Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро зардолупарварони Суғд имсол ғамгинанд?

Даҳҳо ҳазор гектар боғҳои зардолуи вилояти Суғд имсол ҳосили кам хоҳанд дод. Сармои аввали баҳор ва боронҳои пайдарпай, ба зардолузорҳо осеби ҷиддӣ расондааст.

Масъулони Раёсати кишоварзӣ барои коҳиши ин зиён тавсия додаанд, ки замини боғҳоро ба киштзор табдил диҳанд.

Қобилҷон Абдуқаҳҳоров, як деҳқон аз ноҳияи Ашт мегӯяд, "нисбати соли гузашта имсол дар дарахтҳо 10 фоиз ҳам мева нест. Меваи будагӣ асосан навъи зардолуҳои ваҳшӣ аст. Дарахтҳо башумор мева доранд. Мардум зиндагиаш аз пушти ҳамин чиз буду имсол зиён диданд".

Тағйирёбии иқлим ва дигаргунии боду ҳаво сабаби асосии ин ҳолат гуфта мешавад. Боғҳои зардолу дар ноҳияҳои Ашт, Масчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Конибодому Исфара беш аз 50 ҳазор гектар масоҳат доранд.

Онҳоро сокинон баъди муҳоҷирати меҳнатӣ дуюмин манбаи асосии даромади хонаводаҳо мешуморанд. Имсол дар ҳамаи ин шаҳру ноҳияҳо вазъ якхел аст ва деҳқонон мегӯянд, ки кӯшиданд пеши роҳи камҳосилиро бигиранд, аммо зиёд комёб нагаштанд.

Обидҷон Охунов, деҳқон аз Конибодом мегӯяд, дар фасли зимистон ба хотири он, ки дарахтонро сармо назанад, зери дарахтон оташ афрӯхтанд, аммо ин кор ҳам монеи сармозадагӣ нашуд.

Намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба боғбонҳо тавсия додаанд, ки барои коҳиши зарар, дар байни дарахтон зироаткорӣ кунанд, вале ба андешаи деҳқонон, ин иқдом низ самарбахш нест.

Чаро зардолупарварони Суғд имсол ғамгинанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

Қобилҷон Абдуқаҳҳоров, деҳқон аз ноҳияи Ашт мегӯяд, "инҷо дар заминҳоямон ҳеч чиз нест. Деҳқонон дар заминҳо беда, ҷав ё пахта доранд. Пахтакорон ҳам ду соли охир базӯр пули меҳнаташонро мебароранд. Аз он ҳам фоида нест. Як килограм пахтаро пахтакор бо як сомонӣ мечинад, дору мепошад, харҷу фоидаашон сар ба сар ба мешавад. Онҳо низ нигаронанд".

Ба гуфтаи Обидҷон Охунов, деҳқони дигар аз Конибодом, ҳоло соҳибони тракторҳо барои шудгори як сотих замин 15 сомонӣ талаб мекунанд ва ин барои деҳқон гарон аст ва бинобар ҳамин, бисёриҳо барои кор ба Русия мераванд.

Тоҷирони меваи хушк ҳам мегӯянд, ки имсол тақрибан бекор монданд ва нархи зардолу феълан дар бозорҳо назар ба соли гузашта як баробар афзудааст. Соли гузашта баръакс аз ҳосили зиёд, ба нерӯи корӣ ниёз доштанд ва нархи зардолу ҳам ба тадриҷ поён рафта буд.

Бо вуҷуди мушкили об, деҳқонон аз беш аз 50 ҳазор гектар боғи зардолу дар вилояти Суғд ба ҳисоби миёна солона 100 ҳазор тонна ҳосил мегирифтанд.

Онҳо умедворанд, ки Вазорати кишоварзӣ ва дигар ниҳодҳои зирабт вазъи пешомадаро ба назар гирифта, ба кишоварзон дасти ёрӣ дароз мекунанд, то ба мушкили молӣ дучор нашаванд.

Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи боғу токпарварӣ, дар Тоҷикистон даҳҳо навъи зардолу вуҷуд дорад, аммо асосан парвариши наздик ба 20 навъ ба роҳ монда шудааст.

Тақрибан 10 навъи зардолу ба миқдори зиёд содирот мешавад, зеро бештар онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ҳастанд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG