Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси минтақавии филму филмсозӣ дар пойтахти Тоҷикистон


Саҳнае аз як филм дар бораи зани танҳо дар Тоҷикистон.
Саҳнае аз як филм дар бораи зани танҳо дар Тоҷикистон.

Дар шаҳри Душанбе коргардонҳо ва филмсозон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ омаданд ва аз мушкилоту дастовардҳояшон суҳбат карданд. Дар як мизи гирд дар охири ҳафтаи гузашта мутахассисон ва коргардонҳо аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон ширкат карданд.

Шарофат Арабова, мунаққиди тоҷик дар ин нишаст гуфт, мутахассисон ҳоло нигарони ояндаи синамову филмсозӣ ҳастанд. Ӯ, ки дар таҳияи чандин филм ширкат кардааст, гуфт: “Мушкилот аз таҳияи намоишномаи филм шурӯъ шуда, то пахши он дар кинотеатрҳо идома меёбад. Мушкили аслӣ дар он аст, ки мутахассисони ҳирфаӣ дар ин соҳа дар Тоҷикистон намондааст. Ҳоло ҳама дар фикри он ҳастанд, ки ояндаи ин санъат чӣ мешавад? Танҳо умедворӣ мондааст ва шояд барои ҳамин дар бештари филмҳо кӯдак ва сарнавишти хуби вай ба умед тасвир мешавад”.

Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди фурӯпошии шӯравии пешин дар кишварҳои ҳамсоя, назири Қирғизистон ва Узбекистон тавонистанд, дастовардҳои синамогарони худро ҳифз кунанд. Аммо ба далели ҷанги дохилии солҳои 90-ум, Тоҷикистон бисёр чиз аз ҷумла имконоти филмсозиро аз даст дод, вале солҳои ахир ба тадриҷ соҳа пешрафт мекунад: “Баъд аз тарки ватан кардани мутахассисон мо аз соли 2000 зина ба зина талош дорем, мавқеи қаблии синаморо барқарор созем. Қабули се барномаи рушд дар ин соҳа маҳз ҳамин ҳадафро дунбол мекунад. Нахуст, мо таҷҳизоти муосири филбардорӣ харидем. Мушкили хеле ҷиддӣ омода кардани кадрҳо мебошад.”

Сафари Ҳақдод афзуд, ки барқарор сохтани робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя низ дар рушди арса дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Элмира Хасанова, мутахассис аз Узбекистон иброз дошт, ки имсол дар кишвараш дар беш аз 100 студия 22 филми бадеӣ, 24 мустанад ва 12 филми тасвирӣ офаридаанд. Ба гуфтаи вай, буҷаи филми бадеӣ аз 200 то 500 ҳазор доллар ва филми тасвирии 10-дақиқагӣ то 50 ҳазор доллар аст. Дар Тоҷикистон чунин буҷаро барои филмҳо ихтисос намедиҳанд. Хонум Ҳасанова афзуд, ки ҳоло дар Узбекистон ба таҳияи филмҳои таърихӣ бештар таваҷҷуҳ мекунанд.

Абдухалил Мигнаров, коргардон ва намоишноманависи узбек, ки ахиран филми “Ал-Тирмизӣ”-ро офаридааст, мегӯяд, ки барои коргардонҳои узбек дар интихоби мавзӯи филмҳо мамониат вуҷуд надорад. Ҷаноби Мигнаров афзуд: “Талаби мақомот як аст, таҳияи филми хубу пурмазмун ва ин хеле хуб аст. Ҳарчанд ба таҳияи филмҳо дар бораи чеҳраҳои таърихӣ алоқаманд ҳастанд, аммо дар интихоби мавзӯъ маҳдудияте вуҷуд надорад”.

Абдухалил Мигнаров афзуд, ки мақомоти Узбекистон танҳо талаб доранд, ки филмсозӣ ба тиҷорат табдил дода нашавад. Ин дар ҳолест, ки дар Қирғизистон, кишвари дигари ҳамсояи Тоҷикистон танҳо 30 дарсади филмҳо бо сармоягузории давлат наворбардорӣ шуда, куллияи филмҳои боқимонда аз ҳисоби маблағҳои тоҷирон офарида мешудаанд. Дар Қазоқистон низ синамо асосан бо сармояи бахши хусусӣ рушд мекардааст.

Дар мизи гирд гуфтанд, ки аз байн рафтани кинотеатрҳо онҳоро нигарон кардааст. Ба гуфтаи синамогарони тоҷик, феълан дар Тоҷикистон танҳо се кинотеатр дар Душанбе боқӣ мондааст. Дар қаламрави вилояти Суғд, ки дар гузашта 900 толори синамо доштааст, аксарияти онҳо ба марказҳои фарҳангиву ҳунарӣ ва дигар муассиса табдил ёфтаанд ва дари қисмати дигаре баста аст.

XS
SM
MD
LG