Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду паҳлӯи як мубориза. “Муаллимро нишон доданд, генералро не”


Ҳабси беш аз даҳ корманди собиқи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ва боздошти корманди Вазорати рушди иқтисод бо ним миллион доллар пора, аз хабарҳои муҳим дар сангари мубориза бо фасод дар Тоҷикистон дар як соли ахир буд. Аниқтараш парвандаҳое буд, ки дар бораашон матбуот хабар дод ва ин қазияҳо ба унвони тадбирҳои ҳукумат дар амри ҷилавгирӣ аз фасодхории мақомоти тоҷик дар соли 2017 муаррифӣ шуд.

Бо ин, ки таваҷҷӯҳи матбуот ба парвандаи пурсарусадотарини сол - боздошти гурӯҳии мақомдорони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод шурӯъ аз замони дастгир шудани нахустин гумонбар дар моҳи апрел то охири тобистон мавриди таваҷҷӯҳи матбуоти мустақил қарор дошт, вале мақомот талош карданд камтарин иттилоъро дар бораи ҷараёни тафтишоту мурофиаҳои додгоҳӣ пинҳон кунанд.

Андешаи ин, ки дар Тоҷикистон танҳо фасодкорони интихобӣ ва ё масъулони сатҳи поин, муаллиму духтур боздошт мешавад, солиёни зиёд аст, ки аз ҷониби журналистон дар матбуот ва ҳам нишастҳои матбуотӣ бо мақомот матраҳ мешавад.

Дар ниҳоят, додгоҳ беш аз даҳ корманди собиқи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасодро ба мӯҳлатҳои аз 7 то 15 сол зиндонӣ кард. Ба фарқ аз онҳо, раванди боздошти Аскар Нурализода, корманди Вазорати рушди иқтисод батафсил шарҳ дода шуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, таҳлилгарон мегӯянд, боздошту ошкор кардани ҷурми фасодкорон дар Тоҷикистон интихобӣ буд ва зоҳиран онҳое боздошту зиндонӣ шуданд, ки аз “хати сурх” берун пой ниҳоданд. Бо ин вуҷуд, на ҳамаи онҳое, ки “хати сурх”-ро зер карда буданд, кору аъмолашон ошкор шуданд.

“Муаллимро намоиш медиҳанд, генералро не”

Алишер Зарифӣ, хабарнигори тоҷик.
Алишер Зарифӣ, хабарнигори тоҷик.

Алишер Зарифӣ, хабарнигори тоҷик, ки ин ин ҳодисаҳоро пайгирӣ кардааст, мегӯяд, бархӯрди мақомот ба парвандаҳои пурсарусадо аҷиб буд. Ӯ гуфт, то охир парвандаи боздошти кормандони собиқи Оҷонсӣ, ки сару садояш чанд моҳ зеҳни сокинонро машғул дошт ва атрофи дорои боздоштшудаҳо афсонаҳо эҷод шуд, дар ниҳоят интизори ҷомеаро бароварда насохт.

Ин парванда, ки ба гуфтаи Зарифӣ бояд ба сокинон нишон медод, ки “ҳатто баландмақомҳо аз ҷазо эмин нестанд”, баръакс шаку гумонҳоро бештар кард. Ӯ гуфт, вақте боздошти як муаллими оддӣ ҳангоми гирифтани пора аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешавад, “муҳри махфӣ” дар парвандаи мансабдорони баландмақом таъмини адолатро зери суол мебарад.

“Дар чунин ҳолат саволҳои зиёде пайдо мешавад, ки шояд пушти ин гуна боздоштҳо нафароне ҳастанд, ки мақомот намехоҳанд фош шаванд? Чун нишон надоданд ва мурофиаҳо бидуни ширкати ВАО гузашт, пас таги коса нимкосае аст. Шояд пушти чунин парвандаҳо афроде ҳастанд, ки фош шудани онҳоро намехоҳанд. Вақте мехоҳанд, ки мардум чунин фикр накунанд, пас бояд шаффофиятро баробар таъмин кунанд,” - гуфт Алишер Зарифӣ.

“Шояд ман боздошт намешавам...” Андешае, ки фасод мезояд

Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик авоили ин ҳафта ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақомоти сатҳи боло дар Тоҷикистон талоши мубориза бо фасод доранд, вале дар асл танҳо афроди ҷудогона ва зоҳиран интихобӣ боздошт мешаванд. Ин омил ба гуфтаи Олимов, ҷиддияти мубориза бо фасодро зери суол мебарад. Ҳарчанд ҳоло ба гуфтаи ӯ, аксари парвандаҳои боздоштшудаҳо бо иттиҳоми зиддифасод суолҳои зиёди беҷавоб доранд.

Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик.
Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик.

“Дар маҷмӯъ дар бораи фасод хабарҳоеро нашр мекунанд, ки характери таҳлилӣ надоранд. Ҳар ҳодиса бояд бо далелҳои ошкоро таҳлил шавад. Мавод бояд пешниҳод шавад, ки боиси таваҷҷӯҳ бошад ва қобили қабул бошад. Ин бояд характерӣ намунавӣ дошта бошад. Дар мисоли як кас як ҷиноятро нишон бидиҳанд, ки ибрат бигиранд. Аммо ба таври интихобӣ боздошт кардани афроди алоҳида, танҳо тарсондан ҳасту халос, ки ҷиноятро кам намекунад”.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи Олимов, нобаробариҳо дар мубориза бо фасод андешаи аксари онҳое, ки имкони гирифтани раишваро доранд, тағйир додааст: “Вақте хотирбинӣ ҳаст, бисёриҳо фикр мекунанд, ки хатари боздошт ба ӯ таҳдид намекунад. Шояд маро боздошт намекунанд ва ё ба касе бовар дорад, ки ҳангоми ба даст афтодан ӯро озод мекунад. Ин андеша шикаста шавад, фикр мекунам, фасодкорӣ коҳиш меёбад. Ин андеша вақте аз байн меравад, ки дар мубориза бо фасод ба касе раҳм нашавад.”

“Боздошти фасодкорон кори содда нест”

Вале ба ин андеша, ки мақомот дар мубориза бо фасод хотирбинӣ мекунанд, мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасод розӣ нестанд. Нигора Муқимӣ, як масъули Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ин ниҳод тамоми талошро ба харҷ медиҳанд, то аз фасодкорӣ дар ҷомеа ҷилавгирӣ кунанд.

Ӯ гуфт, боздошти фасодкор кори осон нест, шахси фасодкор бояд дар ҷои ҳодиса ва аз рӯи факту далел боздошт шавад ва худи фасодкор ҳам ҳамеша талош мекунанд, ки боздошт нашаванд. “Барои боздошти як нафар далел даркор аст, шоҳид даркор аст. Ин кори мушкил аст, ки ҳамеша кормандони оҷонсӣ талош мекунанд, онро хуб анҷом диҳанд”, - гуфт ӯ.

Андешаи ин, ки дар Тоҷикистон танҳо фасодкорони интихобӣ ва ё масъулони сатҳи поин, муаллиму духтур боздошт мешавад, солиёни зиёд аст, ки аз ҷониби журналистон дар матбуот ва ҳам нишастҳои матбуотӣ бо мақомот матраҳ мешавад. Истилоҳи “моҳичаҳо боздошт мешаванд, на наҳангҳои фасодкор” аз миёнаҳои солҳои 2000-ум пайваста дар матбуот садо медиҳад.

Мақомоти Оҷонсии зиддифасод дар як пурсиши худ ду сол пеш гуфтаанд, ки вуҷуди фасод дар кишварро аксари сокинон таъйид мекунанд ва кормандони сохторҳои интизомӣ, маорифу тибро аз бахшҳои фасодзадатарин унвон мекунанд. Вале бо ин вуҷуд, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳанӯз мавриде нашудааст, ки афроди бонуфузи тасмимгиранда ва фасодкорони ашадӣ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Алиакбар Абдуллоев, узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии мубориза бо фасод
Алиакбар Абдуллоев, узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии мубориза бо фасод

Алиакбар Абдуллоев, узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии мубориза бо фасод ба Радиои Озодӣ гуфт, “боздошти чанд корманди Оҷонсии зидди фасод ва чанд мақоми баландпоя нишон дод, ки ин ниҳод дастрасӣ ба наҳангҳои “дарёи фасод”-ро низ дорад. “Агар боздошти мансабдорони баландпояро ва то анҷоми мантиқи бурда расонидани додгоҳӣ онҳоро ба назар гирем, дар соли ҷорӣ ҷуръати оҷонсӣ хеле зиёд буд”.

Абдуллоев гуфт, як масъалаи ҷиддӣ дар кори аксар сохторҳои ҳифзи қонун ва ба вижа Оҷонсии зиддифасод, ки инак 10 сол аст кор мекунад, ин аст, ки барои матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зиёд дастрас ва боз нест. Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ ба вижа ҳамкории Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод бо ҷомеаи шаҳрвандӣ назаррас набуд.

Созмони ҷаҳонии шаффофият, "Transparency International" дар раддабандии соли 2016 оид ба фасодпазирӣ Тоҷикистонро дар зинаи 151 қарор дода буд, ки нисбати як соли пеш15 зина қафо мебошад. Ин ба маънои боло рафтани сатҳи фасод дар Тоҷикистон фаҳмида мешавад. Дар раддабандии соли 2015 Тоҷикистон мақоми 136-ро дошт. Мақомоти Тоҷикистон арзёбиҳои ин созмонҳоро қабул надоранд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG