Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи худсарона бардоштани филм дар Тоҷикистон


Лаҳзае аз филми "Марги бегуноҳ"

Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, аз ин ба баъд ҳеҷ кас дар кишвар ҳақ надорад, бе иҷозаи “Тоҷикфилм” ба филмбардорӣ машғул шавад. Ба гуфтаи онҳо, чунин дастур чанде пеш дода шуд ва ҳадафаш пешгирӣ аз вуруди филмҳои бемазмун ба бозор мебошад. Бархе аз синамогарон мегӯянд, ин дастур рушди филмсозиро дар Тоҷикистон бозмедорад.

Бо чӣ азоб барои таҳияи филм пул пайдо мекунем. Вақте назоратро шадидтар мекунанд, дигар аз куҷо метавонанд филм бигиранд? Раванд каланд гиранду муҳоҷир шаванд?
Илҳом Муродов

Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси идораи “Тоҷикфилм”, рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “солҳои охир баъзе аз студияҳои хусусӣ филмҳое гирифтанд, ки тамошои онҳо ба қавле айб аст.” Маҳз ба ҳамин сабаб “Тоҷикфилм” мехостааст, соҳаи филмбардорӣ дар кишварро ба тартиб биёрад.

Муовини раиси “Тоҷикфилм” афзуд, аз ин баъд ҳар нафаре, ки мехоҳад, филм бардорад, бояд қаблан сенарияро бо онҳо мувофиқа кунад ва номи коргардон ва дастгоҳҳои филмбардориро низ пешниҳод намояд. “Баъзе филмҳое ҳастанд, ки воқеан онро тамошо кардан айб аст. Бисёриашон дар доираи худам сенария менависам, филм мебардорам ва нақши асосиро низ бозӣ мекунам таҳия мешаванд. Баъзе овозхонҳо низ филмбадор шудаанд”, - гуфт Раҳматуллоев.

Толиб Раҳматуллоев
Толиб Раҳматуллоев

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ҳадафи “Тоҷикфилм” эҷоди монеа дар роҳи филмсозӣ дар Тоҷикистон нест. Ӯ гуфт, “баръакс, мувофиқа бо Шӯрои бадеӣ ва интихоби дастгоҳҳои хуби филмбардорӣ имкон медиҳад, филмҳои хуб пешкаши мухлисон шавад.” Айни замон ба гуфтаи муовини раиси “Тоҷикфилм”, дар сурати нақзи ин муқаррарот нисбати “филмбардорони саркаш” чора меандешанд.

“Ба ҷойи маҳдудият, ҷавононро дастгирӣ кунед”

Дастури “Тоҷикфилм” барои зери назорати ҷиддӣ гирифтани филмбардорӣ дар кишвар дар пайи интиқодҳои зиёд аз ин соҳа сурат мегирад. Мутахассисони кино мегӯянд, ба сатҳи “оғилу коҳдон” ва “хару хингил” пойин омадани филмофарӣ баёнгари мушкили ҷиддӣ дар соҳа аст.

  • “Масалан, дар як филме мебинед, ки “харро дар бозори мошин бурда мефурӯшанд” ва дар бисёре аз онҳо забони кӯчагӣ ба кор мебаранд. Достонҳои филмҳо низ пароканда ва ғайримантиқӣ ҳастанд ва онҳое, ки нақш меофаранд, аз санъати ҳунарпешагӣ бехабаранд”, - гуфт як мутахассиси кино.
Илҳом Муродов
Илҳом Муродов

Аммо бархе аз филмбардорони ҷавон мегӯянд, ҳаққи интихоби мавзуъ барои филм озод аст ва бинанда ҳам дар интихоб озод аст. Илҳом Муродов, овозхони тоҷик, ки дар чанд филм нақш офаридааст, гуфт, филмбардорони ҷавон дар шароити вазнин машғули коранд ва беҳтар аст, ба ин самти масъала таваҷҷуҳ шавад. Муродов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, худ медонад, ки филмҳои офаридааш ба талабот пурра ҷавобгӯ нест. Овозхони тоҷик гуфт, дар шароити камбуди шадиди пулӣ онҳо ҳамин қадар имкон доранд.

“Дар соҳаи филмсозӣ бо чунин шароит намешавад, назоратро шадид кард. Мо бо чӣ азоб барои филм маблағ пайдо мекунем. Чанд филмсоз аз наворбардорон қарздоранд. Бо ин аҳвол вақте назоратро шадидтар мекунанд, дигар аз куҷо метавонад филм бигирад? Раванд каланд гиранду муҳоҷир шаванд?” – суол гузошт ӯ.

“Маҳдудият дар эҷод паёмади манфӣ дорад”

Назарҳо ба тасмими идораи “Тоҷикфилм” дар бораи зери назорат гирифтани филмсозӣ дар миёни коршиносони гуногун аст. Агар бархе ин тасмимро роҳи дуруст барои пешгирӣ аз пешниҳоди филмҳои бемазмун донанд, гуруҳи дигар мегӯянд, ин кор ба зарари кинои тоҷик аст.

Назрӣ Асадзода, ходими Академияи илмҳои Тоҷикистон тасмими “Тоҷикфилм”-ро дуруст номид, вале айни замон гуфт, ки он роҳи ҳалли пурраи масъала нест. Асадзода афзуд, роҳи дурусти боло бурдани сатҳи кинои тоҷик таъсиси як ниҳоди таҳлил ва баррасиву пажӯҳиши соҳаи синамогарӣ аст. Ниҳоде, ки ба қавли Назрӣ Асадзода, бояд аз ҳисоби мутахассисони дорои тафаккури миллӣ ташкил шавад.

Аммо як мутахассиси дигари соҳаи кино мегӯяд, маҳдудият дар ҳама соҳаҳои эҷод паёмадҳои манфӣ дорад. Ҳамсуҳбати мо афзуд, тасмими идораи “Тоҷикфилм” дар пай хатари сензураро ба дунбол дорад.

Бархе аз мутахассисон гуфтанд, ки солҳои охир чанд филми диданӣ ҳам таҳия ва ба бозор бароварда шудааст. Онҳо аз "12 соли интизорӣ", "Паймон", "Сафари ҳавоӣ" ва "Тангно"-ву дигарон ном мебаранд
Бархе аз мутахассисон гуфтанд, ки солҳои охир чанд филми диданӣ ҳам таҳия ва ба бозор бароварда шудааст. Онҳо аз "12 соли интизорӣ", "Паймон", "Сафари ҳавоӣ" ва "Тангно"-ву дигарон ном мебаранд

Кинои тоҷик на танҳо аз сӯи мутахассисон, балки аз ҷониби раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо интиқод шудааст. Президенти Тоҷикистон моҳи марти соли гузашта дар мулоқот бо зиёиён санъати театру киноро башиддат танқид карда гуфт, театру киноҳои имрӯз ба завқи тамошобин мувофиқ нест.

Филмбардорӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ соли 1929 оғоз шуд. Дар замони Шӯравӣ “Тоҷиккино” бештар аз сад филми бадеӣ ва таърихӣ офаридааст. Филмҳое, ки ҷонибдоронаш “бахше аз таърихи миллат” ва мухолифонаш онҳоро “хилоф ба арзишҳои миллӣ” медонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG