Дар ноҳияи Хуросон табибон барои наҷоти ду узви як хонаводае талош доранд, ки бар асари истеъмоли ғизои олуда заҳролуд шудаанд. Ба онҳо муяссар шудааст, вазъи сиҳатии чаҳор узви дигари ин хонавода дар ноҳияи Хуросонро ба эътидол биёранд, аммо вазъи Абубакри 8-сола ва Идонаи 13-сола вазнин будааст.
Аҳли оилаи Райҳона Одинаева аз деҳаи Меҳнатобод рӯзи 10-уми декабр баъд аз истеъмоли палав ҳамроҳ бо консервае, ки тобистон тайёр карда буданд, заҳролуд шудаанд.
Пайвандони Райҳона Одинаева мегӯянд, ӯ ҳамроҳи чаҳор фарзанд ва хоҳари шавҳараш дар беморхона муолиҷа мегиранд. Тоҷназар Ҷалилов, яке аз наздикони Райҳона Одинаева, рӯзи 13-уми декабр гуфт, Абубакр Одинаев ва Идона Одинаева бо гузашти се рӯз аз ҳодиса, ба ҳуш наомадаанд.
Ҳамааш баъди истеъмоли палав дар нисфирӯзӣ сар зад. Ба онҳо ҳавои сунъӣ дода истодаанд, ба дигарон духтурон давои қатраӣ монда истодаанд.
Дигар аъзои оила бо шумули Раҳима Одинаеваи 15-сола ва Аббос Одинаеви 17-сола низ ҳоло дар бемористон ҳастанд. Аммаи хонавода Шамсия Одинаева аз истеъмоли консерва заҳролуд шуда, зери назари табибон қарор дорад.
Ба гуфтаи Тоҷназар Ҷалилов, баъд аз хӯрдани консерваи дастсохт аҳли оила беҳуш шудаанд ва ҳамсояҳо онҳоро ба беморхона бурдаанд. “Ҳамааш баъди истеъмоли палав дар нисфирӯзӣ сар зад. Ба онҳо ҳавои сунъӣ дода истодаанд, ба дигарон духтурон давои қатраӣ монда истодаанд” - гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Раҷабалӣ Гулов, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи аъзоёни ин хонавода зери назорати қатъии онҳо қарор доранд.
"Дар истеъмоли консерва эҳтиёт кунед"
Баъди заҳролуд шудани аъзои хонаводаи Райҳона Одинаева, мақомот аз сокинон хостаанд, ки дар истеъмоли консерваҳои худсохт эҳтиёт кунанд, зеро эҳтимоли заҳролуд шудан вуҷуд дорад. Табибон аз мардум хостаанд ки дар сурати камтарин шубҳа ба сифати консерва ваё тағйир ёфтани сарпӯши зарфи консерва ва варам кардани маҳсулоти дохилаш - аз хӯрдани он қатъият даст кашанд.
Маҳмуд Каримов, раиси маҳаллаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Раиси маҳаллаи Меҳнатобод афзуд, падари хонаводаи заҳролудшуда дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад ва онҳо дар канори хонавода ҳастанд ва барояшон кӯмак мерасонанд.
Деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон маҳаллаи навбунёд буда, сокинони он муҳоҷирон аз дигар минтақаҳо мебошанд. Давоми 10 соли ахир аз ноҳияҳои Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ, Рашт ва ВМКБ ба инҷо муҳоҷирон оварда шудаанд.
Консерваи дастсохт: Хатар ё чораи ноилоҷӣ
Сокинони Тоҷикистон бо далели гарон ва камчин шудани меваву сабзавот дар зимистон, дар фасли тобистон ин маҳсулотро дар шакли консерва захира мекунанд.
Мутахассисон мегӯянд, агар консерва то андозае мушкили захираи ғизоро ҳал мекунад, вале хатар ҳам дорад. Дар сурати риоя нашудани меъёрҳои тозагӣ, истифода аз маҳсулоти дорои маводи кимиёии зиёд, дар дохили консерва таҷзияҳои кимиёӣ мегузарад ва ғизои хушхӯр ба заҳр табдил шуда метавонад.
Рӯзи 10-уми декабр чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб дар натиҷаи истеъмоли ғизои олуда, заҳролуд шудаанд. Соли 2012 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бар асари истеъмоли консерваи заҳролуд, як нафар ҷони худро аз даст дод. Соли гузашта 3 нафар дар Кӯлоб низ ҷон доданд.
Истеъмоли консерваи заҳролуд метавонад инсонро ба бемории хатарноки мисли ботулизм гирифтор кунад. Табибон машварат медиҳанд, ба хотири амнияти худу аҳли оила аз истеъмоли консерваҳои шубҳанок даст кашед ва ё танҳо аз маҳсулоти амну барои худ ошно истеъмол кунед.