Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби доллар дар Русия аз 81 рубл гузашт


Қурби рубли Русия рӯзи 20 январ барои бори аввал дар асри 21 аз марзи 81 рубл барои як доллари Амрико гузашт. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ин ҳам истгоҳи ниҳоии рубл нест.

Рӯзи 20 январ қурби рубл – пули миллии Русия – дар муқобили доллар дар биржаи Маскав якбора 2 рублу 48 тин боло рафта, ба 81, 04 рубл рубл расид. Ҳатто дар “сешанбеи сиёҳ”-и 16 декабри соли 2014 қурби рубл ба чунин ҳад поён нарафта буд. Дар он рӯз, ки яке аз сиёҳтарин рӯзҳои бӯҳрони кунунии иқтисодии Русия шинохта мешавад, қурби рубл дар муқобили доллар дар ҳадди 80,1 рубл ист карда буд.

Қурби аз ҳадди рӯзи 20 январ пойинтари рубли Русия ба даврони бӯҳрони молии соли 1997 бармегардад, ки рубли русӣ ҳанӯз деноминатсия нашуда буд ва дар поёни соли 1997 дар муқобили доллар 5 960 рубл арзиш дошт.

Қурби рубл дар муқобили евро – пули умумии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо - низ рӯзи 20 январ ба ҳадди 2,69 рубл коҳиш ёфта, 88,41 рубл барои як евроро ташкил дод.

Иқтисоддонҳо фишори уфти нархи нафт дар бозори ҷаҳониро як иллати умдаи уфти низ беисти қурби рубли русӣ дар муқобили асъори муҳими хориҷӣ меноманд. Рӯзи чоршанбе нархи як бушка нафти навъи Brent, ки нархи нафти русии Urals бар асоси он муайян карда мешавад, барои қарордодҳои моҳи март то ҳадди 27 доллару 80 сент пойин омад, ки назар ба як рӯзи қабл 3 дарсад камтар аст.

Қаблан вазири иқтисоди Русия Алексей Улюкаев гуфт, дар ҳукумат ба сенарияи аз ин ҳам бадтар, яъне ба эҳтимоли то ҳадди 25 доллар барои як бушка афтидани нархи нафт омодагӣ мегиранд ва барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат бар асоси ҳамин нарх бозбинӣ мешавад.

Георгий Вашенко, як маъсули ширкати молии “Фридом Финанс” ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, “то замоне ки Бонки марказӣ бо интервентсияҳояш ба кумаки рубл дар бозор мерасад, қурби рубли русӣ метавонад то ҳадди 84 рубл барои як доллар пойин шавад.”

Бо ин ҳол, тақрибан касе имкони аз нав рӯ ба боло овардани нархи нафт – манбаи умдаи заиф шудани қурби рубли Русияро пешбинӣ намекунад. Дар поёни ҳафтаи гузашта Амрико ва кишварҳои Ғарб таҳримоти ҷорикардаашон алайҳи Эрон – яке аз кишварҳои умдаи тавлидкунандаи нафтро бекор карданд. Эрон гуфтааст, ки метавонад то поёни семоҳи аввали сол содироти нафташро ба андозаи 300 000 бушка дар рӯз афзоиш диҳад.

Сатҳи вобастагии кишварҳо аз пули нафт
Сатҳи вобастагии кишварҳо аз пули нафт

Лағви таҳримоти байналмилалӣ, ки роҳи Эрон ба бозори нафти дунёро боз мекунад, рӯзи 18 январ боиси ба ҳадди дар 12 соли охир бесобиқа пойин рафтани нархи ин маводи сӯхт шуд. Рӯзи сешанбе бозори нафт як каме таскин ёфт ва ҳатто нархҳояш каме боло рафт, вале рӯзи чоршанбе нархҳо дар бозор дигарбора ба замин заданд. Рӯзи сешанбе Оҷонсии байналмилалии энержӣ гузоришашро нашр кард, ки дар он омадааст, бозгашти Эрон ба бозори ҷаҳонии нафт рақобатро дар бозори нафти Аврупо бештар мекунад. Ба ҳисоби ин Оҷонсӣ, Эрон метавонад ҳар рӯз то 250 000 бушка нафтро ба бозор бидарорад ва барои пайдо кардани ҷойгоҳи худ бо рақибоне, чун Русия, Арабистони Саудӣ ва Ироқ дасту панҷа нарм кунад.

Аммо коҳиши қурби рубл, ки инак қариб якуним сол боз ба сурати ҷаҳиш ба ҷаҳиш идома дорад, ба сатҳи даромади муҳоҷирони корие, ки аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, ба бзори кори Русия мерезанд, таъсири манфӣ мегузорад. Дар 9 моҳи аввали соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 1 миллиарду 54 миллион доллар пул интиқол ёфтааст, ки назар ба 3,8 миллиард доллар “ҳосил”-и соли 2014 тақрибан 3,7 маротиба камтар аст. Ниҳодҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул пешбинӣ мекунанд, ки мушкилоти иқтисодии Русия ва тазъифи қурби рубл дар соли 2016 низ идома хоҳад ёфт ва ба ин далел, набояд имсол ҳам мунтазири афзоиши даромади муҳоҷирон шуд.

Танҳо дар 20 рӯзи аввали соли 2016 рубли Русия нисбат ба доллару евро ҳудуди 20 дарсади қурбашро аз даст дод. Заиф шудани рубл ҳамроҳ бо худ қурби пулҳои миллии кишварҳои пасошӯравии аз нигоҳи иқтисодӣ ба Русия вобастаро низ аз пасаш ба поён мекашад. Манат - пули миллии Озарбойҷон - дар як соли охир 98 дарсади қурбашро гум карду тангаи Қазоқистон - 81 дарсад "сабуктар" шуд.

Сомонӣ - пули миллии Тоҷикистон - низ дар тӯли соли 2015 ҳудуди 40 дарсади қурбашро дар муқобили доллар бохт. Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии як долларро барои муомилаҳои рӯзи 21 январ 7 сомониву 59 дирам муқаррар кардааст. Рӯзи 1 январ қурби расмии доллар дар Тоҷикистон 7 сомониву 11 дирам буд.

XS
SM
MD
LG