояндаи ҲНИТ, ки аз Душанбе омада гуфтанд, ки на ба минтингҳо ва на ба гурӯҳҳо ҳамроҳ нашаванд. Аслан мо тарафдори фаъолияти ягон ҳизб дар Бадахшон нестем.»

Раёсати ҲНИТ тасмим гирифтааст, ки баъд аз Иди Фитр як ҳайъати худро барои баррасии вазъ ба Хоруғ фиристад.
XS
SM
MD
LG