Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: "Ё вакилӣ кунед, ё ба тиҷорат равед!" (12 АКС)


Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустини парлумони нав аз вакилон хост, поквиҷдон бошанд ва ҳангоми қабули қонунҳо баҳс кунанд, на ин ки "шахшуда" бимонанд.

Шукурҷон Зуҳурови 61-сола дар ҷаласаи нахустини ҳайати парлумони нави Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки бо ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, дигарбора раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Номзадии ӯ аз сӯи Абдуҳалим Ғаффоров, ки ҳамчун вакили кӯҳансолтарин ҷаласаро ифтитоҳ кард, пешбарӣ ва дар овоздиҳии пинҳонӣ тасдиқ гардид.

Инчунин, Абдуҷаббор Азизӣ, ки рӯзи 16 март аз вазифаи ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили сиёсати кадрҳо барканор шуд, муовини аввал ва Хайриннисо Юсуфӣ ва Акрамшо Фелалиев, мувинони Шукурҷон Зуҳуров интихоб гардидаанд. Ҳам Шукурҷон Зуҳуров ва ҳам муовинонаш вакилони ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ҳастанд.

Дилшод Исматуллоев, низ аз ҷумлаи чаҳор вакили Маҷлиси намояндагон аст, ки номзадии Шукурҷон Зуҳуровро ба мақоми раиси палатаи поёнии парлумон пешниҳод намудааст.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҷаноби Зуҳуровро ҳамчун шахси донишманду ботамкин, одил ва серталабу вафодор ба ватан тавсиф кард. Вай афзуд, "тӯли ду соли фаъолияти корӣ дар Маҷлиси намояндагон ба хулосае омадам, Шукурҷон Зуҳуров дар парлумон ҳамчун роҳбар фазоеро ба вуҷуд меорад, ки ҳеч кас дар канор ваё монда наметавонад."

Вакил Дилшод Исматуллоев дар ҳоле аз ҷаноби Зуҳуров ситоиш мекунад, ки солҳо боз аксари вакилони парлумони Тоҷикистон барои камфаъолиятӣ интиқод мешаванд ва дар интихоботи соли ҷорӣ касе аз мухолифону мунтақидони давлат ба парлумон роҳ наёфтааст. Шояд бо назардошти ин танқидҳо, Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон низ рӯзи 17 март аз вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагон хост, то парлумонро ба ҷойи "шахшуда" табдил надиҳанд. "Парлумон ҷои баҳс аст. Ё вакилӣ кунед, ё ба тиҷорат равед,"-таъкид дошт ӯ.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба шароит ва маоши хуби вакилон аз онҳо, поквиҷдонӣ ва қабули қонунҳои мутобиқ ба талаботи замон ва ҷомеаро тақозо намуд. Вай дар идома интихоботи 1 мартро низ шаффофу озод ва демократӣ тавсиф кард ва гуфт, "ин интихобот сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии моро нишон медиҳад, ки сол то сол боло меравад."

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Аммо Ойниҳол Бобоназарова -- сиёсатмадор ва ҳуқуқдони шинохта мегӯяд, дар ҳоле ки аз раис то вакилони парлумони нави Тоҷикистон, ҳамагӣ афроди "гапдаро" ҳастанд, "ҳеч дигаргуние ба амал нахоҳад омад". Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "агар пештар як-ду вакиле буданд, ки садои онҳо шунида мешуд ва баҳс мекарданд, акнун аз он ҳам мондем. Дубора раиси Маҷлиси намояндагон шудани Шукурҷон Зуҳуров "монополия"-и ҳизби ҳоким дар ниҳоди қонунгузор аст ва акнун лоиҳаи қарору қонунҳо бидуни баҳсу мунозира қабул хоҳад шуд".

Аммо муовини раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон аз интихоби дубораи Шукурҷон Зуҳуров ба мақоми раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони кишвар истиқбол кард. Исмоил Талбаков гуфт, Шукурҷон Зуҳуров дар мақоми раиси парлумон шахси арзанда буда, саҳми ӯ дар рушди парламентаризм дар Тоҷикистон низ хеле муҳим аст.

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков

Ҷаноби Талбаков афзуд, “бо Шукурҷон Зуҳуров тӯли панҷ сол дар парлумон кор кардаам ва ӯ метавонад вакилонро дар атрофи худ, ҳукумат ва президент ҷамъ кунад ва барои такмили қонунҳо ва рушди кишвар хизмат намояд."

Зимнан, ҳайати нави парлумони Тоҷикистон дар интихоботи рӯзи 1 марти соли ҷорӣ интихоб шуда, асосан аз ҳизби ҳоким ва намояндаҳои панҷ ҳизби дигаре иборатанд, ки аз ҳукумат тарафдорӣ мекунанд. Дар ҳоле ки аз ин пештар нозирони умур як сабаби хомӯшии парлумони Тоҷикистонро маҳз дар кам будани теъдоди намояндагон аз ҳизбҳои дигар, ба хусус аҳзоби мухолиф ба ҳукумат арзёбӣ мекарданд ва вакилонро бештар ба тамошобинони маҷлис монанд менамуданд.

Аммо Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, вакилоне, ки аз аҳзоби дигар ва ё аз роҳи худпешбарӣ вориди парлумон шуданд, бояд шароит онҳоро водор намояд, ки ҳадди ақалл ин нақши худро дар парлумон иҷро намоянд.

Ба таъкиди вай, ақаллан ин вакилон садоеро дар парлумон дошта бошанд, то ҳама чиз аз нигоҳи ҳизби ҳоким арзёбӣ нашавад: "Фикр мекунам, намояндагони ҳизби демократ, коммунист ва дигарон то

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

ҳадде барои ҷуброн кардани ин холигӣ талош хоҳанд кард. Ҳамчунин, ҳарфҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон барои фаъол шудани парлумон ҳадди аққал бояд ин натиҷаеро ба бор орад, ки мо дар моҳҳои наздик шоҳиди сурат гирифтани баҳсҳои воқеан ҷиддӣ дар парлумон барои ҳифзи манофеи миллии кишварамон, чи дар арсаҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ бошем."

Бо ин ҳама иҷлосияи нахустини ҳайати нави парлумон бо ташкили кумитаҳову кумисюнҳои парлумон ва интихоби раисони ин ниҳодҳо ба поён расид. Ба ин тартиб, Маҳмадалӣ Ватанов дигарбора раиси кумитаи умури қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб шуд ва раҳбарии кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ба дӯши Ҷӯрахон Маҷидзода вогузор гардид.

Шариф Раҳимзода, раиси кумитаи иқтисод ва молия, Рустам Латифзода, раиси кумитаи масъалаҳои аграрӣ ва экология, Олим Салимзода, раиси кумитаи умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб шуданд.

Ҳамчунин раисии кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавононро Лутфия Раҷабова, кумитаи масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатиро Ҳилолӣ Қурбонзода, кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро Абдураҳим Холиқзода ва кумитаи умури энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияро Садриддин Шарипов бар ӯҳда хоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG