Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зарар набинем гуфта, маҳсулотро як-ду сол нигоҳ медоранд." ВИДЕО


Деҳқонон зардолуи хушкро ба халта меандозанд.
Деҳқонон зардолуи хушкро ба халта меандозанд.

Нархи зардолуи хушк ё ғӯлинг дар бозорҳои вилояти Суғд то даҳ баробар нисбат ба солҳои пеш арзон шудааст.

Нархи зардолуи хушк ё ғӯлинг дар бозорҳои вилояти Суғд чанд баробар нисбат ба солҳои пеш арзон шудааст.

Бархе тоҷирон зардолуи хушкро аз деҳқонон мехаранд, то барои соли оянда захира кунанд.

Болтубой Ҳошимов, як тоҷир аз вилояти Суғд мегӯяд, “нархи як килограм зардолуи хушк аз 2 то 8-10 сомонӣ расидааст, ки нархи баланд нест аст ва солҳои гузашта аз 10 сомонӣ боло фурухта мешуд."

Бахши Кумитаи омори Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳисоб кардааст, ки дар шимоли кишвар имсол 157 ҳазору 186 тонна зардолуи хушк захира шудааст, ки назар ба соли гузашта қариб се баробар зиёд аст.

Видеоро инҷо бинед:

Зардолу дар Суғд имсол фаровону арзон шуд, аммо нарх ...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Кишоварзон дар вилояти Суғд се сол боз ҳосили хуби зардолу намегирифтанд, чун дар авҷи шукуфтани гул муғчаҳоро сармо мезад. Аз ҷумла, соли гузашта дар вақти гул кардани дарахтон ногаҳон барф борид. Имсол ҳаво гарм омад ва боғдрон умед доштанд, ки бо ҳосили хуб зиёни чандсоларо ҷуброн мекунанд. Аммо аз як тараф ҳосили зиёд нархро дар дохил поин овард ва аз сӯи дигар баста мондани марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бозорро суст кардааст.

Акрам Маҳмудов, тоҷир дар вилояти Суғд мегӯяд, имсол соли фарқкунандае барои деҳқонони ҳама минтақаҳои Тоҷикистон буд. "Бисёр вақт ҳосил дар ҷануб шавад, дар шимол намешуд. Ё дар шимол шавад, дар водии Зарафшон намешуд. Ё дар Помир намешуд. Ҳамеша муовизинат нигоҳ дошта мешуд. Аз ҳисобе, ки имсол дар тамоми Тоҷикистон ин маҳсулот шуд, нарх ба поён рафт,"--гуфт ӯ.

Деҳқонон мегӯянд, барои ҷамъоварии ҳосил заҳмати зиёд мекашанду харҷи бештар мекунанд, вале фоидаи камтар гирифтанд. Мавлуда Ғаниева, сокини вилояти Суғд, бо аҳли хонаводааш деҳқонӣ мекунад ва ҳамасола аз фоидаи зардолуву дигар навъи мевагиҳо рӯзгорашро таъмин месозад. Ӯ ҳарчанд фоидаи зиёде аз ҳосил надидааст, вале норизо нест. "Бисёр набошад ҳам, фоида ҳаст камтар. Ба ҳамин ҳам ҳазор шукри Худованд. Зиндагӣ гузашта истодааст,"--гуфт ӯ.

Барои онҳое, ки хушконидану фурӯши зардолу сарчашмаи асосии даромадашон аст, ноумед нашуда, интизори беҳбуди вазъ дар бозоранд.

Тоҷирону деҳқонон шитоб намекунанд, ки тамоми хосилашонро бо нархи арзон фурушанд. Умед доранд, ки нарх ҳатман боло меравад.

"Деҳқонон зарар набинем гуфта, маҳсулотро як ё ду сол нигоҳ медоранд. Баъд мефурӯшанд. Одам ҳеҷ вақт ба зарар кор намекунад. Агар назар кунед, маҳсулоти имсолаи деҳқонон ба заҳматаш мувофиқ наомада истодааст. Барои онки як рӯзи коргар дар вақти ҳосилғундорӣ 70 сомонӣ буд,"--гуфт Акрам Маҳмудов, тоҷир аз вилояти Суғд.

Дар вилояти Суғд беш аз 50 ҳазор гектар боғи зардолу ҳаст. Ин заминҳо дар минтақаҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ ҷойгиранд. Мувофики маълумоти Пажуҳишгоҳи боғу токпарварӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз сад навъи зардолу парвариш карда мешавад, аммо дар кишвар асосан парвариши наздик ба 20 навъ ба роҳ монда шудааст. Тақрибан 10 навъ ба миқдори зиёд содирот мешавад, зеро ин навъҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ бештар ҷавобгӯ мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG