Пайвандҳои дастрасӣ

Исмоил Талбаков даргузашт. 2 ВИДЕО


Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков – раиси Ҳизби коммунист ва ду дафъа номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон – дар 61-солагӣ даргузашт. Сорбон, писари Исмоил Талбаков, 17 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки маросими видоъ бо падараш рӯзи шанбе дар масҷиди маҳаллаи Нурулло Ҳувайдуллоеви пойтахт, дар наздикии бинои Додситонии кулл, баргузор ва баъдан дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок супурда шуд. Ӯ афзуд, "падарам аз бемории хос ранҷ намекашиданд ва ба таври нобаҳангом дунёро падруд гуфтанд. Пас аз зӯҳри ҷумъа сарашон каме дард кард, аммо гуфтанд, ки чандон ҷиддӣ нест. Рӯзҳои охир дар бемористон ҳам бистарӣ нагардида буданд."

Раҳбарияти Ҳизби коммунист аъзоеро, ки робитаашон бо ҳизб канда ва ё ба муддати тӯлонӣ дар муҳоҷират қарор доранд, аз сафи ҳизб хориҷ кардааст.

​Исмоил Талбаков рӯзи 24 марти соли 1955 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1976 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Вай аз соли 1983 дар вазифаҳои ҳизбӣ фаъолият намуда, аз ҷумла солҳои 1990-93 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик ва солҳои 1993-2000 котиби якуми ҳизбии минтақаи Кӯлоб буд.

Видеои интихоби Талбаков ба раҳбарии Ҳизби коммунист:

Дар анҷумани Ҳизби коммунист чӣ гузашт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Талбаков моҳи июли имсол дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Вакилони анҷуман барои раҳбарии Ҳизби коммунист номзадии Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаковро пешниҳод карда, дар як овоздиҳии боз ба тарафдории Шабдолов 22 ва ба ҷонибдории Талбаков 35 раъй доданд.

Интиқод аз Шабдолов барои шикаст дар интихобот

Ба ҳамин минвол баъд аз 25-соли раҳбарӣ, Шодӣ Шабдолов аз раёсати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон барканор шуда ва Исмоил Талбаков ба ин симат интихоб шуд. Дар ҷараёни анҷуман ва қабл аз овоздиҳӣ, Исмоил Талбаков зимни суханрониаш иллати маҳрум мондани Ҳизби коммунист аз курсиҳои порлумон дар интихоботи моҳи марти соли 2015-ро ба камбуду заъфи раҳбарияти ҳизб марбут дониста гуфт, ҳамагӣ 2 дарсади интихобкунадагон ба тарафдорӣ аз Ҳизби комунист овоз доданд.

Исмоил Талбаков солҳои тӯлонӣ ба ҳайси муовини Шодӣ Шабдолов кор карда ҳамроҳи ӯ дар порлумон буд
Исмоил Талбаков солҳои тӯлонӣ ба ҳайси муовини Шодӣ Шабдолов кор карда ҳамроҳи ӯ дар порлумон буд

Ин суханони Исмоил Талбаков ба вокуниши тунди Шодӣ Шабдолов рӯ ба рӯ шуд, ки гуфт дар интихоботи порлумонии гузашта “тақаллуб” ва изофанависӣ сурат гирифта буд ва аз ин сабаб ҳизби онҳо натавонист вориди порлумон шавад.

Ду дафъа номзад ба мақоми президентӣ

Исмоил Талбаков то замони расидан ба мақоми раиси Ҳизби коммунист муовини аввали раиси ин ҳизб, се дафъа намояндаи Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – ва яке аз вакилони ошкоргӯ буд. Вай дар интихоботҳои президентии соли 2006 ва 2013 ба ҳайси рақиби раиси ҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок карда, вале дар ҳарду навбат шикаст хӯрдааст.

Талбаков яке аз вакилони ошкоргӯи порлумон гуфта мешуд:

Исмоил Талбаков дар бораи 5 соли фаъолияти порлумон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Вай дар интихоботи соли 2006 беш аз 5 дар сад ва дар интихоботи гузаштаи президентӣ ҳудуди 5 дар сад раъйи интихобкунандаҳоро ба даст оварда буд. Бо ин ҳол, Исмоил Талбаков яке аз рақибони нисбатан ҷасури Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот гуфта мешуд, ки ба кам кардани вазифаҳои раиси ҷумҳур даъват карда ва гуфт, дар сурати пирӯзӣ ибораи он замон маъруфи "Ҷаноби олӣ"-ро аз истифода хоҳад бардошт.

Кӣ раис хоҳад шуд?

Ҳоло бо даргузашти Исмоил Талбаков ин суол халқ шудааст, ки оё раёсати Ҳизби коммунист, ҳизби дар гузашта "оппозитсионӣ" ва солҳои охир "дар канори ҳукумат"-ро кӣ бар дӯш хоҳад гирифт? Дар ҳоле ки Шодӣ Шабдолов, раиси пешини ҳизб зоҳиран худро аз корҳои сиёсӣ канор гирифта, аз замони анҷуман ба ин тараф кампайдост.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз куҳантарин ҳизбҳои кишвар ҳисоб ёфта, соли 1918 дар Бухоро таъсис шудааст. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳизби коммунист ҳизби ҳоким ва яккатоз дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд.

Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон низ аввалин ҳизби расмии сабтиномшуда ҳизби коммунист буд. То аввалҳои соли 2015 шумораи аъзои ҲКТ 45 ҳазор нафар гуфта мешуд. Мақомоти ин ташкилоти сиёсӣ мегӯянд, дар зарфи якуним соли ахир аъзое, ки робитаашонро бо ҳизб канда ва ё ба муддати тӯлонӣ дар муҳоҷират қарор доранд, аз сафи ҳизб хориҷ шуда ва ҳоло шумораи аъзои Ҳизби коммунист 37 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG