Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷароҳо дар атрофи аъзои ҲНИТ


Дар бархе навоҳӣ аъзои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) яке аз паси дигар бо пахши изҳороту баёнияҳои телевизионӣ ин ҳизбро тарк мекунанд.

ҲНИТ ба яке аз баёнияҳои тарки ин ҳизб посух дод ва онро як амали созмонёфтаи мақомот дар ростои интихоботи раёсатҷумҳурӣ номид. Ба ақидаи намояндагони ин ҳизб, мақомот мехоҳанд бо ин роҳ нуфузи ҳизбро дар кишвар коҳиш диҳанд.

Мақомоти расмӣ ба ин иттиҳом посух надодаанд, вале Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дархости пахши раддияи ҳизби ҲНИТ-ро дар ин маврид рад кард ва изҳор дошт, ки афроди гуногун ақидаи худро баён кардаанду ба ҳар яки онҳо раддияи нашр нахоҳад кард. Нозирони вазъ мегӯянд, дар як вақт дар чанд ноҳия сар задани рӯйдодҳои ҳамсон наметавонад, тасодуф бошад ва дар қазияи мазкур нишонаҳои маъаракасозӣ ба мушоҳида мерасад.

НОҲИЯИ ВОСЕЪ


Дар ноҳияи Восеъ нафаре худро аъзои тақалбуии ҲНИТ гуфтааст, ки дар интихобтӣ қаблӣ аз ин ҳизб барои курсии маҷлиси вакили маҳаллӣ талош кардааст. Ҳаё Гиёев, дар як маҷлиси ҳукумати маҳаллӣ бо интиқод аз фаъолияти ҲНИТ гуфтааст, ки ӯро ғайриқонунӣ аъзои ин ҳизб кардаанд ва то кунун ӯ аз ҳадафҳои ин ҳизб хабар надошт. Ин ҳарфҳои Гиёев аз тариқи телевизионҳои расмӣ пахш шуд, ки Ҳизби наҳзат дар Восеъро барои тақаллуб гунаҳкор медонист. Ҳамчунин, дар баробари Гиёев чанд нафари дигар аз фаъолияти ҳизб изҳори норозигӣ карданд.

Аммо Маҳмадашриф Набиев, раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, Ҳаё Гиёев, аз кормандони собиқадори Бозрасии давлатии автомобилии кишвар, як ниҳоди қудратии кишвар буд, ки ҳеҷ гоҳ дар шомил шудан ба ҳизб хато намекард. Ба гуфтаи Набиев, Гиёев донишҳои хуби ҳуқуқӣ дошт ва ҳадафмандона аъзои ҲНИТ шуда, дар интихоботи соли 2010 ширкат кард.

Ӯ гуфт: «Як одаме, ки 20 сол собиқаи корӣ дар як ниҳоди қудратӣ дорад, хато намекунад. Шояд ӯ ҳадафмандона дохил шуда буд. Ин ҳарф дуруст аст, ки ботини ӯро мо намедонистем, ки чи гап аст, вале ӯ хато накарда буд. Баромадани ӯ ҳоло аз ҳизб ғайриқонунӣ аст. Мо ба хориҷ шудани як нафар аз ҳизб ҳеҷ эътироз надорем, эътирози мо ин аст, ки инро расонаҳои давлатӣ якҷониба ташвиқ мекунанд. Моро бештар ин чиз нигарон кардааст, вагарна мушкиле нест, ки кӣ ба ҳизб меояду кӣ аз ҳизб меравад.»

Намояндагони ҲНИТ дар Кӯлоб мегӯянд, дар ноҳияи Мӯъминобод ва Шӯрообод низ аъзоёни ҳизб зери фиршор қарор доранд ва бо хтимоли зиёд Гиёев низ зери фишори ҳукумати маҳаллӣ ин ҳарфҳоро ба забон овардааст.

Аммо Лола Ғуломова, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ мегӯяд, ҳукумати маҳаллӣ ҳеҷ мушкиле бо ҳизбҳои сиёсӣ надорад ва зарурати фишор овардан ба намояндагони онро зарур ҳам намедонад. Хонум Ғуломова мегӯяд, раиси ҳукумати Восеъ намояндаи Ҳизби аграрии кишвар буда, худи ӯ аз аъзоёни собиқадори ҳизби комунист аст, аммо дар вазифаҳои худ ба тамоми намояндагони аҳзоби сиёсӣ яксон муносибат мекунанд.

Хонум Ғуломова гуфт: «Ҳамчун муовини соҳавӣ барои ман ҳамаи ҳизбҳо, ки дар доираи қонун кор мекунанд, як аст. Ҳамаи ҳизбҳо бар асоси қонунгузории Тоҷикистон баробарҳуқуқанд, касе хоҳад ба ҳар ҳизб дохил мешавад. Масалан, ман аъзои ҳизби коммунистам. Баромадани як нафар аз ҳизб ба ҳукумат вобаста нест. Касе аз ҳизб хориҷ шуд, ба раиси ҳизб муроҷиат мекунад. Онҳо ҳам ба раисони худ муроҷиат кардаанд ва ин мушкилоти дохилии Ҳизби наҳзат аст ва ба мо дахл надорад.»

Ба дунболи Ҳаё Гиёев, онҳое, ки ҳамчун нозир ва аъзои қитъаи раъйдиҳӣ номашон дар рӯйхати ҲНИТ сабт аст, изҳор доштаанд, ки аслан дар интихобот ширкат надоштаанд ва чунин номзадеро ҳам намешиносанд. Ҳаё Гиёев аз сӯҳбат бо мо худдорӣ кард, аммо Баҳодур, як ҷавони маҳаллӣ, ки дар санадҳо исмаш ҳамчун нозир зикр шудааст, гуфт, воқеан, ӯ на танҳо ҳамчун нозир, балки ҳамчун як шаҳрванд дар интихоботи соли 2010 ширкат накардааст ва ҳоло ҳайрон аст, ки чи тавр исмаш дар санадҳои интихоботии ҲНИТ зикр шудааст.

Шикояти масъулини ҲНИТ дар Кӯлоб дар ҳолест, ки чанде пеш Асрор Булбулов, раиси ин ҳизб дар Хорӯғ ба шабакаҳои давлатӣ гуфт, ки Ҳизби наҳзат дар нишон додани шумораи аъзоёни худ ба тақаллуб роҳ медиҳад. Аммо масъулини ҲНИТ дар Кӯлоб мегӯянд, то кунун ба сафи ҳизби онҳо 3,5 ҳазор нафар бо ариза шомил шудаанд ва тақаллубе дар ин самт ҷой надорад.


НОҲИЯИ ШУҒНОН

Мирсаид Шораҳматуллоев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шуғнон телевизиони Бадахшонро муттаҳам кард, ки суханҳояшро таҳриф намуда, вайро ба бинандагон ҳамчун мухолифи ин ҳизб муаррифӣ кардааст. Соле пеш ӯро аз вазифаи омӯзгори мактаби деҳи Муни ноҳияи Шуғнон озод карданд. Аммо пас аз талошҳои зиёдаш мақомот ба ӯ шарт гузоштанд, ки дар ивази тарки ҲНИТ метавонад ба мактаб баргардад.

Мирсаид Шораҳматуллоев мегӯяд, бо назардошти вазъи иҷтимоии хонавода ва меҳраш ба касби омӯзгорӣ, вай розӣ шудааст, аз раҳбарии бахши ноҳиявии ҳизб даст кашад, аммо нагуфтааст, ҳизбро тамоман тарк мекунад. Ӯ умедвор буд, ки ҳамчун масуъли интихоботии ҲНИТ дар минтақа боқӣ мемонад.

Вале Телевизиони Бадахшон воқеаро тавре маънидод кардааст, ки гӯё Мирсаид Шораҳматуллоев аз ҲНИТ хориҷ шуд. Гузашта аз ин, ба сӯҳбатҳои ӯ гӯё хосияти зиддидинӣ дода шудааст: «Бале, ман бо кормандони телевизиони Бадахшон сӯҳбат доштам, дар атрофи мулоқоте, ки ба наздикӣ сарвари давлат бо уламои Тоҷикистон дошта буданд ва фикру ақидаҳои ҳудро сари ин масъала баён кардам ва аз ҷумла гуфтам, ки дар Тоҷикистон масъалаи дини мубини ислом низ чандон хуб тарҳрезӣ нашудааст. Ман воқеан ҳамчунин зикр кардам, ки дар ислом имрӯз муллоҳо ва намояндагоне ҳастанд, ки дини мубинро ба фоидаи худ истифода мебаранд, фурсатҷӯӣ мекунанд, ҳангоматалабӣ мекунанд ва аз ҳисоби дин рӯзгузаронӣ мекунанд. Ҳамчунин гуфтам, ки агар ҳукумат дар шахси раиси ноҳия ба ман имконият диҳанд, ки касбамро ҳамчун омӯзгор, ки сӣ соли умарамро сарфи он кардам ва аз он берун шудан намехоҳам, идома диҳам, дар ин сурат метавонам, масъулияти худро ба ҳайси раиси бахши ноҳиявии ҳизб қатъ намоям. Вале дар телевизион бародарон баъзе суханҳоямро бардоштанд, ки ин ғайриқонунӣ ва бидуни инсоф аст.»

Дар ҳамин ҳол масъулони телевизиони Бадахшон мегӯянд, ки мусоҳиба бо М. Шораҳматуллооев бо ташаббусти худи вай сурат гирифта, бидуни таҳриф пахш шудааст.

Мирсаид Шораҳматуллоев изҳороти ҳамтояш Асрор Булбуловро дар ҳаққи ҲНИТ ва роҳбарияти он бӯҳтон номида, гуфт, ки ҳеҷ як масъули ҳизбӣ ҳақ надорад аз номи мардум сухан кунад. Ба гуфтаи Шораҳматуллоев, ҳамтояш Булбулов зери фишор зидди ҲНИТ баромад, зеро қабл аз изҳорот ба наздаш омада, иқрор кардааст. Мирсаид Шораҳматуллоев гуфт, агар мақомоти ноҳия вайро ба кор барқарор кунанд ҳам, вай узви ҲНИТ боқӣ мемонад.

НОҲИЯИ ШӮРОБОД

Дилшод Ғаффоров, масъули хоҷагии деҳқонии «Мустафо»- и ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, ки субҳи ҷумъа 9-уми август кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, ӯро даъват ва ташвиқ кардаанд, ки дар ҷаласае аз узвияти худ дар ҲНИТ изҳори пушаймонӣ кунад. Вақте Ғаффоров гуфтааст, имкони молии чунин амалро надорад, барояш гуфтаанд, ки харҷи сару тан ва нақлиёти ӯро бар дӯш хоҳанд гирифт.

Дар сӯҳбати телефонӣ бо Радио Озодӣ Ғаффоров ҷузъиёти зиёдеро аз ин гуфтушунид баён намуд ва гуфт, бо вуҷуди норозигии ӯ барояш дастур дода шуд, ки омодаи чунин иқдом бошад ва телефони ҳамроҳашро доим рӯшан нигоҳ дорад.

Вале раиси ноҳияи Шӯробод Амирхон Икромов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷаласаи ноҳия аллакай баргузор шудааст ва дар рӯзҳои наздик ҳеҷ нишасти ноҳиявӣ дар нақша нест. Вай афзуд: «Дар ноҳияи панҷ ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд ва ҳеҷ маҳдудияту таъқиб вуҷуд надорад, ман ҳатман ин масъаларо меомӯзам, баъд натиҷаашро гап мезанам.»

Дилшод Ғаффоров, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли 2006, вақте ки сардори ҷамоати деҳаашон ӯро ба салафият айбдор кард, вай барои раҳоӣ «аз туҳмат» ба шуъбаи ҲНИТ дар ноҳия ариза дода узви ин ҳизб шудааст.
XS
SM
MD
LG