Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саррофон куҷо рафтанд? Аз бозори қонунӣ - ба "бозори сиёҳ"


Навбат барои хариди доллар дар Хуҷанд. Акс аз 8 январ
Навбат барои хариди доллар дар Хуҷанд. Акс аз 8 январ

Иқтисоддонҳо мегӯянд, аз бозори асъор берун кардани саррофон садҳо хонаводаро аз манбаи даромад маҳрум карда, монеи ташаккули синфи миёна дар Тоҷикистон мешавад.

Орзу номи шартии саррофест, ки тақрибан 5 сол боз дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ ба мубодилаи асъори хориҷӣ машғул буд. Орзу дар ин муддат ду писарашро хонадор кард, ҳавлӣ харид ва писари сеюмашро барои таҳсил ба як донишгоҳи Русия фиристод. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2015, ки фаъолияти саррофиҳои хусусиро манъ ва ҳаққи мубодилаи асъорро пурра ба бонкҳо супурд, Орзуро аз ҷои кор маҳрум кард. Ӯ мегӯяд, баъди чанд дафъа ҷарима шудану мусодираи пули нақдашон, тақрибан 40 дарсади ҳампешаҳои ӯ тарки саррофӣ карданд. Худи ӯ мегӯяд, ҳанӯз пинҳон-пинҳон кор мекунад, чунки: “7 фарзандро бояд хӯронаму пӯшонам, пули идомаи таҳсили писарамро ёбам. Бо гурез-гурез кор мекунем. Ягон муштарӣ пайдо шавад, ягон гӯшаи хилват мебарем, ки касе набинад ва пулашро иваз мекунем.”

Беназмиҳо дар бозори асъор аз сӯи дигар мардуми корафтодаро дар роҳи табдили пуле, ки асосан муҳоҷирони корӣ аз Русия мефиристанд, хеле саргардон кардааст.

Мурод, як сокини ноҳияи Ҳисор, ки тоза аз муҳоҷирати корӣ дар Русия баргаштааст, аҳволи мавҷуда дар бозори мубодилаи асъоррро аз паҳлуи дигараш қисса мекунад: “Агар сарроф туро нашиносад, аслан пулатро иваз намекунад. Агар боварӣ кунад ҳам, меравед дар ягон мошин мешинед, ё даруни ягон мағоза медароед ва муштарӣ пули хориҷиашро дар даруни пули сомонӣ андохта дароз мекунад ва сарроф бо чашмони ҳаросон ба чор тараф нигоҳ карда, пулатро иваз мекунад. Як ҳоли зор! Дирӯз Душанбе рафтам, маро бегона дида, ягон сарроф пуламро иваз накард. Аз ин ба баъд бояд пуламро ҳаминҷо иваз карда, шаҳр равам.”

Тоҷикистон бо сиёсати хеле либералиаш дар бозори асъор дар минтақа фарқ мекард ва як мояи ситоиши сайёҳону меҳмонони хориҷӣ аз ин кишвар ҳамин имкони мубодилаи озодонаи асъор ва вуҷуди саррофиҳо дар сари ҳар қадам буд. Чӣ дар Душанбе ва чӣ дар музофоти ин кишвар.

Аммо дар тӯли соли 2015 фишори мақомот ба фаъолияти саррофон боло рафт ва дар пайи як силсила чораҳои муҷозотӣ, чун шадидтар кардани ҷаримаҳо барои мубодилаи ғайриқонунии асъор ва анҷоми муомилот бо асъори хориҷӣ, Бонки миллӣ рӯзи 1 декабр билохила фаъолияти саррофиҳои хусусиро пурра манъ кард ва ҳаққи мубодилаи асъори хориҷиро пурра ба бонкҳо супурд.

Ин қарор аз идомаи коҳиши қурби сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон – пешгирӣ накард, вале боиси ба вуҷуд омадани “бозори сиёҳ”-и мубодилаи асъор шуд. Як қисми саррофоне, ки аз ҳаққи қонунии фаъолият маҳрум шуданд, ҳамчунон машғули мубодилаи асъор ҳастанд, вале бо риски ҳамешагии боздошту муҷозот.

Паёмади дигари ин тасмим башиддат зиёд шудани фарқи байни хариду фурӯш шуд. Орзу, саррофи қаҳрамони гузориши мо мегӯяд: “Мо болои 100 доллар 1 ё 2 сомонӣ гузошта мефурӯхтем. Имрӯз ҳам, ки бо тарсу ларз кор мекунам, 100 долларро 870 сомонӣ мехарем ва болояш ҳамагӣ 5 сомонӣ гузошта, 875 мефурӯшем. Дар бонкҳо фарқи байни харидуфурӯши 100 доллар 100-120 сомонист. Боз мегӯянд, ки доллар надорем.”

Амриддин, як соҳибкори тоҷик, ки аз хориҷ мол ворид мекунад, мегӯяд, харидани доллар ҳам мисли фурӯшаш як амри мушкил шудааст: “Саррофон ба бегонаҳо доллар намефурӯшанд, ки мабодо “подстава” бошаду боздошт шаванд. Алакай чанд саррофе, ки ман мешиносам, ҳангоми фурӯши доллар боздошт ва ҷарима баста шуданд. Ман одатан аз саррофони шинос доллар мехарам. Бори охир 100 долларро 875 сомонӣ харидам. Ягон бор ба бонк муроҷиат накардаам, чунки, вақте муқоиса мекунӣ, назар ба бозор хеле баланд аст нархашон.”

Рӯзи 26 январ “Тоҷиксодиротбонк” дар сомонаи расмиаш нархи хариди 100 долларро аз мардум 850 сомонӣ ва нархи фурӯшашро 900 сомонӣ нишон дода буд. Аммо ин нархи хариди пули нақд аст. Барои табдили пули ғайринақдӣ бонкҳо қурби расмии Бонки миллиро истифода мебаранд, ки барои муомилоти рӯзи 26 январ 7 сомониву 75 дирам муқаррар шудааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, рондани саррофон аз бозори асъор ба зиёни муштариён анҷом шуд: “Пойин рафтани қурби сомонӣ айби саррофон нест, балки бештар натиҷаи нобаробарӣ байни пешниҳод ва талабот дар бозор аст. Ва тавре дидем, аз бекор кардани саррофон қурби сомонӣ беҳтар нашуд. Танҳо натиҷааш ин шуд, ки “бозори сиёҳ” ба вуҷуд омад ва маржа, яъне фоидае, ки аз фарқи байни хариду фурӯши асъори хориҷӣ ба даст меояд, бамаротиб боло рафт. Ин ба фоидаи қурби асъори миллии мо кор намекунад.”

Аз 1 декабр, ки фаъолияти саррофиҳои хусусӣ дар Тоҷикистон манъ шуд, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар тақрибан 15 фоиз ё 1 сомониву 2 дирами дигар арзонтар шуда, аз 6,73 ба 7,75 сомонӣ барои як доллар расид. Қурби доллар дар бозори сиёҳ дар ин муддат беш аз 20 дарсад афзуд ва ҳоло дар “бозори сиёҳ” ба 8,75 ва дар бонкҳо ба 9 сомонӣ баробар шудааст.

Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мӯътақиданд, ки қурби сомониро дар бозор “доираҳои манфиатдор” ва “бо роҳҳои сунъӣ” боло мебаранд. Дар ҷаласаи рӯзи 22 январи блоки иқтисодии ҳукумат, ки ба вазъи бозори асъор ихтисос дода шуд, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳҳои ҷилавгирӣ аз коҳиши қурби сомонӣ танҳо бо пули миллӣ ба роҳ мондани тамоми муомилоти пулӣ, аз ҷумла харидуфурӯши мошину хона, манъи ба хориҷ баровардани маблағҳои бузург ва сахттар кардани муҷозот барои мубодилаи ғайриқонунии асъорро пешниҳод кард.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Алакай баъди 4 рӯзи ин ҷаласа, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода - раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод ҳамроҳ бо идораҳои дигари давлатӣ тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷиноиро таҳия кардаанд, ки барои мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ мусодираи асъор ва 9 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад: “Дар Кодекси пешина мусодираи асъор набуд. Ҳоло ҷорӣ мешавад. Агар сарроф ғайриқонунӣ мубодилаи асъор кунад – дар мағоза, дар бозор – дар сурати ба даст афтоданаш, маблағҳои ӯ пурра мусодира карда мешавад. Ҷаримаҳо то 10 баробар боло бурда мешаванд.”

Раиси Бонки миллӣ ба 818 саррофе, ки аз ҷои кор маҳрум шудаанд, тавсия додааст, ки ягон ҷои кори дигар пайдо кунанд.

Аммо иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, дар ҳоле ки пулҳои миллии кишварҳои аз Тоҷикистон муқтадиртаре, чун Русияву Қазоқистон ё Озарбойҷон дар муқобили доллар заиф шудаанд, танҳо ба гардани саррофон ё ба таъбири мақомоти баландпояи тоҷик, “доираҳои манфиатдор” бор кардани коҳиши қурби сомонӣ ва “сунъӣ” баҳо додани равандҳое, ки дар иқтисоди ҷаҳонӣ мегузаранд, илоҷи кор нест.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров мӯътақид аст, ки саррофонро бояд ба бозори расмии мубодилаи асъор баргардонд ва сиёсати либералиеро, ки ҳукумати Тоҷикистон дар бозори асъор дошт, эҳё кард. Ба ақидаи ӯ, бо чораҳои маъмурӣ наметавон пеши роҳи уфту хези қурби пули миллиро гирифт.

Саррофӣ касбест, ки собиқааш ҳанӯз ба даврони аморати Бухоро бармегардад. Дар аҳди Шӯравӣ, ки мардум имкони сафар ба хориҷ надоштанд ва зарурат ба мубодилаи асъор қариб вуҷуд надошт, саррофӣ ҳамчун касб аз байн рафт, вале дар солҳои 90 аз нав эҳё шуд.

Саррофон дар Тоҷикистон нақши хеле бештар аз танҳо табдили пули мардумро доштанд. Дар атрофи ин қишр як низоми вижаи молиявие ба вуҷуд омада буд, ки мардуми зиёди корафтода, аз ҷумла муҳоҷироне, ки қасди сафар ба Русияро доранд, ё тоҷироне, ки барои хариди мол оҷилан ба пул ниёз доранд, маъмулан на ба бонкҳо, балки ба саррофони шиноси худ муроҷиат мекарданд.

Қаҳрамони мо Орзу мегӯяд, “имрӯзҳо ҳам мардум зиёд муроҷиат мекунанд. Пеш моҳе аз 1000 то 1500 доллар кор мекардем ва дастамон ба сад кас – ҳам ба ҳаққу ҳамсоя, ҳам ба ҳамдеҳаву хешу табор ва ҳам ба ҳар одаме, ки мӯҳтоҷи кумак буд, мерасид. Ҳоло дигар аз куҷо? Ин ҳама мурд.”

Саррофон қишре буданд, ки бо сатҳи даромади назар ба 130 доллар маоши миёна дар Тоҷикистон хеле болотар метавонистанд дар ташаккули синфи миёна дар ин кишвар мусоидат кунад. Ба ақидаи иқтисоддонҳо, аз бозори асъор берун кардани дастикам 818 саррофе, ки Бонки миллӣ баршумурдааст, садҳо хонаводаро аз манбаи даромад маҳрум ва синфи миёнаи бе он ҳам ҳанӯз шаклногирифтаро дар кишвар заифтар мекунад.

XS
SM
MD
LG