Пайвандҳои дастрасӣ

Заҳролудшавии панҷ хонандаи мактаб аз нӯшидани "Спрайт"


Панҷ хонандаи синфи ҳаштуми мактаби шумораи 30-и деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор се рӯз қабл баъди истеъмоли нӯшобаи "Спрайт" заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин ба бемористони интиқол ёфтанд. Раҷабалӣ Қурбонов, сардухтури бемористони ноҳияи Фархор сешанбеи 10-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ду нафари заҳролудшудаҳо аз бемористон ҷавоб дода шуда, се нафари дигар зери муолиҷаи табибон қарор доранд.

Раҷабалӣ Қурбонов афзуд, ки рӯзи шанбеи гузашта ин хонандаҳо баъди истеъмоли нӯшокии "Спрайт" ба ин ҳолат гирифтор шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд. Ӯ мегӯяд, ки онҳо дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда шуданд ва пас аз бистарӣ кардан дар шӯъбаи эҳёгарӣ, ба худ омаданд.

"Рӯзи шанбе баъди дарси тарбияи ҷисмонӣ кадоме аз ҳамсинфонашон нӯшокии "Спрайт" меорад, онро менӯшанд ва заҳролуд мешаванд. Дар ҳолати вазнин ба бемористон оварданд, мо тамоми талошро кардем, ҳатто аз Душанбе табибонро даъват кардем. Ҳоло ҳамон қуттии нӯшокӣ барои ташхис ба Душанбе ирсол шудааст, то дақиқ кунанд, ки дар таркиби он чӣ буд”, - гуфт Раҷабалӣ Қурбонов. Табибон мегӯяд, ки панҷ нафаре, ки ба заҳролудшавӣ гирифтор шуда буданд, дар як синф таҳсил мекарданд ва 14-сола мебошанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG