Вазири кору муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, дар соли 2025-ум 36 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд.
Солеҳа Холмаҳмадзода рӯзи 3-юми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе сабаби ихроҷи аксари муҳоҷиронро ба поймоли қоидаи будубош дар Русия пайванд дод.
Ӯ афзуд: "Саривақт ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани патент пешниҳод намекунанд. Тартиби пешбинишударо риоя намекунанд."
Дар гузашта муҳоҷирони тоҷик борҳо аз амалиёти мақомоти Русия ва бедалел ронда шуданашон аз қаламрави ин кишвар шикоят кардаанд.
Дар ин миён сардори Хадамоти муҳоҷират, як идораи тобеи Вазорати меҳнати Тоҷикистон, пофишорӣ дорад, ки аксари онҳо аз фурудгоҳҳои Русия ва бо сабабҳои гуногун ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд. Ин афрод ба фарқ аз ихроҷшудаҳо метавонистаанд дубора билет гиранду “боз ба ягон шаҳри дигари Русия сафар кунанд”.
Ба иддаои ӯ, омори муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз Русия 11 ҳазор буда, боқимонда аз марзу фурудгоҳҳои Русия бозпас фиристода шудаанд.
Аз ин пеш мақомоти интизомии Русия гуфта буданд, ки “дар 11 моҳи соли 2025 аз қаламрави Русия 54.4 ҳазор хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро берун рондаанд.”
Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 9-уми октябри соли 2025 дар нишасти хабарии муштарак бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар зиндагӣ ва кор мекунанд. Ҳарчанд ин бор президенти Тоҷикистон ба ин омор эътироз накард, дар соли 2022 дар ҳузури Путин гуфта буд, ки Тоҷикистон ин қадар муҳоҷири корӣ надорад.
Дар Вазорати кору муҳоҷират рӯзи 3-юми феврал нагуфтанд, ки дар соли 2025 чӣ қадар корҷӯйи тоҷик ба Русия рафта ва ё аз ин кишвар баргаштаанд. Бонки миллии Тоҷикистон низ пулҳои фиристодаи муҳоҷирони кориро ошкор намекунад.