Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамлаи кимиёвӣ" дар Сурия кори дасти кист? 2 ВИДЕО


Русия аз мавқеи ҳукумати Сурия ҳимоят кард, ки даст доштанаш дар истифодаи силоҳи кимиёӣ дар шаҳраки зери назари шӯришиёнро рад намудааст. Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳам гуфт, барои анҷоми як нишасти изтирорӣ бо ҳадафи баррасии ин қазия омодааст.

Бар асари ҳамлаи рӯзи 4 апрел дар шаҳри Хон Шейхуни Сурия 72 нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Русия, як пуштибони калидии ҳукумати Сурия дар ҷанги зидди мухолифонаш, рӯзи 5 апрел гуфт, ки ҳавопаймоҳои Сурия шаҳраки Хон Шайхуни вилояти Идлибро аз ҳаво ҳадаф қарор дода ва дар ин амалиёт ба як корхонаи аслиҳа зарба заданд. Дар изҳороташ сухангӯи вазири дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков, ки тавассути шабакаи Ютуб пахш шудааст, иддао кард, ки ин корхона ба тавлиди аслиҳаи кимиёӣ машғул буд ва ин аслиҳа дар Ироқ истифода шудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҳамлаи кимиёии Идлиби Сурияро СММ таҳқиқ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Конашенков, инчунин, иддао кард, ки соли гузашта ҳам шӯришиён дар Ҳалаби Сурия аз силоҳи кимиёӣ кор бурдаанд. Як фармондеҳи шӯришиён дар посух ин изҳороти генерали русро "дурӯғ" хонд ва сухангӯи садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки Русияву Эрон баробар масъулияти ин ҳамларо бояд бар дӯш бигиранд, чунки онҳо аз режими Башор Асад ҳимоят мекунанд. Фаъолони суриягӣ, ҳукумати Амрико ва қудратҳои дигар мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои ҳукумати Сурия дар ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи 4 апрел аз ҳаво силоҳҳои кимиёӣ партоб кардаанд.

Бар асари ҳамлаи рӯзи 4 апрел дар шаҳри Хон Шейхуни Сурия 72 нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид

Қудратҳои ғарбӣ аз Шӯрои Амнияти СММ хостаанд, ки гузориши моҳона дар мавриди амалкард ва ҳамкории ҳукумати Сурия бо муфаттишони байналмилалӣ ва пойбандӣ ба ӯҳдадориҳо дар робита ба аслиҳаи кимиёвиро пешниҳод кунад. Дипломатҳо ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтаанд, ин пешнавис эҳтимол рӯзи чаҳоршанбе дар Шӯрои Амният баррасӣ мешавад.

Огоҳӣ: Ин видео саҳнаҳои мудҳиш дорад:

Ҳамлаи кимиёвӣ ба як шаҳри Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Қаблан гузориш шуда буд, ки дар ҷараёни "як ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ" алайҳи пойгоҳҳои мухолифони Башор Асад дар Хон Шайхун воқеъ дар шимол-ғарби Сурия, даҳҳо ғайринизомӣ кушта шудаанд, ки дар байни онҳо 19 тан кӯдак ва 13 нафари дигар зан ҳастанд. Артиши Сурия ҳар гуна дахолат дар "ҳамлаи кимиёвӣ"-ро рад кардааст. Дар нахустин вокуниш ба ин гузориш, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, Русия ва Эрон дар мавриди марги ғайринизомиён дар "ҳамлаи нави кимиёвӣ" дар Сурия, "масъулияти ахлоқии бузурге" бар дӯш доранд.

Дар ҳамин ҳол, Стеффан де Мистура, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия гуфтааст, ба бовари ӯ ҳодисаи Хон Шайхун "ҳамлаи ҳавоӣ будааст." Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар мавқеияте нестанд, ки ба таври мустақил гузоришҳои вобаста ба "ҳамлаи кимиёвӣ"-ро тайъид кунанд, аммо дабири кулли СММ "амиқан нигарони" ҳодисаҳои ахир аст.

Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ аз Шӯрои Амният хостааст, то бо қатъномае дар бораи истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ ва таҳдиди он алайҳи сулҳу суботи ҷаҳонӣ, вокуниш нишон диҳад ва агар истифодаи ин навъи аслиҳа дар Сурия собит шавад, "идомаи нақзи ҷиддии қонунҳои байналмилалӣ ба шумор меравад".

XS
SM
MD
LG