Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳисор Маҳмурод Одинаевро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд


Маҳмурод Одинаев
Маҳмурод Одинаев

Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Маъмурони милиса мегӯянд, ӯ панҷ рӯз пеш барои суолу ҷавоб дар бораи амалҳои писараш ба шуъба даъват шуда буд, аммо ҳозир нашуд.

Пайвандонаш мегӯянд, ӯ чаҳор рӯз боз бедарак аст ва дар бораи дар куҷо буданаш чизе намедонанд. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии тоҷик, созмони мустақар дар Лаҳистон (Полша), рӯзи 24-уми ноябр дар баёнияе иддао кард, ки "Одинаев рабуда шудааст ва дар як макони номаълум нигаҳдорӣ мешавад". Мақомот ба ин иддао вокуниш накардаанд.

Як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор, маҳалли зисти Маҳмурод Одинаев, 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ рӯз пеш ӯро ба шуъба даъват карда буданд, аммо наомад. "Чанд рӯз гузашт, аз худ дарак намедиҳад. Ӯро дар робита ба амалҳои фарзандаш пурсиданӣ буданд. Бинобар ин, ҳоло таҳти ҷустуҷӯ аст", -- афзуд мусоҳиби мо.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр хабар дод, ки ба зидди Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев бар асоси моддаи авбошӣ парванда кушодаанд. Ӯро дар занозанӣ дар як тарабхонаи Ҳисор муттаҳам медонанд. Ҳодиса моҳи октябри имсол рух дода буд.

Он замон Маҳмурод Одинаев гуфта буд, писараш ронандаи такси аст ва ӯро дар назди тарабхона дар Ҳисор задаанд ва бовар дорад, ҳадаф аз ин кор тарс додани ӯ ҳаст, то аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашад. Намояндагони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр, баръакс, ӯро ба "моҷароҷӯӣ" ва "пахши хабарҳои дурӯғ" муттаҳам кардаанд.

Наздикони Маҳмурод Одинаев мегӯянд, ҳоло як писари дигари ӯ бо номи Бобоҷон низ дар Шуъбаи корҳои дохилӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони Одинеав мегӯянд, дар бораи дар куҷо будани муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон онҳоро пурсуҷӯ кардаанд. Маҳмадраҷаб Одинаев, бародарзодаи Маҳмурод Одинаев, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи сешанбе аз ӯ ва бародараш Маҳмадюсуф дар идораи амнияти шаҳри Ҳисор пурсидаанд, ки ҷойи пинҳоншудаи амакашонро бигӯянд.

"Онҳо исрор доранд, ки Шумо медонед, вай дар куҷост, аммо пинҳон медоред. Мо намедонем, чӣ кор кунем. Тайи се рӯз аст, ки гурӯҳи милисаҳо меоянду ба зӯр моро ба пурсиш мебаранд", -- нақл кард Маҳмадраҷаб.

Як рӯз пеш Нусратуло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, хабари фишор ва бозпурсии наздикони Маҳмурод Одинаевро беасос хонд.

Ба қавли пайвандонаш чаҳор рӯз аст, ки Одинаев бедарак аст. Паёмгири ӯ дар Фейсбук рӯшан аст, вале ба навиштаҳо посух намедиҳад.

Маҳмурод Одинаев чанд рӯз пеш дар Фейсбук аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон хост, ки ба ҳамоиши эътирозӣ дар назди Қасри президент иҷозат бидиҳад. Расман ба изҳороти ӯ вокунише нашуд, аммо аз сӯйи, зоҳиран троллҳои ҷонибдори ҳукумат, ҳадафи ҳуҷуми лафзӣ қарор гирифт.

Масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз аз сарнавишти Маҳмурод Одинаев хабар надоранд ва ангезаи бозпурсии наздикони ӯ ҳам маълум нест. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, дар тамоси телефонӣ гуфт, талош дорад, маълум кунад, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст, аммо муваффақ нашуд ва маълумоти дақиқе дар ин замина низ дастрас накард.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли ахир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дорад. Вай сари чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ кори мақомоти интизомиро танқид мекунад.

XS
SM
MD
LG