Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи тахриби санги мазор дар Айнӣ баъди 2 сол баста шуд


Тахриби санги болои мазор дар яке аз гӯристонҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. 24 майи соли 2012
Тахриби санги болои мазор дар яке аз гӯристонҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. 24 майи соли 2012

Парвандаи тахриби санги қабрҳо дар мазори деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ баъди ду сол баста шудааст. Як манбаи наздик ба мақомоти тафтишот рӯзи 6 май гуфт, ангезаи ин кор ва, ҳамин тавр, омилонаш нокушода боқӣ монд.

Худсарона хароб кардани қабрҳо ва бар илова рабудани моли мурдагон дар кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мавзӯи ҳассос ба шумор меравад.

Фарҳод Қурбонов, раиси ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳарчанд тафтиш карданд, аммо ягон нафари гунаҳкорро наёфтанд. Сокинон дубора санги қабрҳои харобшударо барқарор карданд ва зоҳиран қазия бо ҳамин анҷом шуд.”

Дар идораи дини ҳукумати ноҳияи Айнӣ гуфтанд, ки ҳодисаи шикастани санги болои гӯрҳо дар деҳаи Ревад ягона ҳодиса дар ноҳия буд ва баъди он чунин иттифоқе такрор нашуд.

  • Мо ба ин мавзӯъ бо дархости як хонандаи вебсайти Радиои Озодӣ баргаштем, ки дар як нома пурсид, бо гузашти ду сол ин қазия бо чӣ анҷомид?
Яке аз рустоҳои ноҳияи Айнӣ
Яке аз рустоҳои ноҳияи Айнӣ

​Мақомоти пулиси ноҳияи Айнӣ моҳи майи соли 2015 аз рӯи ҳодисаи шикастани сангу катибаи болои қабрҳо дар рустои Ревади ноҳияи Айнии вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Мақомоти пулис он замон эълон карда буданд, ки афроди ношинос санги қариб 30 қабрро пора-пора карданд ва ин ҳодиса бар асоси банди “таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо” мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Ба гуфтаи манобеи пулис, таҳқиқи парвандаи шикастани беш аз 15 сангу сағонаи рӯи қабрҳо дар мазори “Ҷаннат–ул–бақия”-и ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ омилони ин амалро маълум ва дарёфт накардааст. Ин ҳодиса моҳи майи соли 2012 иттифоқ афтода, бархе аз рӯҳониён онро “кори дасти гурӯҳҳои навпайдои исломӣ” номиданд, ки “санг гузоштан, пӯшондан ва панҷара гирифтани қабрҳоро қабул надоранд ва бидъат мешуморанд”.

Санги шикастаи болои мазор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Соли 2012
Санги шикастаи болои мазор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Соли 2012

Дар ҳамин ҳол, мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон гуфтанд, фарде, ки даст ба тахриби 28 санги мазор дар оромгоҳи деҳаи Хурсандӣ задааст, як ҷавони 22-сола ва мубтало ба бемории равонӣ мебошад. Аз ҳукумати ноҳияи Бохтар рӯзи 1 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Дилшод Давлатбекови 22-сола дар ин мавзеъ алафдаравӣ намуда, тибқи хулосаи тафтишот, дар рӯзи аввал як санг ва фардои он, сангҳои болои 27 қабрро тахриб намудааст.

Худсарона хароб кардани қабрҳо ва бар илова рабудани моли мурдагон дар кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз қадим як мавзӯи ҳассос ба шумор меравад. Рӯҳониёни тоҷик мегӯянд, худсарона шикастану хароб кардани қабрҳо ва санги болои қабрҳо ба чаҳорчӯби одоб ва ахлоқи мусалмонӣ рост намеояд.

XS
SM
MD
LG