Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманеӣ ҷунбиши #MeToo-ро ба пӯшидани ҳиҷоб даъват кард. ВИДЕО


Теҳрон, феврали соли 2018

Раҳбари олии Эрон дар солгарди ҷунбиши #MeToo аз ҷабрдидаҳои хушунати ҷинсӣ даъват кард, ки мушкили худро бо пӯшидани ҳиҷоб ҳал кунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукуматдорони Эронро барои бархурди нобаробар бо занон ва арзёбии онҳо ҳамчун “шаҳрвандони дуюмдараҷа” интиқод мекунанд. Тибқи қонунҳои Эрон занҳо ҳақ надоранд танҳо сафар кунанд ва бояд марди хонавода бо онҳо бошад.

Раҳбари Олии Эрон Оятулло Алӣ Хоманеӣ, мухолифи сарсахти баробарҳуқуқии ҷинсӣ, ки сохтори ӯ қонунҳои поймолкунандаи ҳуқуқи занонро эҷод мекунад, дар солгарди ҷунбиши #MeToo либоси исломиро роҳи ҳалли мушкилоте унвон кард, ки ба гуфтаи ӯ, занони кишварҳои ғарбӣ ба он рӯ ба рӯ шудаанд.

"Пешниҳоди исломӣ"

Изҳороти Хоманеӣ дар ҳоле пахш шуд, ки Эрон занҳоеро, ки ошкоро зидди либоси исломӣ эътироз мекунанд ва вакилони онҳоро ба ҷазо гирифтор мекунад. Бо қарори додгоҳе дар Эрон ҳафтаи ҷорӣ зани ҷавоне эъдом шуд, ки ҳангоми ноболиғ будан шавҳарашро дар паи хушунати хонаводагӣ бо корд кушта буд.

“Фоҷиаи таҷовузоти ҷинсии бешумор алайҳи занони ғарбӣ, аз ҷумла ҳаводиси мунҷар ба маъракаи #MeToo - ва пешниҳоди исломии ҳалли он”, - гуфтааст дар твиттери худ Хоманеӣ дар поёни наворе, ки занони ғарбӣ аз таҷрибаи шахсии хушунати ҷинсиву таҷовуз нақл ва ин мавридҳоро маҳкум карданд.

Навори мазкур инчунин порчаи суханронии моҳи марти Хоманеиро илова кардааст, ки дар он раҳбари олии Эрон ҳиҷоби исломиро роҳи паноҳ ёфтан аз хушунати ҷинсӣ унвон кардааст: “Шунидед, ки теъдоди қобили таваҷҷӯҳ аз бонувони сохибмақоми ғарбӣ яке аз паи дигар эълом карданд, ки дар давраи ҷавонӣ дар ҷараёни масоили идорӣ, ки дар он ҷо буданд, мавриди сӯиистифода қарор гирифтаанд, ба зӯр, ба хушунат...”, - мегӯяд Хоманеӣ дар видео. “Ислом ба рӯи он масире, ки ҷинси занро ба ин нуктаи инҳироф расонад, дарро бастааст, иҷозат надодааст. Ба василаи ҳиҷоб”.

Видео: Хонуми эронӣ барои напӯшидани ҳиҷоб дастгир мешавад (20 апрели 2018 чоп шудааст)

Навори боздошти зани эронӣ барои надоштани ҳиҷоб
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:21 0:00

Видео якҷо бо бахше аз изҳороти Хоманеӣ дар бораи занон ва ҳиҷоб нашр шуд, ки ба гуфтаи раҳбари олии Эрон, “масуният ва обрӯву шарафи занонро афзоиш медиҳад”. Ин матлаб дар вебсайти Khamenei.ir зери сархати “10 далели Оятуллоҳ Хоманеӣ: оё ҳиҷоб метавонад хонумони ғарбиро наҷот дихад?” нашр шудааст. Дар матлаб порчаҳо аз баёнияҳои Хоманеӣ илова шудаанд, ки ӯ таи 29 соли баъди инқилоби исломӣ, ҳамчун раҳбари дуюми олии Эрон ироа кардааст.

Эъдоми зани 24-сола барои қатли ҳамсари хушунатгар

Қувваи қазоӣ ё вазорати адлияи Эрон, ки раҳбарашро Хоманеӣ таъин мекунад, зани 24-соларо эъдом кард, ки созмони Афви байналмилалӣ ӯро қурбонии хушунати хонаводагӣ медонад. Ин зан дар 15-солагӣ издивоҷ кард ва пайваста таҳти хушунати шавҳар қарор дод.

Ин ходиса охири соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ вокунишиҳои шадидеро дар ҷомеа эҷод кард ва сабаби эътирози даҳҳо зан бар зидди пӯшидани ҳиҷоб шуд. Бархе аз занҳои эътирозгар боздошт ва ҳатто зиндонӣ шуданд.

Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманеӣ
Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманеӣ

​Эътирозҳои дигар, ки аз норозигии мардум бо вазъи иқтисодӣ маншаъ мегиранд, аввали ин сол кишварро такон дод ва аз сари нав баҳсҳои шадиди атрофи ҳиҷобро барангехт. Аз соли 1979 – аз замони Инқилоби Исломии Эрон пӯшидани ҳиҷоб дар ин кишвар маҷбурӣ аст.

Зиёда аз чор даҳсола роҳбарияти Эрон бо тахдиди зиндон занҳоро ба пӯшидани ҳиҷоб маҷбур ва барои пӯшиши нодуруст ё намудор будани мӯи зан муҷозот мекунад. Бисёри занону духтарони эронӣ дар посух ба ин фишорҳо даст ба эътироз мезананд, ҳиҷоби худро парчам мекунанд ва намоишкорона домани кӯтоҳ мепӯшанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукуматдорони Эронро барои бархурди нобаробар бо занон ва арзёбии онҳо ҳамчун “шаҳрвандони дуюмдараҷа” интиқод мекунанд. Тибқи қонунҳои Эрон занҳо ҳақ надоранд танҳо сафар кунанд ва бояд марди хонавода бо онҳо бошад. Ҳангоми баррасии қазияҳои мерос, молу мулк ва нигоҳубини кӯдакон баъди талоқ, бартарӣ ҳамеша ба мардҳо дода мешавад.

Ҳафтаи гузашта чандин ҳомии ҳуқуқи занонро дар Эрон бо иттиҳомоти номаълум дастгир карданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG