Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои осиёии наврасон: Тоҷикистон бо ду медал дар ҷойи 22-юм


Бозиҳои дувуми осиёии наврасон бо ширкати варзишгарони 45 кишвар дар шаҳри Нанҷинги Чин ҷараён доранд.

Ба барномаи Бозиҳо 17 риштаи варзиш дохил аст. Баъди ҷамъбасти 6 рӯзи мусобиқот намояндагони 27 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд.

Варзишгарони 18 кишвар медалҳои тиллои Бозиҳоро ба даст овардаанд: Чин (36 тилло), Кореяи Ҷанубӣ (13), Тайланд ва Ҷопон ҳар кадом 5-тоӣ, Тайван ва Кореяи Шимолӣ – ҳар кадом 4-тоӣ, Сингапур (3), Вйетнам, Ҳонконг, Малайзия ва IOA (Independent Olimpic Athletes ё варзишгарони мустақили олимпӣ) – ҳар кадом 2-тоӣ, Узбакистон, Индонезия, Филиппин, Қазоқистон, Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Сурия - ҳар кадом 1-тоӣ.

Дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо (аввалан тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Чин бо касби 77 медал (36 тилло, 20 нуқра ва 21 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Кореяи Ҷанубӣ бо 13 медали тилло, 9 нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор дорад. Тайланд бо 5 медали тилло, 11 нуқра ва 11 биринҷӣ дар ҷойи севум мебошад.

Миёни 10 кишвари пешсаф, ки дар 6 рӯзи мусобиқот бо медалҳо мукофотонида шудаанд, ҳамчунин, Ҷопон (5+3+3), Тайван (4+7+11), Кореяи Шимолӣ (4+1+2), Сингапур (3+8+5), Вйетнам (2+4+1), Ҳонконг (2+3+10) ва Малайзия (2+3+4) ҷой гирифтаанд.

Варзишгарони Ҳиндустон, ки таҳти парчами Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, бо 2 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ дар мақоми 11-ум мебошанд. Ёдовар мешавем, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҳиндустонро ба иллати дахолати ҳукумати ин кишвар ба кори созмони ҷамъиятӣ муваққатан боздоштааст.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои медалдор бо як нишони нуқра ва як биринҷӣ ба мисли Ироқ дар зинаи 22-юм қарор дорад. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо бошад, Тоҷикистон 19-ум аст. Чин бо 77 медал дар ҷойи аввал, Кореяи Ҷанубӣ бо 31 медал дар ҷойи дувум ва Тайланд бо 27 медал дар ҷойи севуманд.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон мунтахаби Чин бо теъдоди аз ҳама бештари варзишгарон – 252 нафар дар ҳамаи 17 намуд ширкат меварзад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Қазоқистон 130 варзишгар, Эрон 79, Узбакистон 61, Туркманистон 17 , Қирғизистон 14, Тоҷикистон 9 ва Афғонистон 8 варзишгар шомиланд. Узбакистон бо 6 медал (1+2+3) дар ҷойи 12-ум, Қазоқистон бо 8 медал (1+1+6) дар ҷойи 15-ум, Эрон бо 3 медал (0+2+1) дар ҷойи 19-ум, Қирғизистон бо 1 медали биринҷӣ дар ҷойи 25-ум мебошанд. Вале варзишгарони Афғонистону Туркманистон то ҳоло медал ба даст наовардаанд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин медалро ба Тоҷикистон Фаррухи Салим, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар риштаи дзюдо овард. Вай дар вазни то 81 килограмм аз 5 қувваозмоӣ дар чаҳортоаш пирӯз шуд ва барои ҷои севум бар паҳлавони Қазоқистон Ерасул Болат ғалабаи соф («иппон») ба даст овард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Инчунин дар вазни то 81 кг барои медали дигари биринҷӣ гуштигири Эрон Имон Некиқбол бар Ҳтоне Лаин аз Мянмар ғолиб омад. Барои унвони қаҳрамонӣ паҳлавони куриёӣ Ҷесанг Ан бар гуштигири Узбакистон Мӯҳриддин Мирзоёров ғалаба кард.

Медали дувуми Тоҷикистон ба Зоир Шералиев мутааллиқ аст. Вай дар сабқати гурзандозӣ, ки бидуни даври интихобӣ сурат гирифт, ширкат варзид. Зеро ки теъдоди ширкаткунандагони рақобатҳо ҳамагӣ 7 нафар буд: дунафарӣ аз Чин, Кувайт ва Ироқ ва як нафар аз Тоҷикистон. Ҳар як варзишгар гурзро 6 маротиба ҳаво дод ва натиҷаи беҳтаринаш ба ҳисоб гирифта шуд.

Варзишгари Чин Юанбо Динг дар партофти 6-ум бо натиҷаи 73 метру 73 сантиметр ба унвони қаҳрамони Бозиҳо даст ёфта, соҳиби медали тилло гардид. Зоир Шералиев бошад, дар навбати 5-ум натиҷаи беҳтаринашро нишон дод. Вай гурзро ба масофаи 62 метру 44 сантиметр партофта, мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Ҳусейн Ал-Байатӣ аз Ироқ бо натиҷаи 62 метру 11 сантиметр севум шуд ва медали биринҷӣ гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар Нанҷинги Чин 9 варзишгар (5 писар ва 4 духтар) дар 4 ришта – вазнабардорӣ (1 писар), варзиши сабук (1 писару 1 духтар), дзюдо (3 писару 2 духтар) ва шиноварӣ (1 духтар), инчунин, чаҳор мураббӣ - Носир Бозоров (дзюдо), Бобохон Сангов (вазнабардорӣ), Ҷамшед Расулов (варзиши сабук) ва Катерина Измайлова (шиноварӣ) шомиланд.

Дар ин Бозиҳо, инчунин, аз Тоҷикистон боз ду нафар – Шариф Давлатов, раиси Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон, ба ҳайси довари мусобиқаи вазнабардорӣ ва Давлатманд Исломов, корманди Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайси комиссари бозиҳои мусобиқаи футбол ширкат доранд.

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Карина Климук субҳи панҷшанбеи 22-юми август дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо тарзи озод миёни духтарон рақобат кард. Вай дар даври интихобӣ бо натиҷаи 1 дақиқаву 12,89 сония дар байни 29 нафар мақоми 26-умро касб намуд ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт. Натиҷаи нишондодаи Карина нисбат ба ғолиби сабқати интихобӣ Мисо Ко аз Кореяи Ҷанубӣ 13.79 сония дертар ва аз ду шиновари Покистону як варзишгари Молдив болотар аст.

Варзишгари дигари тоҷик Меҳрангез Назарова, ки шоми 21-уми август дар мусобиқаи варзиши сабук дар давидан ба масофаи 800 метр миёни духтарон бо натиҷаи 2 дақиқаву 19.39 сония дар байни 18 нафар дар мақоми 7-ум қарор гирифт, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Сабқати ниҳоӣ шоми имрӯз, 22-юми август, баргузор мешавад. Дарвоқеъ, ин охирин мусобиқа барои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон маҳсуб мешавад.

Ба ин тартиб, то ҳоло 9 варзишгари тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карда, ду медал – як нуқра (Зоир Шералиев дар гурзандозӣ) ва як биринҷӣ (Фаррухи Салим дар гуштии дзюдо) ба даст оварданд. Вале чаҳор нафарашон дар риштаи дзюдо - Раҳматуллобек Фарҳодов (то 55 кг), Шукрона Қарчиева (то 44 кг), Расул Саидов (то 66 кг) ва Баҳригул Бобиева (то 52 кг), як нафар дар мусобиқаи вазнабардорӣ - Суннатулло Оев дар вазни то 56 кг, як нафар дар варзиши сабук - Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 1500 метр миёни духтарон ва як нафар дар мусобиқаи шиноварӣ миёни духтарон - Карина Климук дар се навъи шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули Breaststroke ва тарзи озод, инчунин, ба масофаи 100 метр бо тарзи озод аз медалҳои Бозиҳо бенасиб монданд.

Маросими пӯшидашавии Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар шаҳри Нанҷинги Чин шоми шанбеи 24-уми август доир хоҳад шуд.

Нарзуллоҳи Латиф,
Радиои Озодӣ, Нанҷинги Чин.
XS
SM
MD
LG