Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никоҳи марди 22-сола бо духтари 9-сола бекор карда шуд. ВИДЕО


Дар пайи нашри филме аз маросими издивоҷи як духтари 9-сола бо марде 22-сола дар Коҳгилуя ва Бойираҳмади Эрон, раиси додгоҳи ин вилоят аз бекор кардани ин ақди никоҳ хабар дод.

Масъулони додгоҳ гуфтанд, бар асоси моддаи 50-и қонуни ҳимоят аз хонавода, алайҳи мард, наздикони духтар ва марди никоҳкунанда ҷурм эълон шудааст.

Нашри хабари издивоҷи духтари 9-сола бо марди 22-сола дар яке аз деҳаҳои Коҳгилуя ва Бойираҳмад ҳодисаи тоза нест, балки бахше аз як достони тӯлонист, ки ба вижа дар 15 соли ахир боис ба баҳсҳои густарда будааст. Нахустин ҳушдорҳо дар бораи издивоҷи кӯдакон ба соли 2006 рост меояд, ки гузоришҳое дар бораи издивоҷи беш аз 33 ҳазор духтари зери 15 сол нашр шуда буд.

Издивоҷи кӯдакон дар Эрон. Ислоҳоти шикастхӯрда

Чаҳор соли баъд вақте натиҷаҳои шумориши аҳолӣ чоп шуд, расонаҳо гузориш доданд, ки 42 ҳазор кӯдак дар замони издивоҷ аз 10 то 14 сол доштаанд.

Чопи ин оморҳои талх сабаб шуд, ки дар даҳаи гузашта баҳсҳои ҷиддитаре дар бораи ҳуқуқи кӯдакон дар Эрон матраҳ шавад.

Бар асоси қонуни шариат синни балоғати духтарон 9 сол ва синни балоғати писарон 15 сол аст. Синни расмии издивоҷ дар Эрони пеш аз инқилоб 18 сол барои духтарон ва 20 сол барои писарон таъйин шуда буд. Вале таъкид шуда буд, ки дар сурати ризояти додгоҳ, духтарони аз 15-сола боло ҳам метавонанд издивоҷ кунанд.

Моҷарои издивоҷи духтари 9-сола бо марди 22-сола
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00


Ин қонун дар соли 1979, пас аз инқилоби исломӣ, ба дастури Оятуллоҳ Хумайнӣ бекор шуд. Қонуни ҳозира дар Эрон иҷоза медиҳад, ки духтарон дар 13-солагӣ ва писарон дар 15-солагӣ бо иҷозаи додгоҳ издивоҷ кунанд. Бо ин ҳол, агар хонаводае духтари аз 13-сола хурдро ба издивоҷ водор кунад, мумкин аст, издивоҷи онҳо сабт нашавад, вале кори хилофи шариат накардааст.

Аз миёни муҳимтарин талошҳое, ки ҳадафашон мубориза бо издивоҷи кӯдакон дар Эрон буд, чанд тарҳ дар солҳои ахир бештар ҷалби тавваҷуҳ кардаанд. Мавзӯи аввал "қатъномаи манъи издивоҷи кӯдакони Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал" буд, ки соли 2014 баҳсаш ҷиддӣ шуд.

Ҳукумати Эрон пайвастан ин қатъномаро рад кард, чун ба гуфтаи баъзе аз намояндагони маҷлис, "издивоҷи афроди аз 18-сола поинро манъ мекунад.”

Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ мегӯянд, "тасвиби издивоҷ дар ин синн бо омӯзаҳои шаръӣ ва урфии Эрон дар тазод аст ва имкони иҷрояш нест".

Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон издивоҷи афрод бо синни камтар аз ҳаждаҳ сол ғайриқонунӣ дониста мешавад ва барқарории робитаи ҷинсии фарди болотар аз ҳаждаҳ сол бо кӯдакон сол ҷурм аст.

Дар дохили Эрон ҳам чанд тарҳи мухталиф барои афзоиши синни издивоҷ дар даҳаи ахир матраҳ шудааст, ки ҳамагӣ шикаст хӯрдаанд.


Яке аз ин тарҳҳо аз соли 2011 дар қолаби лоиҳаи “ҳимоят аз кӯдаку навҷавон” матраҳ шуд ва синни издивоҷро 18 сол таъйин кард. Дар моддаи понздаҳуми лоиҳа барои фарде, ки бо духтарону писарони зери синни қонунӣ издивоҷ мекунанд, то ду соли зиндон таъйин шуда буд. Бо ин ҳол, соли 2018 вақте ин лоиҳа дар маҷлис баррасӣ шуд, чунин мавридҳое ба таври комил аз он бекор карда шуд.

Заҳро Оятуллоҳӣ, раиси шӯрои фарҳангӣ ва иҷтимоии занони шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ аз чеҳраҳои муҳими мухолиф ба ин талошҳо будааст. Вай гуфтааст, бояд ба ниёзҳои ҷинсии кӯдакони 13-сола ҳам тавваҷуҳ шавад.

Бо ин ҳол, омили асосии ба натиҷа нарасидани талошҳо, изҳороти ин афрод набуд. Мавзеи мухолифати маҳкамтар дар Қум аз ҷониби мароҷеи тақлиди шиаи сокини ин шаҳр буд.

Тайибаи Сиёвушӣ, намояндаи маҷлис, ки аз ҷумлаи афроди пайгири афзоиши синни издивоҷи кӯдакон буд, соли 2017 бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт: "Фақат тавонистаем як ҳукми фиқҳӣ аз Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дар нақди издивоҷи кӯдакон дар синни поин дарёфт кунем... Дар ҳоли ҳозир бо мухолифат рӯ ба рӯ шудем, албатта, ҳанӯз далелҳои мухолифатро намедонам, фақат ба ман иттилоъ доданд, ки бо ислоҳи синни издивоҷ мухолифат шудааст."

Мавзӯи издивоҷи духтарон танҳо хоси Эрон нест. Дар гузорише, ки созмони ЮНИСЕФ соли 2014 нашр кард, шумори издивоҷи духтарбачаҳо дар саросари ҷаҳонро 700 миллион нафар эълом кард. Дар ин солҳо бархе кишварҳо, аз ҷумла Арабистони Саудӣ иқдом ба мамнӯъияти издивоҷи афроди зери 15-сола кардаанд, вале то расидан ба вазъияти матлуб роҳи тӯлонӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG