Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи тоҷикони муттаҳам ба бомбгузории Маскав шурӯъ хоҳад шуд


Давлатёр Хоҷаев

Тафтиши парвандаи се тоҷики муттаҳам ба бомбгузорӣ дар шаҳри Маскав ба марҳилаи ниҳоӣ расид.

Ба иттилои наздикони онҳо, дар назар аст то охири моҳи декабр мурофиаи додгоҳиашон дар шаҳри Маскав шуруъ шавад.

Дархости бозпурсии Даврон Пиров ба хотири писар”

Даврон Пиров, падари Сиёвуш Давронзода рӯзи 11 декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи иттилое, ки онҳо дастрас карданд, эҳтимол то охири моҳи декабр мурофиаи додгоҳии фарзанди ӯ ва ду ҳамроҳаш оғоз шавад.

Моҳи апрел низ мақомоти Русия Содиқ Ортиқов (Кимсанбек Қодиров), шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд ва гуфтанд, ки ӯ ба омилони таркиши 4-уми апрел дар метрои Санкт-Петербург иртибот дорад.

Даврон Пиров афзуд, аз вазъи саломатӣ ва нигоҳдошти писараш иттилои дақиқ надорад, чун худаш аз Русия ихроҷ шуда, имкони вохӯрдан ба писарашро аз даст додааст.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, бо дархости мақомоти интизомии Русия аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон як маротиба бозпурсӣ шудааст. Даврон Пиров баъди боздошти писараш дар моҳи сентябр ба Тоҷикистон ихроҷ ё “депорт” карда шуд.

“Нигаронӣ аз тақдири се тоҷики боздошшуда”

Наздикони Сиёвуш Давронзода, Давлатёр Ҳоҷиев ва Сулаймон Бурҳонов, се тоҷики муттаҳам дар бомбгузорӣ дар Маскав мегӯянд, аз тақдири пайвандонашон нигаронанд. Ин се нафар рӯзи 14-уми август аз сӯи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ боздошт шуданд. Мақомоти амниятии Русия ин шаҳрвандони Тоҷикистонро “ҷангҷӯёни ДИИШ” номида, онҳоро дар омодагӣ ба амалиёти террористӣ муттаҳам мекунанд. Вале худи онҳову наздиконашон ба бегуноҳии онҳо пойфишорӣ мекунанд.

Сиёвуш Давронзода
Сиёвуш Давронзода

Аз боздошти ин се шаҳрванди Тоҷикистон ҳамакнун чор моҳ сипарӣ мешавад, вале пайвандонашон мегӯянд, боре бо онҳо дар боздоштгоҳ мулоқот накардаанд ва намедонанд, ки вазъи саломатии онҳо чӣ гуна аст.

Додгоҳи Лефортово рӯзи 14-уми августи имсол ҳукм кард, ки се шаҳрванди Тоҷикистон – Сиёвуш Давронзода, Давлатёр Ҳоҷиев ва Сулаймон Бурҳонов бояд то 11-уми октябр дар боздоштгоҳи муваққаттӣ нигоҳдорӣ шаванд.

Аммо наздикони ин се нафар мегӯянд, онҳо бо ҳам ҳеҷ пайванде надоштанд ва маълум нест, ки мақомоти Русия чӣ тавр онҳоро дар як макон боздошт карданд. Хонаводаҳои ин се нафар мегӯянд, аз иттиҳоми терроризм, ки хадамоти амнияти Русия алайҳи боздоштшудаҳо эълон кардааст, дар ҳайрат монданд шудаанд ва бовар надоранд, ки иттиҳоми терроризм воқеият дошта бошад.

“Фармонро Абу Усомаи Норакӣ додааст?”

Мақомоти интизомии Русия Тоҷиддини Назаров, як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро, ки дар сафи гурӯҳи мамнӯи ба ном “Давлати исломӣ” эҳтимолан бо лақаби Абу Усомаи Норакӣ фаъолият мекунад, масъули омода кардани се нафар барои анҷоми амалҳои интиҳорӣ дар Маскав номидаанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия ин се шаҳрванди Тоҷикистон гӯё бо амри ин таблиғгари ДИИШ амал мекарданд ва ҳадафашон анҷоми ҳамлаҳои маргталабона дар пойтахти Русия будааст. Матбуоти Русия аз қавли ФСБ - Хадамоти федеролии амният рӯзи 16 август навишт, ки се шаҳрванди Тоҷикистон бо фармони Т.М.Назаров мехостанд дар маконҳои серодами Маскав таркишҳои террористӣ анҷом диҳанд.

Содиқ Ортиқов
Содиқ Ортиқов

Телевизиони Русия навореро намоиш дод, ки дар он саҳнаи боздошти ин се нафар сабт шуда буд. Мақомот ҳамчунин тағораеро нишон доданд, ки гӯё ин се нафар дар он маводи мунфаҷира месохтанд.

Дар як соли охир ин мавриди дуюм аст, ки мақомоти рус шаҳрвандони Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан ба терроризм боздошт мекунанд. Моҳи апрел низ мақомоти Русия Содиқ Ортиқов (Кимсанбек Қодиров), шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд ва гуфтанд, ки ӯ ба омилони таркиши 4-уми апрел дар метрои Санкт-Петербург иртибот дорад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG