Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду писари гумонбар дар таҷовузи духтари 7-сола боздошт шуданд


Кӯчае дар деҳаи Кончӣ

Мақомоти интизомии ноҳияи Ҳисор ду ноболиғе ки барои таҷовузи як навраси 7 сола гумонбар буданд боздошт карданд. С.Р-и 14-сола ва Т.Р.-и 15-сола сокинони деҳаи Кончии Ҳисор барои таҷовузи ҳамсоядухтари наврасашон гумонбар ҳастанд. Хабари таҷовузи ин наврас ва хонандаи синфи якуми мактаби рақами 114 дар Ҳисор моҳи гузашта расонаӣ шуд. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Яке аз пайвандони С.Р-и 14-сола 16-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт баъд аз чанд рузи бозпурсӣ ҳафтаи пеш мақомот С.Р-ро ҳамроҳ бо Т.Р боздошт кардаанд ва ҳануз баррасии қазия ниҳоӣ нашудааст. Волидони С.Р. даст доштани фарзанди хонаводаро дар ин кор тасдиқ ё рад намекунанд. Онҳо фақат гуфтанд, ки талош доранд, ташхис инро дақиқ кунад.

Ду ҳафта қабл ҳам дар пайи иддаои таҷовуз шудани ин духтари ҳафтсола дар ноҳияи Ҳисор ду мудири мактаб аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Волидони духтар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карданд, ки "ҳамсояписари 14-сола Г.Ҷ.-ро бо роҳи фиреб ба дохили хонаашон бурда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Сипас ба духтари ноболиғ таҳдид кардааст, ки агар дар ин бора ба касе лаб кушояд, зинда намемонад. Барои ҳамин, духтар рӯзи аввал хомӯш мондааст."

Ташхиси рӯзи 11-уми июн низ муайян кардааст, ки духтар мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Худи духтар иқрор кардааст, ки баъди озору азият писарони ҳамсоя "дар гулӯяш корд монда, ба ӯ таҳдид кардаанд, ки дар ин бора ба касе лаб накушояд".

Ин ҳодисаи пурсарусадо аҳолии деҳаро ба шӯр овардааст. Сокинони дигар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса бояд одилона баррасӣ шавад ва шахси гунаҳкор мувофиқ ба амале, ки нисбат ба духтари ноболиғ анҷом додааст, ҷазо гирад.

Қонунҳои Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад. Танҳо соли 2017 дар Тоҷикистон 68 ҷинояти ахлоқӣ сабт шудааст, ки бештари маврид он марбут ба "ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта", яъне зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон будааст. Ин танҳо оморест, ки дар пайи содир шудани ҷиноят сабт шудааст.

Видеоҳои охирин

Кӯҳнавардони осебдида дар бемористони "Истиқлол" бистарӣ шуданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:52 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG