Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи наврасони гумонбар дар таҷовузи духтари 7-сола ба додгоҳ рафт


Акс аз бойгонӣ

Додситонии ноҳияи Ҳисор тафтиши парвандаи ду ноболиғи гумонбар дар таҷовузи як навраси 7-соларо ба анҷом расонида ба баррасии додгоҳи шаҳри Душанбе ирсол кардааст.

Худи духтар иқрор кардааст, ки баъди озору азият писарони ҳамсоя дар гулӯяш корд монда, ба ӯ таҳдид кардаанд, ки дар ин бора ба касе лаб накушояд.

Ноболиғон С.Р-и 14-сола ва Т.Р.-и 15-сола, сокинони деҳаи Кончии Ҳисор дар таҷовуз ба номуси духтари ҳамсоя гумонбар мешаванд, ки моҳи июни соли ҷорӣ рух додааст. Як манбаъ дар додситонии Ҳисор рӯзи 10-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин парванда аз рӯи моддаи 139, қисми 4, яъне "Ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” таҳқиқ шуд. Кодекси ҷиноӣ барои ин ҷиноят аз 15 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Юсуф Раҳимов, бародари С.Р-и 14-сола дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, парванда ҳанӯз як ҳафта пеш ба додгоҳ ирсол шуда, С.Р ҳамроҳ бо Т.Р. аз моҳи июл ба ин тараф дар боздошт ҳастанд. «Ҳоло додгоҳ кай ҳукми худро содир мекунад маълум нест, чун суд ҳоло қарори худро набаровардааст, ман ҳам чизе гуфта наметавонам». Волидони С.Р. даст доштани фарзанди хонаводаро дар ин кор тасдиқ ё рад намекунанд. Онҳо фақат мегӯянд, ки ба адолати судӣ умедвор ҳастанд.

Кӯчае дар деҳаи Кончӣ
Кӯчае дар деҳаи Кончӣ

Хабари таҷовузи духтари ҳафтсола ва хонандаи синфи якуми мактаби рақами 114 дар Ҳисор аввали моҳи июн расонаӣ шуд. Тафтиши аввалияи ҳодисаро мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҳисор анҷом додааст. Дар баробари се хонавода, ҳамчунин дар ин ҳодиса пойи масъулини мактаб ва маҳалла ҳам кашида шуд. Ду ҳафта пас аз расонаӣ шудани ин хабар ду мудири мактаб аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Маҳмадраҷаб Шоев, мудири мактаби рақами 114-и деҳаи Кончии ноҳияи Ҳисор гуфт, пас аз ин ҳодиса аризаи истеъфояшро навишт. Аммо як манбаъ гуфт, ки Маҳмадраҷаб Шоев ва Маҳмадалӣ Ҳаётов - раҳбари мактаби рақами 26 дар деҳаи Гулхании ноҳияи Ҳисор бо тасмими шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор барканор шуданд.

Волидони духтар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "рӯзи 9-уми июн ҳамсояписари 14-сола Г.Ҷ.-ро бо роҳи фиреб ба дохили хонаашон бурда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Сипас ба духтари ноболиғ таҳдид кардааст, ки агар дар ин бора ба касе лаб кушояд, зинда намемонад. Барои ҳамин, духтар рӯзи аввал хомӯш мондааст."

Ташхиси рӯзи 11-уми июн низ муайян кардааст, ки духтар мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Худи духтар иқрор кардааст, ки баъди озору азият писарони ҳамсоя "дар гулӯяш корд монда, ба ӯ таҳдид кардаанд, ки дар ин бора ба касе лаб накушояд".

Ин ҳодиса аҳолии деҳаро низ нигарон кард. Сокинони дигар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса бояд одилона баррасӣ шавад ва шахсони гунаҳкор мувофиқ ба амале, ки нисбат ба духтари ноболиғ анҷом додаанд, ҷазо гиранд.

Дар ҳоле ки ҷонибҳои гумонбар ва ҳам ҷабрдида дар як ҷинояти номусӣ аз ошкор шудани ҷузъиёти ҳодиса шарм мекунанд, мақомот ва ҳам равоншиносон мегӯянд, ин мавқеъ комилан нодуруст аст ва фош шудани чунин ҳодисаҳо ба фоидаи ҳама аъзои ҷомеа мебошад.

Қонунҳои Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад. Танҳо соли 2017 дар Тоҷикистон 68 ҷинояти ахлоқӣ сабт шудааст, ки бештари маврид он марбут ба "ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта", яъне зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон будааст. Ин танҳо оморест, ки дар пайи содир шудани ҷиноят сабт шудааст.

Шарҳҳоро бинед (18)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG