Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: "Соли 2016 барои Тоҷикистону ҷаҳон душвор хоҳад буд"


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат аз душвориҳои иқтисодӣ дар соли ҷорӣ ҳушдор дода ва аз мақомот хостааст, ки барои муътадил нигоҳ доштани қурби сомонӣ чораҳо андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, соли 2016-ро аз нигоҳи иқтисодӣ барои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистону кишварҳои дигари Шӯравии собиқ душвор хондааст. Оқои Раҳмон дар ин бора 21 январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат суҳбат карда ва гуфтааст, ки "барои муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар пайваста чораҳо амалӣ карда шаванд."

Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон субҳи панҷшанбе бо ҳисоботи нахуствазир Қоҳир Расулзода дар Душанбе оғоз шуд. Ӯ гуфт, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишвар "мардуми Тоҷикистон дар соли 2015 ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд". Ҷузъиёти бештари ин гузориши Расулзода ҳанӯз дар даст нест.

Ин ҷаласа як рӯз баъд аз ироаи паёми раисиҷумҳур ба ду палатаи парлумон сурат мегирад, ки дар он низ асосан аз буҳрони молӣ ва вобастагии шадиди иқтисоди Тоҷикистон ба омилҳои берунӣ нигаронӣ шуд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки аммо ҷаласаи солона бо шунидани ҳисоботи нахуствазир ва вазирону раисони кумитаҳо ба поён нарасида, ба эҳтимоли зиёд бо тағйироти кадрӣ анҷом хоҳад пазируфт. Онҳо бахусус бо ишора ба ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта тағйироти кадрӣ дар бахшҳои интизомӣ ва қудратиро пешбинӣ мекунанд.

Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин ҷаласа "натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2015 таҳлил ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2016" муайян хоҳад шуд. Дар ин маҷлис, ба

​қавли манбаъ, аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди президенту ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.”

Ба иттилои дафтари матбуоти президент,“зимни ҳисобот ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷаи давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷа ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда мешавад.”

Ҳар сол дар остонаи ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон дар матбуот аз зарурати тағйироти кадрии ҷиддӣ сӯҳбат мешавад. Расонаҳои маҳаллӣ ин тағйиротро “Дилзанак” таъбир кардаанд, чунки аксари мансабдорони баландпоя то итмоми ҷаласаи солона нигарони сарнавишти мақоми худ боқӣ мемонанд.

​Аммо дар чанд соли охир ин мавсими “Дилзанак” бо чанд тағйири начандон муҳими кадрӣ ва он ҳам асосан дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои хурду беаҳамият маҳдуд мешавад ва ин, ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, мансабдорони тоҷикро нисбат ба иҷрои вазифаҳояшон ва дурнамои бақои худ дар мансаби давлатӣ як андоза фориғбол кардааст.

Имсол низ тағйироти кадрӣ бо барканории раисони чанд шаҳру навоҳии Тоҷикистон оғоз шуд. Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, раҳбарони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Панҷ, Ҷилликӯл ва Шӯроободро аз мақомҳояшон барканор ва ба ҷои онҳо афроди дигарро таъин кард.

Ҷузъиёти ин ҷаласа пайгирӣ ва тафсилоташ дар ҳамин саҳифа нашр хоҳад шуд

XS
SM
MD
LG