Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Чин ба Покистон 46 миллиард доллар овард


Раисиҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин барои густариши равобити иқтисодӣ бо Покистон ва баррасии масъалаҳои амниятии Осиёи Марказӣ рӯзи 20 апрел вориди Исломобод шуд.

Раисиҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин, ки бо як сафари дурӯза вориди Покистон шудааст, дар ин ҷо барномаҳои густардаи сармоягузории кишварашро эълом хоҳад дошт. Интизор меравад, як силсила санадҳое ба имзо расад, ки маблағи умумии онҳо 46 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.

Пекин ва Исломобод умедворанд, ки Долони Иқтисодии Покистон ва Чинро боз мекунанд, ки қарор аст, бандари ҷанубии Гвадари Покистонро бо бандарҳое дар Баҳри Араб ва минтақаҳои ғарбии Шинҷони Чин пайванд намояд. Ин долон ба бахши муҳиме аз Камарбанди Иқтисодии Роҳи Нави Абрешим ва Роҳи Обии Абрешим табдил хоҳад ёфт. Ин роҳ ҳамчунин ба роҳи Кулма-Қароқуруми байни Тоҷикистон ва Чин низ пайваст хоҳад буд.

Ин долон аз минтақаи қашшоқи Балуҷистон хоҳад гузашт, ки саршори ошӯбҳои ҷудоихоҳона, гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷинояткор ва ситезаҷӯёни исломист.

Дар ин гуфтушунидҳо сарвазири Покистон Навоз Шариф ва раисиҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин ҳамчунин ҳамкории дуҷонибаро дар Афғонистон ва нигарониҳои Чинро аз ҷудоихоҳони Шинҷон, ки бо ситезаҷӯёни покистонӣ пайвандҳо доранд, баррасӣ хоҳанд кард.

Сафари Сӣ дар Покистон, ки ду рӯз идома мекунад, ҳанӯз мебоист ним сол пеш ба вуқӯъ мепайваст, вале бино бар вазъи мураккаби Покистон ба таъхир гузошта шуд. Дар ин сафар Сӣ ба ғайр аз дидору гуфтушунид бо мақомоти олии Покистон ҳамчунин ба порлумони ин кишвар низ паёме хоҳад дод.

Дар арафаи сафараш раисиҷумҳури Чин ҳамкориҳои иқтисодиро ба рушд ва амният дар минтақа бастагӣ дод.

Тафсилоти бештар дар ҳамин ҷо нашр хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG