Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикфилм" дар бораи "Роғун" филм меофарад


Толиб Раҳматуллоев.
Толиб Раҳматуллоев.

Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси "Тоҷикфилм" дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба манъи филмсозӣ бидуни иҷозаи “Тоҷикфилм”, тахриби синамохонаи “Ватан”, сохтмони кинотеатри ҷадид дар ҳудуди студияи филмсозии Тоҷикистон, таъсиси намояндагии “Тоҷикфилм” дар вилоятҳои кишвар суҳбат кард. Ӯ дар оғози сӯҳбат дар посух ба пурсиш дар бораи шароити феълӣ дар киностудияи "Тоҷикфилм" гуфт:

Толиб Раҳматуллоев: 29-уми декабри соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”-ро имзо кард. Ин қарор ба маънии дастгирии филмсозии миллӣ мебошад. Ҳадафи дигари ин қарор ба ҳам овардани ҳамаи сохторҳоест, ки дар Тоҷикистон машғули филмсозӣ мебошанд. “Тоҷикфилм”-и феълӣ дар заминаи киностудияи собиқи “Тоҷикфилм” ва корхонаи “Тоҷиккино” таъсис шуд. Яъне, ин ду корхонаи собиқ барҳам дода шуд ва ба ҷойи он як киностудияи “Тоҷикфилм” таъсис ёфт. Ин муассисаи нави эҷодӣ имкон медиҳад, ки тамоми ҳунармандони ин соҳа барои таҳияи филмҳои нави миллӣ талош кунанд.

Радиои Озодӣ: Фаъолияти "Тоҷикфилм"-ро чӣ гуна густариш медиҳед?

"Ҳоло дар Тоҷикистон 30 адад кинотеатр вуҷуд дорад, ки вазъи бештарашон хеле бад аст. На таҷҳизоти зарурӣ доранд ва на ҳатто курсиҳои нишасти тамошобин."

“Тоҷикфилм” домани фарох дорад, зеро тибқи ойинномаи он мо метавонем ҳам дар дохили кишвар фаъолият дошта бошем ва ҳамкориҳои хориҷиро роҳандозӣ кунем. Гузашта аз ин, “Тоҷикфилм” бори нахуст метавонад дар чаҳор минтақаи Тоҷикистон раёсатҳо ё намояндагии худро таъсис бидиҳад. Мо аллакай дар вилояти Бадахшону Хатлон ва шаҳри Душанбе раёсати худро таъсис додаем ва дар зудтарин фурсат чунин намояндагӣ дар вилояти Суғд низ фаъол карда мешавад.

Радиои Озодӣ: Оё имкон дорад, ки намояндагии “Тоҷикфилм” дар заминаи студияи филмсозии “Суғдсинамо” таъсис дода шавад?

Толиб Раҳматуллоев: Не. Ба хотири он, ки мо муассисаи давлатӣ ҳастем, вале “Суғдсинамо” як муассисаи тиҷоратӣ дар назди ҳукумати вилояти Суғд мебошад. Ин ширкат фаъолияти мустақилона дорад, вале бо иҷозати “Тоҷикфилм”. Яъне, “Суғдсинамо” матни филмномаро ба “Тоҷикфилм” пешниҳод мекунад ва Шӯрои бадеии мо онро баррасӣ карда, сипас барои филмбардорӣ иҷоза медиҳад. Мавзӯи пайдо кардани маблағ барои таҳияи филм пурра дар ихтиёри “Суғдсинамо” вогузор мешавад. Вале, баъд аз анҷоми таҳияи филм “Суғдсинамо” вазифадор аст онро нахуст ба мо нишон диҳад ва танҳо баъд аз дарёфти иҷозаи мо аз ҳаққи паҳн кардани он бархурдор мешаванд.

"Маҳдудсозие вуҷуд надорад"

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки талаботи гирифтани иҷозатнома барои таҳияи филм аз сӯи “Тоҷикфилм” як навъ маҳдудсозии фаъолияти эҷодкорон аст ва таҷрибаи замони шӯравии пешинро ба хотир меоварад?

Ҳолномаи Толиб Раҳматуллоев

Толиб Раҳматуллоеви 53-сола дар Душанбе таваллуд шуда, фориғулттаҳсили мактаби миёнаи рақами 11-и пойтахти Тоҷикистон мебошад. Толиб Раҳматуллоев аз соли 1992 дар сохтори Радиои Тоҷикистон ва сипас дар Шабакаи аввали телевизиони кишвар кор кардааст. Аз соли 2010 вай раҳбари Шӯрои бадеии киностудияи “Тоҷикфилм” ва ҳоло муовини мудири ин муассисаи эҷодӣ мебошад.

Толиб Раҳматуллоев: Ин фикри ғалат аст. Чунин талабот маҳдудсозии кори эҷодкорон нест. Ин танҳо пешгирӣ аз эҷоди пур аз дашному таҳқир ва фаҳшову ғалатҳо мебошад. То ҳол, мо зиёд мушоҳида мекунем, ки дар бозор филмҳое ба фурӯш гузошта мешаванд, ки пур аз таҳқири инсону маҳалгароӣ аст. Хатогиҳои зиёди забонӣ доранд. Талаботи гирифтани иҷозатнома танҳо ба ин манзур аст, ки аз чунин иштибоҳот сари вақт ҷилавгирӣ шавад. Дар гузашта, дар замони шӯравии собиқ ва ҳатто дар Тоҷикистони соҳибистиқлол муассисаи “Тоҷиккино” аз ҳаққи додани чунин иҷозатнома бархурдор буд. Баъд аз барҳам додани “Тоҷиккино” ин салоҳият ба “Тоҷикфилм” вогузор шудааст ва ин талабот ҳеҷ як навъи маҳдудсозии кори эҷодкорон нест.

Радиои Озодӣ: “Тоҷикфилм” худ машғули таҳияи филмҳо мебошад ва ҳамзамон ба дигарон барои чунин кор иҷозатнома медиҳад. Магар ин талабот хилофи рақобати солим нест?

Толиб Раҳматуллоев: Чунин муқаррарот дар қонунгузорӣ муайян карда шудааст ва мо вазифадорем онро иҷро кунем. Аз сӯи дигар, аъзои Шӯрои бадеии “Тоҷикфилм” аз ҷумлаи шахсони эътирофшуда ҳастанд ва фикр накунам, ки онҳо тавонанд дастгоҳи иҷроияи идеологияи ҳукуматӣ гарданд. Ҳадафи ҳамаи онҳо муаррифии Тоҷикистон тавассути таҳияи филмҳои пурарзиш мебошад.

Ниёзи бахши синамо ба сармоягузорӣ

Радиои Озодӣ: Филмсозӣ сармоягузории зиёдеро тақозо мекунад. Оё ҳукумати Тоҷикистон имкони ба таври кофӣ сармоягузорӣ кардани ин соҳаро дар ихтиёр дорад?

Филми тоҷикии "Бархӯрд"
Филми тоҷикии "Бархӯрд"

Толиб Раҳматуллоев: Бояд ёдовар шавам, ки соли 2017 ҳукумати кишвар ҳамчунин “Барномаи рушди кино дар солҳои 2018-2022” дар Тоҷикистонро тасвиб кард. Ин барнома ихтисоси 30 миллион сомониро дар назар гирифтааст, ки 15 миллиони онро аз будҷаи Тоҷикистон ҷудо карда мешавад. Ҳамасола дар ин муддат 3 миллион сомонӣ ба “Тоҷикфилм” барои таҳияи филмҳо, харидорӣ ва таҷдиди шароити техникии он ихтисос мешавад.

Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, ихтисоси ин маблағ барои таҳияи филмҳои арзанда андак нест? Шояд, барои таҳияи ҳар як филм дастикам се миллион сомонӣ бояд ихтисос шавад?

Толиб Раҳматуллоев: Бо дарназардошти шароити феълии иқтисодии кишвар бояд ба ихтисоси ҳатто ин маблағ қаноатманд бошем. Албатта, ин маблағи чандон зиёд ҳам нест, вале умедворем, ки бо беҳбуд ёфтани вазъи иқтисодӣ дар кишвар маблағҳо ба арсаи синамои тоҷик бештар ихтисос мешаванд.

"Тоҷикфилм" имсол 5 филм меофарад

Радиои Озодӣ: Пас, метавонед бигӯед, ки дар соли нахустини иҷрои ин барнома “Тоҷикфилм” таҳияи кадом филмҳоро дар назар гирифтааст?

Толиб Раҳматуллоев: Дар соли ҷорӣ мо мақсад гузоштаем, ки 5 филми пурраи бадеиро наворбардорӣ кунем. Филмномаҳо аллакай ба Шӯрои бадеӣ пешниҳод шуда, ба бархе аз муаллифони онҳо барои такмили ин филмномаҳо мӯҳлат дода шудааст. Ҳамчунин “Тоҷикфилм” ба таҳияи филмҳои анниматсионӣ дар шакли 3D шурӯъ кард. Ҳадаф дорем барои кӯдакони тоҷик филмҳои хуби тасвирӣ омода созем. Гузашта аз ин, мо студияи “Дебют” дорем, ки мехоҳанд дар соли ҷорӣ ду филми кӯтоҳи бадеиро рӯи навор оваранд. Ҳамчунин наворгирии чанд филми мустанадро ҳадафи худ қарор додаем. Яке аз ин филмҳои мустанад ба мавзӯи даҳсолагии амали об барои рушди устувор ихтисос меёбад. Филми дигари мустанад ба мавзӯи ҳамкориҳои дӯстона миёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра бахшида шудаанд. Коркарди намоишномаҳои ин филмҳо шурӯъ шудааст. Мутмаинам, имсол барои “Тоҷикфилм” соли бобароре хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Шумо метавонед дақиқан номгӯи филмҳои бадеиро бигӯед, ки дар соли ҷорӣ “Тоҷикфилм” онҳоро наворбардорӣ мекунад?

Толиб Раҳматуллоев: Бале, ҳадаф дорем филмеро бо номи “Нигоҳи ғизол”-ро наворбардорӣ кунем, ба мавзӯи муносибати инсон ва табиат бахшида мешавад. Филмномаро Носир Раҳмон таҳия кардааст. “Рақси зиндагӣ” филми дигарест, ки мо мехоҳем рӯи навор биоварем. Муаллифи ин филмнома Сафари Ҳақдод ва коргардонаш Муҳаббат Сатторӣ мебошанд. Филмномаҳои дигар барои таҷдиди назари матн баргардонида шудаанд. Ҳамчунин қасд дорем дар соли ҷорӣ як филми достоние дар бораи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро таҳия созем. Ин силсилафилм хоҳад буд.

Радиои Озодӣ: Ин филми бадеӣ хоҳад шуд?

Толиб Раҳматуллоев: Бале. Филмнома бар пояи куллияи асноди вуҷуддошта таҳия шуда, бо мушорикати худи коргарони нерӯгоҳи Роғун ва ҳунармандони ҳирфаӣ рӯи навор гирифта мешавад.

"Тоҷикфилм" дар бораи "Роғун" филм меофарад

Радиои Озодӣ: Соҳибназарон иддао мекунанд, ки таҳияи чунин филме дар бораи нерӯгоҳи Роғун ба гунаи таблиғоти замони шӯравии собиқ мешавад ва дар он танҳо васфи иқдомҳои ҳукуматӣ ҷой дода мешаванд. Оё чунин хатар воқеият дорад?

"Тоҷикфилм" қасд дорад дар бораи нерӯгоҳи "Роғун" филм биофарад.
"Тоҷикфилм" қасд дорад дар бораи нерӯгоҳи "Роғун" филм биофарад.

Толиб Раҳматуллоев: Леонид Маҳкамов, тсенаристи машҳури Тоҷикистон филмнависи ин силсила филм мебошад ва ҳанӯз таҳияи он идома дорад. Бад ин манзур Леонид Маҳкамов пайваста дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун қарор дорад ва бо коргарону мутахасссисон ва раҳбарияти сохтмон тамос дорад. Ин филм ҳаргиз таблиғи дастовардҳои мақомот нахоҳад шуд. Ин филми ҳунарӣ мешавад ва дар он тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ дар ин сохтмон инъикос мешавад.

Радиои Озодӣ: Соли гузашта дар Тоҷикистон чӣ миқдор филм наворбардорӣ шуда буд?

Толиб Раҳматуллоев: Соли 2017 танҳо “Тоҷикфилм” 6 филми ҳунарӣ ва 10 филми мустанадро наворбардорӣ кард. Азбаскӣ, то соли ҷорӣ “Тоҷиккино” муассисаи ҷудогона буд ва ҳол барҳам дода шудааст, ман омори таҳияи филмҳо дар қаламрави тамоми Тоҷикистонро дар даст надорам.

"Тоҷикфилм" ҳаққ дорад бо синамогарони хориҷӣ ҳамкорӣ кунад

Радиои Озодӣ: “Тоҷикфилм” намехоҳад барои таҳияи филмҳо маблағҳои сармоягузорони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб созад?

Толиб Раҳматуллоев: Тибқи ойинномаи худ “Тоҷикфилм” аз ҳаққи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни кишварҳои хориҷӣ бархурдор аст. “Тоҷикфилм” иҷрои чанд тарҳи муштарак, аз ҷумла, бо филмсозони Русияро рӯи даст гирифтааст. Аммо мавзӯи ҷалби самрмоягузорҳо, бавижа, сармоягузорони хориҷӣ фурсат мехоҳад, зеро, нахуст бояд эътимоди онҳоро ба даст овард. Ба ин хотир, мехоҳем дар соли ҷорӣ зарфияти фаннии “Тоҷикфилм”-ро тақвият бидиҳем ва аз ин роҳ таваҷҷӯҳи сармоягузорони хориҷиро ба худ бештар созем. Баъд аз пирӯзии филмҳои тавлиди “Тоҷикфилм” дар ҷашнвораҳои байналмиллалӣ умедворам таваҷҷӯҳи сармоягузорони хориҷӣ ба мо бештар мешавад.

"Мехоҳем синамохонаҳоро барқарор кунем"

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле, ки миқдори синамохонаҳо дар Тоҷикистон тақрибан ба ҳеҷ расидааст, “Тоҷикфилм” аз кадом роҳ мехоҳад маблағҳои сарфшуда барои таҳияи филмҳоро бозпас бигирад?

Толиб Раҳматуллоев: Ин як масъалаи сарбаста ва доғи “Тоҷикфилм” мебошад. Мо расман аз раҳбарони вилоятҳои Тоҷикистон дархост кардем, синамохонаҳоеро, ки дар солҳои бесарусомонӣ ғайриқонунӣ азхуд карда шудаанд, дубора ба ҳолати пешина баргардонанд. Яке аз ҳадафҳои асосии мо барқарор кардани ҳамаи кинотеатрҳои солҳои қаблӣ аст. Феълан дар шаҳри Душанбе танҳо 4 синамохона боқӣ мондааст. Вазъи ду кинотеатр хубтару дуи дигар сахт бад аст. Мо ба таъмири ин синамохона аллакай иқдом кардаем. Батакрор мегӯям, ҳадафи асосии мо барқарор кардани куллияи синамохонаҳо ва баргардонидани тамошобин ба ин кинотеатрҳо мебошад.

30 синамохона дар Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Феълан дар Тоҷикистон чӣ миқдор синамохона вуҷуд дорад?

Толиб Раҳматуллоев: Ҳоло дар Тоҷикистон 30 адад кинотеатр вуҷуд дорад, ки вазъи бештарашон хеле бад аст. На таҷҳизоти зарурӣ доранд ва на ҳатто курсиҳои нишасти тамошобин. Ин синамохонаҳоро бояд барқарор кард, зеро замона дигар шудааст ва талабот ба кинотеатрҳо дар ҷаҳон комилан дигар шудааст. Қасд дорем зимни барқарорсозии кинотеатрҳо таҷҳизоти муосир ворид созем, то тамошобинҳо тавонанд ба роҳатӣ филм тамошо кунанд. Бидуни барқарорсозии синамохонаҳо мо наметавонем маблағҳои сарфшударо бозпас бигирем. Мо ба ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина пешниҳодҳои худро ирсол мекунем ва фикр мекунам барои ҳалли ин мушкил фурсате зарур аст.

Радиои Озодӣ: Иттилое, ки дорам, дар замони шӯравии пешин танҳо дар вилояти Суғд ҳудуди 1200 кинотеатр вуҷуд дошт. Шумо метавонед бигӯед, ки дар ҳудуди тамоми Тоҷикистон чӣ миқдор синамохона вуҷуд доштанд?

Толиб Раҳматуллоев: Феълан дар Душанбе чаҳор синамохона боқӣ мондааст, ки инҳо кинотеатри “Ситора”, “Орленок”, “Ватан” ва “Зебуниссо” мебошанд.

"Мехоҳем синамохонаи нав бунёд кунем, вале..."

Радиои Озодӣ: Оё имкон дорад, ки бинои қадимаи синамохонаи “Ватан” дар атрофи биноҳои баландошёнаи ҷадид ҳифз карда шавад?

Толиб Раҳматуллоев: То ҳол ба мо дастуре дар бораи тахриби синамохонаи “Ватан” нарасидааст. Ба ин далел мо дар ин кинотеатр тармим анҷом дода, намоиши филмҳоро идома медиҳем. Албатта, то замоне, ки тасмими тахриби он гирифта нашавад. Мо дар нақша дорем, ки имсолу минбаъд дар Тоҷикистон ҷашнвораҳои филм баргузор кунем ва дар кинотеатри “Ватан”, ки дар маркази Душанбе воқеъ аст, низ намоиши филмҳои ин ҷашнвораҳо сурат мегирад.

Радиои Озодӣ: Оё дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони синамохонаҳои нав пешбинӣ нашудааст?

Толиб Раҳматуллоев: Агар имконият фароҳам шуд, мо мехоҳем дар ҳудуди худи киностудияи “Тоҷикфилм” як синамохонаи замонавӣ бунёд кунем. Ин кинотеатр метавонад маҳалли тамошои филмҳои сохти ватанӣ гардад. Албатта барои иҷрои ин тарҳ маблағ зарур аст ва умедворем, ин мушкил роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG