Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 коргар дар Балуҷистони Покистон


Мақомоти Покистон аз ҳалокати дасти кам 20 коргари сарбанд дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби кишвар, хабар доданд. Дар ин ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос се нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Хабаргузории Рейтер аз қавли вазири умури дохилиии вилоят Акбар Ҳусейн Дурронӣ навиштааст, ки ҳодиса субҳи барвақти 11 апрел дар як минтақаи воқеъ дар 15 километрии шаҳри Турбат ба вуқӯъ пайваст. Афроди мусаллаҳ сӯи коргарони ҳанӯз хоб оташ кушода, дар мотосиклҳо аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Ба гуфтаи Дурронӣ ҳама коргарони кушташуда балуҷ буданд, аз ин рӯ шояд онҳо аз сӯи ҷудоихоҳони балуҷистонӣ кушта шуда бошанд.

Балуҷистон солҳо боз ба саҳнаи низоъ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои миллатгарову ҷудоихоҳи маҳаллӣ табдил шудааст. Ҷудоихоҳон аз Исломобод талаб доранд, ки бахши аъзами маблағ аз истихроҷи газ ва дигар боигариҳои табиии Балуҷистонро дар ихтиёри вилоят гузорад.

XS
SM
MD
LG