Як созмони байнулмилалӣ хостааст, ба зидди он мансабдорони тоҷик, ки дар шиканҷаи зиндониён даст доранд, таҳримҳои ҳадафманд, аз ҷумла Қонуни Магнитский ҷорӣ шавад. Қонуни Магнитский манъи раводид ва бастани дороиҳои гумонбарон ба фасоди молӣ ва омилони нақзи ҳуқуқи одамонро пешбинӣ мекунад.
Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee) рӯзи 29-уми июн дар изҳороте мақомоти Тоҷикистон ва бавижа масъулони зиндонҳоро ба шиканҷаи пайвастаи маҳбусони, ба гуфтааш, сиёсӣ танқид кард.
Ин созмон аз ҷумла гуфтааст, мақомот солҳои дароз Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро “мавриди шиканҷа ва рафтори бераҳмонаву таҳқиромез қарор дода, ӯро дар шароити вазнин дар зиндон нигоҳ медоранд.”
Маҳмадалӣ Ҳайит соли 2015 дастгир ва дар мурофиаи паси дарҳои баста ва бо иттиҳомҳои, ба гуфтаи пайвандону тарафдоронаш, “сохта” ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.
Наздиконаш дар ним сол танҳо як бор ҳақ доранд, ки бо ӯ мулоқот кунанд ва он ҳам телефонӣ ва аз паси шиша. Бори охир ҳамсару ду хоҳараш рӯзи 2-юми июни имсол бо ӯ гап задаанд.
Хоҳараш, Гулбибӣ Ҳайитова, рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бародари 68-солааш аз он шикоят кардааст, ки “ӯро луч дар болои барф нигоҳ дошта, бо калтак (дубинка) заданд ва баъди он об нигоҳ дошта, сипас ду ҳафта дар утоқи танбеҳ маҳкам карданд.”
Фирӯз, писари Маҳмадалӣ Ҳайит, низ ба Кумитаи Норвежии Ҳелсинки гуфтааст, падарашро тайи солҳои охир дар боздоштгоҳ борҳо бо мушту лагад ва калтак задаанд ва ӯ шунавоии як гӯшашро қариб аз даст додааст.
Мақомоти Тоҷикистон ба шикояти наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит посух надоданд, аммо Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хоҳари ӯ, Гулбибӣ Ҳайитоваро бо гуноҳи “майдаавбошӣ” 546 сомонӣ ҷарима кард.
Ба иттилои додгоҳ, гуё чанд корманди Идораи зиндонҳо шикоят кардаанд, ки Гулбибӣ Ҳайитова онҳоро дашном додааст. Дар ҳоле ки худаш мегӯяд, касеро дашном надод, балки аз масъулони Идораи зиндонҳо хост, бародарашро азоб надиҳанд.
Берит Линдеман, дабири кулли Кумитаи Норвежии Ҳелсинки, хабарҳоро дар бораи шиканҷа шудани Маҳмадалӣ Ҳайит “бисёр ташвишовар” хонд. Вай рӯзи 29-уми июн дар баёнияе гуфт, мақомоти Тоҷикистон бояд ҳама гуна шиканҷа ва бадрафториро нисбат ба Маҳмадалӣ Ҳайит ва дигар зиндониёни сиёсӣ бас ва онҳоро фавран озод кунанд.
“Ҳоло вақти он расидааст, ки шарикони демократии Тоҷикистон алайҳи мансабдорони масъули шиканҷа дар ин кишвар таҳримҳои ҳадафманде мисли Қонуни Магнитский ҷорӣ кунанд,” – гуфт Линдеман.
Кумитаи маҳви шиканҷа дар Созмони Милал моҳи майи имсол гуфт, ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон барои зӯриву шиканҷа ҷазои сахт таъйин шудааст, иҷрои он камтар ба назар мерасад ва теъдоди онҳое, ки барои шиканҷаи масалан зиндонӣ ё боздоштшудае ҷазо гирифтаанд, бисёр кам аст.
Ба иттилои худи ҳукумат, аз соли 2018 то соли 2025 танҳо сездаҳ нафар барои шиканҷа ҷазо гирифтаанд, вале аризаву шикоятҳои расмӣ аз азобу шиканҷа аз тарафи маъмурони интизомӣ аз 100 адад ҳам зиёдтар будааст.