Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар кор накунам, модарам азоб мекашад"


Душанбе, соли 2013
Душанбе, соли 2013

Додситонии шаҳри Ваҳдат волидони ду наврасро барои кори фарзандонашон дар бозору нақлиёти мусофирбар ба ҷавобгарӣ кашидааст.

Мо панҷ фарзандем ва агар кор накунам, модарам азоб мекашад

Муҳаммадҷон Нуриддинов ва Паймона Исматзода, хонандаҳои синфҳои 6 ва 5-и мактаби миёнаро мақомот дар соатҳои дарсӣ дар сари кор мушоҳида карда, нисбати падару модари онҳо барои “бемасъулиятӣ ва беназоратии фарзандон” парвандаи маъмурӣ боз кардаанд.

Ба иттилои додситонӣ, Муҳаммадҷон дар як мусофирбар ба пулчинӣ машғул шуда, Паймона дар бозори марказии Ваҳдат мевафурӯшӣ мекард.

Бо қарори додгоҳ ва бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ, волидони ин атфоли коргар ба андозаи 3 нишондиҳанда ё 150 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Ин бори аввал нест, ки волидон барои ба кор ҷалб шудани фарзандонашон ҷарима мешаванд. Дар Тоҷикистон садҳо кӯдак ба хотири кӯмак ба хонаводаҳои камбизоати худ кор мекунанд, то дар таъмини рӯзгор саҳм бигиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мавзӯи кори кӯдак дар кӯчаву хиёбон, бозору нақлиёт ва дигар ҷойҳо назорат шуда, ходимони полис пайваста рейдҳои боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани волидони ин афтолро баргузор мекунанд.

Муҳоҷирати кории падар ҳам зиёд фоида накард

Муҳоҷирати тӯлонии падар дар Русия ва тангдастии хонавода Аҳмадалии 14-соларо ҳам водор кард, то вориди бозори кор шавад. Ӯ мисли даҳҳо дигар ҳамсолонаш дар яке аз бозорҳои шаҳр кор мекунад. Ба майдафурӯшӣ машғул аст. Таҳсилашро тарк накардааст, вале ин кори мушкил ба ӯ имкон намедиҳад то ба пуррагӣ ба дарсаш расидагӣ кунад, барои мисол ӯ наметавонад мисли бархе дигар ҳамсолонаш бо хотири ҷамъ ва бо иҷрои ҳама вазифаҳои хонагӣ ҳар рӯз ба дарс ҳозир шавад.

“Меравам мактаб, аммо баъзе рӯзҳо вақт ва имокнияти ба мактаб рафтан надорам. Бояд бисёртар кор кунам, кори падарам дар Русия хуб нест ва наметавонад тез-тез пул фиристад. Мо панҷ фарзандем ва агар кор накунам, модарам азоб мекашад».

Як пажӯҳиши тоза миёни ҳазорҳо навраси аз 10 то 14-сола муайян кардааст, ки беш аз 60 дар сади кӯдакон дар канори таҳсил шуғле ҳам доранд, 3 дар сад ҳам бо корҳое машғуланд, ки барояшон даромад меорад. Ба таъкиди созмонҳои кор бо кӯдакон, онҳо бояд на камтар аз 4 соат дар як рӯз ба кор ҷалб шаванд, аммо пажӯҳиши ахири Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва Бунёди атфоли СММ муайян кардааст, ки 11 дарсади кӯдакону наврасон ҳамарӯза беш аз 4 соат ба кори хона ҷалб мешаванд, ки ин ҳам як шакли меҳнати кӯдак аст.

“Ин далели он аст, ки наврасони аз 10 то 14-сола кӯшиши кӯмак ба волидон ва ворид шудан ба бозорро доранд. Пажӯҳиш ҳамчунин муайян кард, ки аксари кӯдакон, яъне 83 дар сад доир ба ҳуқуқи худ умуман маълумот надоранд.

Як нишондиҳандаи дигар ҳам ин аст, миёни ин наврасон фишори рӯҳӣ ва ҷисмонӣ мушоҳида мешавад. 29 дар сади наврасон дар 6 моҳи ахир ба фишори ҷисмонӣ ва руҳӣ дучор шуда буданд ва танҳо 15 дар сад гуфтанд, метавонанд ба ин фишорҳо муқовимат кунанд,” - мегӯяд Фарида Муъминова, яке аз муаллифони пажӯҳиши ахир дар бораи кори кӯдак.

Шаш сол пеш Тоҷикистон ним миллион тифли коргар дошт?

Созмони ҷаҳонии кор мегӯяд, давоми чанд соли фаъолияти онҳо ва ҳам таваҷҷӯҳи вижаи сохторҳои ҳукуматӣ ба мавзӯъ шумори чашмраси кӯдакон аз кори сиёҳи кӯча ба хона ва мактаб баргардонида шуданд. Муҳайё Хосабекова, ҳамоҳангсози барномаи байнулмилалии ҷилавгирӣ аз меҳнати кӯдакон мегӯяд, бо талоши созмонҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ ва мақомоти кишвар, дар чанд соли охир 10 дар сад ё 270 ҳазор кӯдак аз корҳои сангин озод шуда ба мактаб ва зиндагии маъмулии кӯдакӣ баргардонида шуданд. Нахустин пажӯҳиши ин созмон дар соли 2012 муайян карда буд, ки ҳудуди 500 ҳазор кӯдак ё қариб ним миллион наврас бо иҷрои корҳои сахту сангин дар бозору кишоварзӣ ба хотири таъмини хонаводаҳои худ саҳм мегиранд.

Ба гуфтаи муттахассисон имрӯз шакли кори кӯдак ҳам тағйир ёфтааст. Муҳайё Хосабекова мегӯяд, ба фарқ аз чанд соли пеш ҳоло дигар кори кӯдакон дар нақлиёту пахтазорҳо кам мушоҳида мешавад. “Ҳоло теъдоди зиёди кӯдакон ба омода кардани меваи хушк ҷалб шудаанд. Ин кор барои кӯдак хеле мушкил аст, аз ҷумла дона мешикананд. Тассавур кунед, як тонна зардолуро ба шакли бозорӣ медароранду ба фурӯш омода мекунанд. Барои ин кори мушкил кӯдакон 15-20 сомонӣ мегиранд. Чунин меваҳои хушкро тонна-тонна деҳқонон ба хонаи волидон мебаранд ва кӯдакон ҳам тамоми зимистон ба ҷойи он ки бихонанд ё кори дигаре кунанд, бо ин кор машғул мешаванд”.

Мақомот мегӯянд, ки аз нерӯи кӯдакони 12 то 17-сола бештар дар кишоварзӣ истифода мешавад. Дар ин соҳа 11 ҳазор кӯдак ба кор ҷалб шудааст.

XS
SM
MD
LG