Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зиндагӣ дар гӯр"


Интишори хабар дар мавриди онҳое, ки дар шаҳри Насирободи минтақаи Шаҳриёр дар Эрон дар гӯрҳо хоб мекунанд, дар расонаҳои он кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоеро ба по кардааст. Рӯзномаи эронии "Қонун" рӯзи 27 декабр хабар дод, ки пас аз нашри гузориш дар ин маврид дар рӯзномаи "Шаҳрванд", кормандони пулис ин афродро бо латӯкӯб ва дашном, аз ин гӯристон берун кардаанд.

Ин рӯзнома бо ишора ба ин, ки ба ҷои ҳалли масъала, "сурати масъаларо пок карданд", навиштааст, ки бисёре аз хабарнигорон ва ниҳодҳои хайрия барои расидагӣ ба вазъияти ин афрод, ба гӯристони Насиробод рафтанд, аммо онҷоро холӣ ёфтанд. Тибқи ин гузориш, онҳо пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд танҳо яке аз афродеро, ки дар гӯристон зиндагӣ мекунад, пайдо карданд ва ӯ бо тарсу ҳарос гуфтааст, ки "танҳоямон бигзоред... як гурӯҳ аз масъулон омаданд ва моро латукӯб карданд. Ҳоло ҳамин гӯрро ҳам барои хобидан надорем."

Ин гузориш маълум накардааст, ки чӣ касоне ин афродро ба зӯр аз гӯристон берун кардаанд. Аммо рӯзномаи "Қонун" навиштааст, ки ин афрод, ки дар гӯристон ба сар мебаранд, пас аз берун шудан аз ин маҳал, ба хонаи нимавайронае дар ҳамон атроф паноҳ бурдаанд.

Пеш аз ин, рӯзномаи "Шаҳрванд" дар гузорише таҳти унвони "Зиндагӣ дар гӯр" навишта буд, ки "61 зан, мард ва кӯдак, шабҳо дар гӯр мехобанд ва дар ҳар гӯр як то 5 нафар зиндагӣ мекунанд". Ба навиштаи ин рӯзнома, дар миёни ин афрод теъдоде аз мӯътодони маводи мухаддир низ ҳастанд.

Рӯзномаи "Қонун" дар гузориши худ ишора кард, ки шаҳри Боғистон, ки гӯристони Насиробод дар он воқеъ шудааст, аз ҳама бештар марказҳои тарки гирифторӣ ба маводи мухаддир дар вилояти Теҳронро дорад. Ба навиштаи рӯзномаи "Шаҳрванд", яке аз ин афроде, ки дар гӯристон ба сар мебарад, дар посух ба ин суол, ки чаро ба марказҳои тарки маводи мухаддир муроҷиат намекунад, гуфтааст, ки "чанд бор рафтам, аммо онҷо манро мезаданд, мӯйҳоямро мекашанд, мӯйҳоямро метарошанд. Ҳанӯз ҷои латукӯб дар баданам ҳаст."

Тибқи ин гузориш, 61 зан, мард ва кӯдак, шабҳо дар гӯр мехобанд ва дар ҳар гӯр як то 5 нафар зиндагӣ мекунанд.

Дар пайи интишори гузориши рӯзномаи "Шаҳрванд" ва бозтоби мухталифи он дар ҷомеаи Эрон, додситонии умумӣ ва инқилоби Шаҳриёр дастури махсус барои сомондиҳидии вазъияти ин афрод дар гӯристони Насиробод содир кардааст.

Ба гузориши хабаргузории эронии ISNA, ба мақомоти пулис, ниҳодҳои муҳити зист ва шаҳрдорӣ барои ҷамъоварии ва беҳтар кардани афроде, ки дар ин гӯристон ба сар мебаранд, дастури хос дода шудааст. Раиси пулиси ноҳияи Шаҳриёр ҳам пас аз нашри ин гузориш эълон кардааст, ки аз ин гӯристон боздид карда ва инкор намекунад, ки мӯътодон ба ин маҳал рафтуомад мекунанд. Вай гуфтааст, нишасти изтирорӣ барои баррасии вазъияти гӯристони Насиробод баргузор хоҳад шуд ва ваъда додааст, ки ба вазъияти ин маҳал ба сурати фаврӣ расидагӣ мешавад.

Бинобар эъломи мақомҳои масъул дар Эрон, "миллионҳо тан" дар он кишвар даргири осебҳои иҷтимоӣ ҳастанд. Дар Эрон аз мӯътодӣ, талоқ, фақр, бекорӣ, кӯдакозорӣ, худкушӣ, дуздӣ, тарки таҳсил, бехонумонӣ ва ғайра ҳамчун осебҳои иҷтимоӣ ном бурда мешавад.

Раиси комиссияи иҷтимоии парлумони Эрон чанд моҳ пеш аз осебҳои иҷтимоӣ дар он кишвар интиқод карда ва гуфта буд, ки "сукути фарҳангӣ боис шудааст камтар ба масъалаҳои иҷтимоӣ пардохта шавад."

Абдуризо Раҳмон Фазлӣ, вазири умури дохилии Эрон низ чанд моҳ пеш дар парлумони он кишвар гуфта буд, ки раҳбари Ҷумҳури исломӣ дар ҷаласае бо ҳузури ӯ гуфта буд, ки Эрон дар заминаи коҳиши осебҳои иҷтимоӣ ва бартараф кардани онҳо, "20 сол" ақиб аст.

Вазири умури дохилии Эрон дар оморҳои худ ҳамчунин эълом карда буд, ки солона 400 ҳазор нафар эронӣ зиндонӣ мешаванд ва Эрон бо мушкилоте чун бекории 3,5 миллион шаҳрванд ва мӯътодии 1,5 миллион тан, дасту панҷа нарм мекунад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG