Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси кор бо сагҳои наҷотдиҳанда барои полис ва наҷотбахшони тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ходимони полис ва наҷотбахшони тоҷикро шеваи кор бо сагҳоро ёд доданд.

Дафтари САҲА дар Душанбе гуфт, 20 корманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар шаҳри Бохтар дар як давраи серӯзаи омӯзишӣ кор бо сагҳои наҷотдиҳандаро омӯхтанд.

Ин давраи омӯзишӣ 24-уми май хотима ёфт. Дар ҷараёни он шеваҳои пешрафтаи ҷустуҷӯ ва наҷоти инсон бо кӯмаки сагҳо таълим дода шуд.

Қарор аст дар давоми соли ҷорӣ айни чунин давраи омӯзишӣ дар шаҳри Хоруғ ҳам ташкил шавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG