Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари вазир муовини вазир шуд


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мансабдорони тоза таъиншуда
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мансабдорони тоза таъиншуда

Ду рӯз баъд аз интиқоди тундаш аз хешу таборбозӣ дар сиёсати кадрӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як силсилаи фармонҳо кадрҳои, ба гуфтаи дафтари матбуоташ, аксаран ҷавону ояндадорро ба мансабҳои баланд таъин кард.

Дар чорчӯби тағйироти ахири кадриаш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 июл Эмомиддин Асловро муовини вазири энержӣ ва захираҳои об таъин кард. Ҳамин тавр, Мавсумахон Муинова – муовини якум ва Қиёмиддин Нуралиев муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Заробиддин Файзуллоев – муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нав, Муртазо Ҳайдарзода – раиси Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар Бадахшон, Талбидагӣ Давлатов, Фозил Раҳимов ва Қиёмиддин Самарзода муовинони фармондеҳи Горди миллӣ ва Кабирҷон Ҷӯраев ва Носирҷон Бӯриев мушовирони раисиҷумҳур таъин шуданд.

"Кадрҳои ҷавону ояндадор"

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо ин мансабдорони нав “онҳоро ба кору хизмати содиқонаю бенуқсон, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлату миллат ва тарбияи кадрҳои ҷавони ояндадор ҳидоят намуд.”

Бино бар ин манбаъ, аксари ин нафарон “кадрҳои ҷавону ояндадор” буда, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “минбаъд низ ба таълиму тарбияи кадрҳои ҷавони болаёқат ва пешниҳоди онҳо ба вазифаҳои пурмасъулият бояд кӯшиш ба харҷ дод, то ки насли ояндаи соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ бо сифати баланд омода карда шавад.”

Бозгашти дуюми Аслов

Олег Дерипаска(аз чап) ва Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов. Акс аз 1 феврали соли 2006
Олег Дерипаска(аз чап) ва Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов. Акс аз 1 феврали соли 2006

Эмомиддин Аслов инак бори дуюм ба ин мақоми баланди давлатӣ менишинад. Ӯ то 24 апрели соли 2006 муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон буд. Вале дар айни авҷи бебарқӣ ва идомаи баҳси сохтмони нирӯгоҳи Роғун бо ширкати РусАли миллиардери рус Олег Дерипаска, ки дар соли 2004 маблағгузории сохтмони сарбанди ин нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳимро ба дӯш гирифта, баъдан бо баҳонаи баҳси баландии сарбанд аз ин тарҳ даст кашид, Эмомалӣ Раҳмон дар баҳори соли 2006 тамоми раҳбарияти вазорати энержӣ ба шумули вазираш Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов ва ҳамаи муовинони ӯ – чанде пештар Алексей Силантев ва дар рӯи барканории вазир Неъматулло Иноятов ва Эмомиддин Асловро иваз кард ва Абдулло Ёровро ба ин курсӣ шинонд.

Он вақт гуфта мешуд, ки барканории тамоми раҳбарияти вазорати энержӣ зоҳиран баёнгари норозигии раисиҷумҳур аз фаъолияти ин вазорат ва ҳамчунон бидуни ҳал боқӣ мондани мушкили бебарқии мардум дар фасли сармо ва тӯл кашидани баҳси Роғун бо РусАл аст, ки ҳанӯз 2 сол қабл аз он барои сохтани сарбанди ин нирӯгоҳ ба Душанбе ваъдаи 600 миллион доллар сармоя дода буд.

Нурмуҳаммадов, ки баъдан ба Русия рафт, ва Силантев он замон “дасти Маскав” шумурда мешуданд ва Иноятов низ масъулияти бахши нирӯи барқро дар вазорат бар ӯҳда дошт. Вале Эмомиддин Аслов зоҳиран дар он навбат “дар қатори дигарон” қурбон шуд, чунки ӯ дар вазорат масъулияти риштаҳои нафту газу ангиштро дар даст дошт, на соҳаи нирӯи барқро.

Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Дар ҳар сурат, ин намояндаи хонаводаи пурнуфузи Асловҳо – баъди чанде раиси корхонаи воҳиди давлатӣ (ГУП)-и “Нафту газу ангишт” таъин шуд. Эмомиддин Аслов ҳамин тавр, дар замони вазири энержӣ ва саноат будани Шералӣ Гул, ки дар моҳи ноябри соли 2013 бознишаста шуд, раҳбарии идораи истихроҷи нафту гази ин вазоратро бар ӯҳда дошт.

Як манбаи Озодӣ гуфт, ки Эмомиддин Аслов дар мақоми муовини вазири кунунӣ Усмоналӣ Усмонзода ҳамчунон масъулияти назорати соҳоти нафту газро бар ӯҳда хоҳад дошт. Эмомиддин Аслов ба сурати умум як мутахассиси собиқадори ин соҳа муаррифӣ мешавад.

Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон дар солҳои охир ба сурати қобили мулоҳиза афзудааст. Вале таъмини кишвар бо нафту гази худӣ, бахусус дар пасманзари аз содироти газаш ба Тоҷикистон комилан даст кашидани Узбакистону мамониаташ ҳатто ба транзити гази кишварҳои дигаре, чун Туркманистон ва боҷу хироҷи гумрукие ки Русия дар солҳои 2010-2013 болои содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон эъмол кард, аҳамияти бештар пайдо кардааст. Зоҳиран як вазифаи умдаи Эмомиддин Аслов дар мақоми муовини вазири энержӣ ва захираҳои об низ ислоҳи вазъ дар бахши истихроҷи нафту гази худӣ ва ҷиддан аз ҷояш ҷунбондани ин соҳа хоҳад шуд. Соҳае ки ба ин ё он сурат тайи тақрибан як даҳаи охир бе ин ҳам зери назари ӯст.

Хешу табор дар ҳукумат

Ҳузури намояндагони як хонавода – бародарон, падару писар, хусуру домод, қудоҳо ва амсоли ин - дар мансабҳои баланди давлатӣ дар Тоҷикистон як амри маъмул шудааст ва ҳатто нашрияи “СССР” ба ин падида номи “қудовшина”-ро додааст.

Эмомиддин Аслов ва вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов аз як хонаводаянд. Ҳамин тавр, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми вазири молия ва яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон вақте муовини вазир шуд, ки падараш Камол Нуралиев ҳанӯз муовини вазиир обу обёрӣ буд. Ӯ моҳи январи соли 2009 аз ҳамин мақом ба нафақа рафт.

Ашраф Гулов
Ашраф Гулов

Шералӣ Гул то моҳи ноябр вазири энержии Тоҷикистон ва писари ӯ Ашраф Гулов, ки низ ба як духтари президент издивоҷ кардааст, ҳамзамон раиси яке аз департаментҳои Кумитаи андоз буд. Ӯ моҳе пеш консули генералии Тоҷикистон дар Русия таъин шуд.

Аз писарони шаҳрдори пурнуфузи Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев яке – Ҷамолиддин - раиси департаменти ибтидо консулӣ ва ҳоло умури байналмилалии вазорати хориҷаи Тоҷикистон буда, дувумӣ – Амирҷон - дар моҳи феврали соли равон баъди бозгашт аз Вошингтон, ки ӯ онҷо намояндаи Душанбе дар Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ буд, муовини раиси раёсати молияи дастгоҳи президент таъин шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 июл дар нишасти ҳайати мушовараи додситонии кулли Тоҷикистон низ масъалаи хешу таборбозӣ дар сиёсати кадрии ин ниҳод ва идораҳои дигари давлатиро ба як лаҳни шадид матраҳ кард: “Ҳангоми таъини вазифа аз ҳамкурсию ҳамсинфӣ ва хешу таборбозӣ даст кашед. Мақомот ҷои ёру рафиқӣ нест!”

Амируллоҳи Асадуллоҳ
Амируллоҳи Асадуллоҳ

Ин дар ҳолест ки дар маҳфилҳои Тоҷикистон худи хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонро як намунаи барҷастаи хешу таборбозӣ дар таъини афрод ба мақомҳои баланди давлатӣ мешуморанд. Писари ӯ Рустами Эмомалӣ раиси Хадамоти гумрук ва духтараш Озода Раҳмон муовини якуми вазири хориҷаи Тоҷикистон мебошанд. Бародарзодаи президент Давлаталӣ Раҳмоналӣ соҳиби унвони генерал-лейтенант ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонист. Хоҳарзодааш Сироҷ Гулмуродов – раиси идораи андози вилояти Хатлон, додарарӯсонашон – Ҳасани Асадуллоҳзода – раиси “Ориёнбонк”, бузургтарин бонки кишвар ва Амируллоҳи Асадуллоҳ – шаҳрдори Қӯрғонтеппа буда, муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саидов низ хеши наздики раисиҷумҳури Тоҷикистон аст.

Дар мавриди чунин саросарӣ шудани падидаи хешу таборбозӣ дар сиёсати кадрии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон назарҳо мухталифанд. Мунтақидон мегӯянд, чунин сиёсат оқибати хуб надошта, дар ниҳоят боиси авҷ гирифтани фасод ва ба ботлоқи рукуд ва ҳатто пасрафт ғарқ шудани кишвар мешавад. Тарафдорони раисиҷумҳур аммо мегӯянд, ки ин зоҳиран аз костани эътимоди ӯ ба кадрҳои бегона дарак медиҳад ва Эмомалӣ Раҳмон дар мақомҳои муҳим хешу табори худро мегузорад, то фардо аз онҳо иҷрои вазифаҳои гузоштаашро талаб карда тавонад.

XS
SM
MD
LG