Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як сокини Кӯлоб бар асари заҳролудшавӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари заҳролудшавӣ як сокини Кӯлоб фавтида ва панҷ тани дигар таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Амиралӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, 18 июл ба Озодӣ гуфт, ин ҳодиса баъд аз зуҳри якшанбе иттифоқ афтодааст.

Вай афзуд, "баъди хӯроки чошт шаш узви хонаводаи Шариф Таваккалов, сокини деҳаи Навободи Кӯлоб, заҳролуд шуда ва ҳамаашон ба бемористон оварда шуданд. Дар натиҷа, бар асари заҳролудшавӣ падари хонавода – Шариф Таваккалов фавтида ва панҷ узви дигари хонавода – Саодат Маҳмудова, Зулайхо Маҳмудова, Маҳина Тавакаллова, Хайриддин Тавакаллов ва Ҳуснорои Шариф – таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд."

Раҷабзода гуфт, вазъи Ҳуснорои Шариф ва Зулайхо Маҳмудова, набераҳои хонавода, низ хеле вазнин буд ва баъд аз ёрии табибон ҳолашон нисбат ба дирӯз беҳтар шудааст. Ҳарчанд пизишкон мегӯянд, ин хонавода дар пайи ғизои чошт заҳролуд шуда ва ба бемористон афтодаанд, аммо то ҳол сабаби дақиқи заҳролудшавии онҳо мушаххас нашудааст.

Кормандони маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии минтақа дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ангезаҳои заҳролудшавии хонаводаи Шариф Таваккаловро мушаххас мекунанд.

Заҳролудшавии як хонавода дар Кӯлоб дар ҳолест, ки моҳи январи соли ҷорӣ се узви як хонавода дар ин минтақа бо нишонаҳои заҳролудшавӣ фавтида буданд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сабаби онро “ботулизм” унвон карда буд. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки ин се сокини шаҳри Кӯлоб дар пайи истеъмоли бодирингу помидори консервшуда фавтидаанд.

Шоми 4 январ Шарифамоҳ Маҳмудоваи 61-сола ҳамроҳ бо фарзандонаш – Гулчеҳра Одинаеваи 32-сола, наберааш Гулнисои 8-сола ва се аъзои дигари хонавода пас аз тановули хӯроки шом худро нотоб ҳис карда ва ба табибон муроҷиат карданд. Давоми 24 соат се узви ин хонавода аз дунё гузашта, се нафари дигар баъди истифодаи доруи зидди ботулизм аз бемористон ҷавоб шуданд. Фосилаи байни ин маргҳо ҳудудан 8 соат будааст.

Наврӯз Ҷаъфаров дар посух ба ин суол, ки оё табибон натавонистаанд бемории ин се нафарро дуруст ташхис бидиҳанд ва ё бемористон барои қабули онҳо омода набуд? гуфта буд: "Беморхона омода буд, аммо шаҳрвандон натавонистаанд аломатҳои маризии худро ба пуррагӣ фаҳмонанд. Яъне, ё гуфтаанд, ки сарамон дард мекунад ё диламон дард мекунад. Вақте аломати беморӣ норӯшан аст, табиб ҳам роҳгум мезанад."

Солона даҳҳо нафар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо ба бемористонҳои кишвар интиқол меёбанд ва дар аксар маврид аз баракати таҷрибаи табибон ва амалҳои саривақтии онҳо ҷон ба саломат мебаранд.

XS
SM
MD
LG