Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 82 духтар аз дасти ҷангҷӯёни Боко Ҳаром. САДО


Ин гурӯҳи духтаронро моҳи октябри соли 2016 озод карданд ва худи раиси ҷумҳур ба мулоқоти онҳо омад.
Ин гурӯҳи духтаронро моҳи октябри соли 2016 озод карданд ва худи раиси ҷумҳур ба мулоқоти онҳо омад.

Ҳукумати Нигерия гуфт, аз миёни беш аз 200 духтаре, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Боко Ҳаром 3 сол пеш рабуданд, 82 нафарашонро дар ивази чанде аз аъзои ин гурӯҳи ифротгарои исломӣ озод кардаанд.

Баёнияи расмии ҳукумат дар бораи табдили духтарон, рӯзи 7-уми май ва як рӯз баъд аз озодии онҳо нашр шуд. Дар ин баёния гуфта нашудааст, ки чанд узви гурӯҳи Боко Ҳаромро дар ивази духтарон озод кардаанд.

Мақомоти Нигерия гуфтанд, ки ҳукумати Швейтсария ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар музокирот бо гурӯҳи Боко Ҳаром кӯмак кардаанд. Қарор аст, имрӯз ин гурӯҳи духтарон бо раиси ҷумҳур Муҳаммаду Буҳарӣ дар шаҳри Абуҷа пойтахти Нигерия мулоқот кунанд.

Бисёре аз ин духтарони масеҳиро маҷбур кардаанд, ки мусулмон шаванд.
Бисёре аз ин духтарони масеҳиро маҷбур кардаанд, ки мусулмон шаванд.

Дусаду ҳафтоду шаш духтари муҳассили як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар шаҳри Чибук дар аёлати шимолии Борноро аъзои гурӯҳи Боко Ҳаром, як шарики Ал-қоида соли 2014 рабуданд.

Панҷоҳу ҳафт нафари онҳо як моҳ баъд аз дасти рабояндагонашон фирор карданд. Бисту як нафари дигарро моҳи октябри соли 2016 то моҳи январи соли 2017 озод карданд ва ба чанде дигар аз онҳо муяссар шуд, ки бигурезанду худро аз дасти ифротгароён раҳо кунанд.

Баъди озодии гурӯҳе аз духтарон дар моҳи октябр ҳукумати Нигерия гузоришҳо дар бораи пардохти боҷ ба ифротгароён дар ивази раҳоии духтаронро рад кард.

Раҳоии 82 духтар аз дасти ҷангҷӯёни Боко Ҳаром
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00
Линки мустақим

Айни замон сарнавишти 113 духтари дигар номаълум аст. Чибук, як рустои умдатан масеҳинишин дар Нигерия аст ва бино ба гузоришҳо баъзе аз ин духтаронро маҷбур кардаанд, дини исломро бипазиранд ва баъзе аз онҳоро, ки 9-сола ҳам буданд, аъзои гурӯҳи ифротӣ маҷбур ба занӣ гирифтаанд.

Бовар меравад, ки бисёре аз ин духтаронро ифротгароёни гурӯҳи Боко Ҳаром ба кишварҳои ҳамсоя бо Нигерия ба мисли Чад ва Камерун бурдаанд. Боко Ҳаром, ки чандин сол пеш ташкил шуд, қасди таъсиси давлати исломӣ дар Нигерияро дорад ва ба хунрезиву ҳамлаҳои зиёде дар ин кишвар муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG