Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурализода барои $500 000 ришва 11 сол зиндонӣ шуд


Аскар Нурализода.

Аскар Нурализода, як масъули собиқи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба ҷурми гирифтани тақрибан ним миллион доллар “пора” ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомоти Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 18-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карданд.

Мақомоти Оҷонси зиддифасод мегӯянд, Нурализода барои иҷрои ваъдааш ба номи ҳамсари худ як хонаи сеҳуҷраӣ низ талаб намуда буд

Нурализода тобистони соли гузашта боздошт шуд. Дар пайи он, ҳизби ҳокими халқӣ – демократӣ ӯро аз сафи худ ронд ва узвияташ дар Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қатъ гардид.

Масъулони Додгоҳи ноҳияи Сино гуфтанд, ки ҳукми Аскар Нурализода рӯзи 10-уми январи имсол содир шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. “Ҳоло ӯ ҳақ дорад, ки барои бозбинии ҳукм ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят барад”, - афзуд мусоҳиби мо дар додгоҳ.

Ин мақоми Вазорати рушди иқтисод ва савдо тирамоҳи соли гузашта ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар дар назди тарабхонаи “Афсона”-и шаҳри Душанбе боздошт шуд. Маъмурони Оҷонси зиддифасод гуфтанд, баъдан ҳангоми тафтиши манзили зисти Нурализода 10 ҳазор доллари дигар, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, ёфт шудааст.

Мақомоти Оҷонси зиддифасод гуфтанд, Аскар Нурализода барои мусоидат дар гирифтани 10 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашти давлатӣ, аз як шаҳрванд 1 миллион доллар хоста буд. Мақомот мегӯянд, Нурализода барои иҷрои ин ваъдааш ба номи ҳамсари худ як хонаи сеҳуҷраӣ талаб намуда, дар чанд ҳолати дигар овардани пули нақдро низ тақозо карда буд.

Тафсилот нашр мешавад

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG