Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз боздошти Нурализода. Вазорат дар ҳама утоқҳояш "камера" гузошт. ВИДЕО


Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамаи утоқҳои кории ин вазоратхонаро бо таҷҳизоти сабткунандаи видеоӣ ва садоӣ муҷаҳҳаз карда, аз ин роҳ мехоҳад аз фасодкорӣ дар фаъолияти кормандонаш ҷилавгирӣ кунад.

Завқӣ Завқизода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ зимни нишасти хабарии ин вазоратхона дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи боздошт ва зиндонӣ шудани Аскар Нурализода, як масъули ин ниҳод гуфт, ки ҳамакнун ба хотири пешгирӣ аз фасоди кормандон, дар ҳама утоқҳои кории ин ниҳод камераҳои назоратӣ насб шудааст.

Созмони Шаффофияти Байналмилал ё Транспаренси Интернешнл, мегӯяд, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

Вай ҳамчунин афзуд, ки ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди ин вазоратро дар бораи аз салоҳияти масъулони ин ниҳод берун кардани тасмимгирӣ дар бораи шомил сохтани сохторҳои барномаҳои давлатӣ, қабул кард. Вай афзуд, ки ҳамакнун гирифтани тасмим барои ворид кардан ба ин барномаҳо, ба як комиссияи махсуси ҳукуматӣ вогузор шудааст. То ба ҳол таҳия ва иҷрои барномаҳои мухталифи иқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди арсаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бар дӯши ин вазоратхона буд ва ҳамакнун онҳо чунин ҳаққеро надоранд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми январи имсол Аскар Нурализода, як масъули ин вазоратро ба гирифтани тақрибан 500 ҳазор доллар ришва айбдор донист ва ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Ин мақоми собиқи Вазорати рушди иқтисод тирамоҳи соли гузашта аз тарафи маъмурони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд.

Пас аз боздошти Нурализода. Вазорат дар ҳама утоқҳояш "камера" гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Мақомот гуфтанд, ки Нурализода барои мусоидат дар гирифтани 10 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашти давлатӣ аз як шаҳрванд дар маҷмӯъ 1 миллион доллар хоста, ба номи ҳамсари худ як хонаи сеҳуҷраӣ низ талаб намуда буд. Ба иттилои расмӣ, ӯ ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар дар Душанбе дастгир шуд. Дар пайи ин, ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ӯро аз сафи худ ронд ва узвияташ дар Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ қатъ гардид.

Аскар Нурализода.
Аскар Нурализода.

Аммо Савриннисо Холиқова, ҳамсари Аскар Нурализода, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсараш дар додгоҳ худро бегуноҳ номида, талош кардааст, то даст надоштани худ дар ин ҷиноятро собит кунад. Холиқова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамсарам гуноҳ надорад ва ба доми фиреб афтодааст.”

Савриннисо Холиқова гуфт, хонаеро, ки гӯё шавҳараш ҳамчун “пора” барои ӯ талаб кардааст, ҳеч гоҳ бо чашмаш надидааст. “Дар ин бора гуфтаниам, ки ҳамаи инҳо туҳмат аст. Мо то ҳозир ду оила дар хонаи дуҳуҷраӣ зиндагӣ мекунем. Ман имзо накардам, нарафтам, намедонем чӣ хел ба номи ман хона карданд. Чигуна ба номи ман шартномаи харидуфурӯши хона кардаанд, ки ман хонаро надидаам?” -суол гузошт Савриннисо Холиқова.

Ҳамсари Аскар Нурализода, инчунин, гуфт, худи шавҳараш дар додгоҳ исбот кардааст, ки ҳамаи иттиҳомҳо нисбат ба ӯ туҳмат мебошанд. Холиқова бо радди иддаои тафтишот дар ҳаққи шавҳараш афзуд, “ягон чиз надорем. Писарам аз бонк қарздор аст. Агар шавҳари ман порахӯр мебуд, ба писараш маблағ намедод, ки қарзашро диҳад? Ё хонаи калон намегирифт? Намедонем, ки аз пайи ӯ афтид.”

Наздикони Аскар Нурализода мегӯянд, ӯ 33 сол дар идораҳои давлатӣ кор кардааст ва боре ҳам огоҳӣ нагирифта буд. Онҳо мегӯянд, додгоҳ ваҷҳои сабуккунандаи ҷазо алайҳи Нурализодаро ба эътибор нагирифт.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилал ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

XS
SM
MD
LG