Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди 70-уми бадарғаи тоторҳои Қрим


Таҷаммӯъи тоторҳои Қрим дар Симферопол

Тоторҳои Қрим ба далели манъи мақомоти дастнишондаи Русия натавонистанд маросимҳои марбут солгарди 70-уми бадарға шуданашон аз ин сарзаминро ба гунае ки мехостанд, барпо кунанд.

18 май тоторҳои Қрим бо вуҷуди манъи раҳпаймоӣ барои гиромидошти хотираи қурбониёни бадарғаи соли 1944-и сталинӣ раҳпаймоӣ ва баъзе маросимҳои ёдбуд анҷом доданд. Рӯзи 16 май, дар остонаи 70-солагии бадарғаи тоторҳои Қрим мақомоти нави Қрим баргузории раҳпаймоӣ ва ё ҳар гуна ҳамоишро то 6 июн дар Сиферопол ва Севастопол мамнӯъ эълон карда буданд.

Пас аз он Маҷлиси тоторҳо рӯзи ҷумъа тасмим гирифт, ки тадбирҳои вобаста ба 70-умин солгарди бадарғаи тоторҳоро бекор кунад. Ин тадбирҳо барои рӯзҳои 17-18 май барномарезӣ шуда буд.
Солгарди 70-уми бадарғаи тоторҳои Қрим
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00
Линки мустақим


Рифъат Чубаров - раиси маҷлиси тоторҳо аз тасмими мақомоти Қрим изҳори норизоятӣ кард ва гуфт: “Ман тассавур карда наметавонам, ки ду рӯз пеш аз 18 май раҳпаймоиро мамнуъ эълон мекунанд. Шумо инро тасаввур мекунед? Дар 22 ноҳияи Қрим маконҳои муқаддасу лавҳаҳои ёдгорӣ ҳаст. Акнун дар рӯзҳои 17 ва 18 май тоторҳо ҳақ надоранд якҷоя ба ин маконҳои муқаддаси худ биёянд ва саҷда кунанд. Ман намедонам киҳо оқибатҳои ин корро нодида мегиранд. Ман намедонам, чӣ тавр одамонро аз зиёрати чунин ҷойҳо нигоҳ дорем.”

Бо вуҷуди тасмими Маҷлиси тоторҳо ва эълони мақомоти Қрим тоторҳо дар деҳоту шаҳракҳо ва шаҳрҳо рӯзи якшанбе зери назорати шадиди хадамоти вижаи амниятӣ маросимҳои худро баргузор карданд. Дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург низ ба нишонаи ҳамбастагӣ бо тоторҳои Қрим ҳамоишҳои иҷтимоӣ баргузор шуд.
18 май кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Симферопол, маркази Ҷумҳурии Қрим баста буданд. Дар хиёбонҳо гурӯҳҳои ОМОН-и Русия гашт мезаданд. Бар фарози маҳаллоте, ки дар Симферопол тоторҳо барои анҷоми маросим, аз ҷумла раҳпаймоӣ, гирдиҳам омаданд ва ҳам дар маҳаллоти зисти онҳо чархболҳо парвоз мекарданд.

Гарчӣ мақомот ҳар гуна ҳамоишро мамнӯъ эълон карданд, вале дар боғи “Салгирик”-и Симферопол ва хиёбони назди истгоҳи роҳи оҳани шаҳр маросимҳои ёдбуд баргузор шуд.

Рӯзи ҷумъа Сергей Аксёнов - раҳбари худхондаи “Ҷумҳурии Қрим” ба сабаби “нооромии вазъ дар шарқи Украина” фармонеро имзо кард, ки бар асоси он то 6 июн баргузории ҳамоишҳо дар ин нимҷазира манъ мешавад. Баъдтар вай иҷоза дод, ки 18 май маросими 70-солагии гиромидошти хотираи қурбониёнро дар қабристонҳои мусулмонҳо баргузор кунанд.

Зимнан додситонии кунунии Қрим ба Рифъат Чубаров - раиси Маҷлиси тоторҳои Қрим ҳушдор додааст, ки ба “фаъолиятҳои тундравона роҳ надиҳанд” ва таҳдид карда, ки дар сурати мушоҳида шудани чунин фаъолиятҳо Маҷлиси тоторҳоро ғайриқонунӣ эълон мекунад.
Мустафо Ҷамилев дар солгарди бадарғаи тоторҳо дар Киев
Мустафо Ҷамилев дар солгарди бадарғаи тоторҳо дар Киев
Мустафо Ҷамилев - раҳбари тоторҳои Қрим низ гуфт, ки созмони онҳо наметавонад амнияти мардумро замонат диҳад. Вай гуфт, бадарға ё ихроҷи тоторҳо санаи муҳиме барои онҳост ва онро дар саросари ҷаҳон дар ҳар ҷое, ки тоторҳои Қрим ба сар мебаранд, баргузор мекунанд. Ба гуфтаи вай, 98-99 дарсади тоторҳо ишғоли Қримро қабул надоранд ва орзуяшон ин аст, ки мақмоти Русия хоки онҳоро тарк кунанд. Вале Русия ба таври иҷборӣ мехоҳад ба онҳо шаҳрвандии худро диҳад. Тоторҳо намехоҳанд шиносномаи Русияро бигиранд ва он бад-он маъност, ки онҳо русҳоро чун ишғолгар дар хоки худ қабул надоранд ва онҳоро чун хориҷӣ мешиносанд.

11 маи соли 1944 Кумитаи мудофиаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ихроҷи тоторҳо аз Қрим тасмими худро содир кард ва 18 май бештар аз 30 ҳазор сарбози НКВД ё Кумиссариати мардумии корҳои дохилӣ вориди хонаҳои тоторҳо шуданд ва ба онҳо аз чанд дақиқа то ним соат вақт доданд. Дар зарфи се рӯзи оянда, яъне то шоми 20 май 183 ҳазор тотор аз Қрим бароварда ба вагонҳо шинонда шуданд ва асосан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба Сибир бадарға карда шуданд.

Ба таври расмӣ сабаби бадарға ҳамкории тоторҳо бо олмониҳо ва руминҳои ишғолгар дар солҳои ҷанг эълон шуд, бо вуҷуди он ки худи тоторҳои Қрим низ зери зарбаи ишғолгарон қарор гирифта буданд ва ҳазорон нафар аз онҳо дар сафҳои Артиши Шӯравӣ алайҳи Олмони фашистӣ меҷангиданд.

Бино ба арзёбиҳои худи тоторҳо, бештар аз 40 дарсади бадарғашудаҳо аз гуруснагиву беморӣ дар роҳ ҷон додаанд. Дар муқоиса бо мардумони дигар, ки аз маҳаллоти зисти доимии худ ихроҷ шуда буданд ва дар солҳои 1950-ум ба сарзаминҳои худ бозгаштанд, тоторҳои Қрим ҳақ надоштанд дигар ба ватани бобоии худ баргарданд ва ин раванд то соли 1989 давом кард.

Владимир Путин бо намояндагони тоторҳои Қрим
Владимир Путин бо намояндагони тоторҳои Қрим
Тоторҳои Қрим дар раъйпурсии моҳи март аз пайвастани ин нимҷазира ба Русия ҳимоят накарданд ва ҳоло дар рӯбарӯи чолиши наве қарор гирифтаанд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар арафаи солгарди 70-уми бадарғаи тоторҳои Қрим бо чанде аз намояндагони онҳо мулоқот дошт ва онҳоро ташвиқ ҳам кард, ки ба ояндаи миллати худ дар ҳайати Русия ҳисоб кунанд, на рӯи кадом кишвари дигаре.

Аммо аз Қрим ронда шудани раҳбари тоторҳо Мустафо Ҷамилев баъди тасарруфи ин вилоят аз сӯи Русия ва инак манъ шудани маъракаҳои марбуто ба солгарди 70-уми бадарғаи ин мардуми бумии Қрим бисёре аз ин мардуми чандин бор дар таърихаш задашударо ба самимияти ваъдаи “кӯҳҳои тилоӣ”-и Путин ва давлати ӯ машкук кардааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG