Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмоил Талбаков раиси ҲКТ шуд (ВИДЕО)


Дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки рӯзи 2-юми июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, муовини раиси ин ҳизб Исмоил Талбаков раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Вакилони анҷуман барои раҳбарии Ҳизби коммунист номзадии Шодӣ Шабдолов роҳбари собиқадори он ва Исмоил Талбаковро пешниҳод карданд. Дар як овоздиҳии кушода 22 нафар вакилони ин ҳизб ба тарафдории Шодӣ Шабдолов ва ба ҷонибдории Исмоил Талбаков 35 тан аз вакилон раъй додаанд.

Ба ҳамин минвол баъд аз 25-соли раҳбарӣ, Шодӣ Шабдолов аз раҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон барканор шуда ва Исмоил Талбаков ба ин симмат интихоб шуд. Пас аз интихоб шудан ба ин симмат Исмоил Талбаков дар аввалин вокунишаш гуфт, раъйи вакилон ба тарафдорӣ аз ӯ, ин тарафдорӣ аз Шодӣ Шабдолов низ буд:

-Шабдолов устоди мо буд ва мемонад, дар кормамон аз таҷрибаи ӯ -истифода хоҳем кард.

-Ман устоди Шумо нестам, илтимос кори худатонро пеш баред, дигар чӣ даркоранд ин гапҳо!-, изҳор дошт Шабдолов, ки зоҳиран зиёд нороҳат шуда буд ва талаб кард, ки дигар ӯро муҳокима накунанд.

Дар анҷумани Ҳизби коммунист чӣ гузашт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

​Ихтилофи назар миёни Шабдолов ва Исмоил Талбаков ҳанӯз аз оғози анҷуман, ки аз соати 10-и рӯз то 6 и бегоҳ идома дошт, бармало шуд. Дар ҷараёни анҷуман ва қабл аз овоздиҳӣ, Исмоил Талбаков зимни суханрониаш иллати маҳрум мондани Ҳизби коммунист аз курсиҳои парлумонро ба камбудию заъфи мақомоти раҳбарии ҳизб марбут дониста гуфт, ки ҳамагӣ 2 дарсади интихобкунадагон ба тарафдорӣ аз Ҳизби комунист овоз доданд.

Ин суханони Исмоил Талбаков ба вокуниши тунди Шодӣ Шабдолов рӯ ба рӯ шуд, ки гуфт дар интихоботи парлумонии гузашта “тақаллуб” ва изофанависӣ сурат гирифта буд ва аз ин сабаб ҳизби онҳо натавонист вориди парлумон шавад: “Мана Исмоил худаш бигӯяд, ки ҳамон ду дарсад аз куҷо пайдо шуд... Худаш нағз медонад, ки ин туҳмат ва изофанависӣ аст. Дар ноҳияи Восеъ ва дигар ҷойҳо аз 60 то 70 дарсад мо овоз гирифтем. Лекин дидаву дониста толорро фиреб мекунад. Шумо талош доред ба Ҳукумат азиз шавед, лекин ҳеҷ вақт азиз намешавед.”

Дар ин анҷуман вакилони Ҳизби коммунист, ҳамчунин қарор қабул кардаанд, ки бойгонии ҳизб, ки ҳуҷҷатҳоро сар аз соли 1924 то замони пошхӯрии Иттиҳоди шӯравиро дар бар мегирад, ба ихтиёри Бойгонии давлатӣ супоранд.

Анҷумани кунунии Ҳизби комунисти Тоҷикистон аз аввал то ба охир бо ширкати Абудараҳмон Хонов, роҳбари дастгоҳи Ҳизби ҳокими халқӣ –демократӣ ва Маҳмадшариф Бобозода, масъули идораи ёрдамчии президент оид ба иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеа, баргузор шуд.

Раиси нави Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков 24 марти соли 1955 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст. Соли 1976 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1983 дар вазифаҳои ҳизбӣ фаъолият кардааст.

Солҳои 1990-93 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик, солҳои 1993-2000 котиби якуми ҳизбии минтақаи Кӯлоб буд. Аз соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон. Муовини раиси кумиссиюни иқтисодӣ-иҷтимоии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ. Соли 2006 аз ҷониби ҳизби коммунист ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуда буд. Оиладор ва соҳиби чаҳор фарзанд мебошад.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз куҳантарин ҳизбҳои кишвар ҳисоб ёфта ва соли 1918 дар Бухоро таъсис шудааст. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳизби коммунист ҳизби ҳоким ва яккатоз дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон низ аввалин ҳизби расмии сабтиномшуда ҳизби коммунист буд.

Аз соли 1991 то ба ҳол роҳбарии ин ҳизбро Шодӣ Шабдолов бар ӯҳда дошт. То аввалҳои соли 2015 шумораи аъзои ҲКТ 45 ҳазор нафар гуфта мешуд. Мақомоти ин ташкилоти сиёсӣ мегӯянд, ки дар зарфи яку ним соли ахир аъзое, ки робитаашонро бо ҳизб карда ё ба муддати тӯлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз сафҳои ҳизб ихроҷ шуда ва ҳоло шумораи аъзои ҲКТ 37 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG