Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамдардии Аҳмадинажод ба модари Чавес боиси интиқод шуд


Интишори аксе аз навҳаи дилҷӯии Маҳмуди Аҳмадинажод аз модари Ҳуго Чавес боиси интиқоди шуморе аз намояндагони Маҷлиси шӯрои исломӣ гардид

Аммо Муҳаммадризо Миртоҷиддинӣ, муовини парлумонии раиси ҷумҳури Эрон, мегӯяд, Аҳмадинажод танҳо ба «ибрози эҳсосот» модари Чавесро посух додааст.

Ба гузориши хабаргузории «Тасним», Муҳаммадризо Миртоҷиддинӣ рӯзи шанбеи 9 март дар бораи аксҳои ҷанҷолии мунташиршудаи Аҳмадинажод дар маросими видоъ бо Ҳуго Чавес, ки нишондиҳандаи дастфишории ӯ бо модари президенти фақиди Венесуэла аст, гуфт, ки «ман ва оқои Солеҳӣ дар он ҷо ҳузур доштем ва чунин чизе вуҷуд надошт».

Оқои Миртоҷиддинӣ афзуд, «раиси ҷумҳур фақат мехост бо ибрози ҳамдардӣ модари Чавесро посух бидиҳад. Аксҳоро тағйир додаанд ва ё онҳо ба гунае гирифта шуда, ки чунин бардошт гардида ва дастфишорие дар он ҷо набуд.»

Ҳуго Чавес рӯзи сешанбеи 5 март пас аз ду соли мубориза бо бемории саратон дар синни 58-солагӣ даргузашт. Ӯ 14 сол бар Венесуэла ҳукумат кард. Маросими видоъ бо вай рӯзи ҷумъа баргузор шуд ва Маҳмуд Аҳмадинажод ба ҳамроҳи беш аз 30 раҳбари сиёсии ҷаҳон дар ин маросим ширкат варзид.

Гузоришҳо ҳокист, ки дар ин маросим ба ҳангоми ибрози ҳамдардӣ Елена Чавес, модари президенти даргузаштаи Венесуэла, барои лаҳазоте дасти Маҳмуд Аҳмадинажодро гирифтааст.

Муҳаммадризо Миртоҷиддинӣ дар бораи даст додани Маҳмуд Аҳмадинажод ба модари Чавес дар ин маросим гуфт, «ӯ хеле изҳори иродат мекард ва исрор дошт, ки дасти раиси ҷумҳурро бигирад, аммо Аҳмадинажод дастҳояшро мекашид.»

Муовини Маҳмуд Аҳмадинажод афзуд, «модари Чавес гиря мекард ва ба Аҳмадинажод мегуфт, ки ту монанди писари ман ҳастӣ ва раиси ҷумҳур танҳо бо ибрози таассуф ва ҳамдардӣ дар ҳамин ҳад мехост, ки посух диҳад ва рад шавад».

Ин дар ҳолест, ки тасвирҳои аз ин рӯйдод тавассути шабакаҳои мухталифи телевизионӣ мунташиршуда нишон медиҳанд, ки раиси ҷумҳури Эрон дастҳои худро ба сӯи модари Чавес мебарад, аммо Муҳаммадризо Миртоҷиддинӣ талош мекунад, ки ба ин кор монеъ шавад.

Оқои Миртоҷиддинӣ дар тавзеҳи рафтору ишороти худ ба Аҳмадинажод дар қиболи тасовири мунташиршуда аз ин моҷаро гуфт, «ман ба оқои раиси ҷумҳур мегуфтам, ки аз он макон дур шавем ва Аҳмадинажод бо модари Чавес дастфишорӣ накардааст».

Ибрози ҳамдардии Маҳмуд Аҳмадинажод эътирози шуморе аз намояндагони Маҷлиси шӯрои исломиро дар пай доштааст.

Муҳаммад Деҳқон, узви ҳайати раёсати Маҷлис, бидуни ном бурдан аз Маҳмуд Аҳмадинажод бо ишора ба ин ки «рафтори як мақоми аршади иҷроияи кишвар дар маҷомеи байналмилалӣ хилофи шаъни инсони мусалмон аст» ин қабил рафторҳои машкукро нигаронкунанда донист.

Ба гузориши Хонаи миллат, сомонаи хабарии Маҷлис, Муҳаммадмаҳдӣ Пурфотимӣ, намояндаи Маҷлис низ гуфт, «агар фарде дигар дар чунин маросиме ширкат мекард ва модари Чавесро дар оғӯш мегирифт, алъон ғайр аз ин буд, ки як иддае хос ба хиёбонҳо бирезанд ва алайҳи вай шиор дода ва тазоҳурот кунанд?»

Ин намояндаи маҷлис афзуд, «ҳамакнун бояд уламо ва муроҷеъ дар мавриди амалкарди ахири Аҳмадинажод вориди майдон шуда, ба таври ҷиддӣ бо ӯ бархӯрд карда, рафтори ӯро маҳкум кунанд ва иҷоза надиҳанд, ки ҳар кори хилофи шариати исломиро, ки дӯст дорад, анҷом диҳад.»

Муҳаммадтақӣ Раҳбар, раиси фраксияи рӯҳониёни Маҷлиси ҳаштум низ дар ин замина гуфтааст, «рафтори Аҳмадинажод дар Венесуэла ҳамчун раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломӣ ва як фарди мусалмон дуруст нест.»

Ин дар ҳолест, ки паёми тасаллияти Маҳмуд Аҳмадинажод барои даргузашти Ҳуго Чавес интиқоди муҳофизакорон ва тарафдорони Оятуллоҳ Хоманеиро дар пай доштааст.

Муҳаммад Яздӣ, рӯҳонии муҳофизакор, бо баёни ин ки суханони Маҳмуд Аҳмадинажод дар бораи масоили динӣ дар ҳавзаҳои илмия ва миёни рӯҳониён муъҷиби нигаронӣ аст, гуфт, ки ӯро «мушфиқона насиҳат мекунем», ки дар моҳҳои боқимонда аз даврони раёсаташ оромии кишварро ҳифз кунад ва «бипазирад, ки иттилооти динии лозимро надорад.»
XS
SM
MD
LG