Дар ин бора “Первий Отдел”, як созмони ҳоми ҳуқуқ, хабар дод.
Масъулони созмон гуфтанд, ки маълумотро аз ҳамсари Даря Трепова дастрас карданд.
Хонум Трепова дар моҳи январи соли 2024 ба гуноҳи терроризм ва сохтакории ҳуҷҷатҳо зиндонӣ шуд.
Вайро баъди он дастгир карданд, ки як туҳфаи додааш ба Владлен Татарский (Максим Фомин) таркид ва сабаби марги ин ҷонибдори таҷовузи Русия ба хоки Украина шуд.
Туҳфа дар як маърака дар шаҳри Санкт-Петербург дар моҳи апрели соли 2023 тақдим шуда буд.