Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши  коронавирус - замони тавбаву надомат ва парҳезу мағфират


(Дар сӯгвории фавтидагон)

Дар рӯзҳои авҷи коронавирус Саломат-хола, модари яке аз дӯстони наздикам ва Муҳаммадраҷаб, қудои дӯстдоштаамон аз дунё гузаштанд. Чанде пештар бошад, олими Институти физика, дӯст ва ҳамсояи наздики мо - Абдувалӣ. Дар ин байн боз, Абдуфаттоҳ Ҳотамов , муассиси мактаби Ҳотам ва П.В. - ӯ аз сактаи дил.

Аммо касе аз хонаводаи мо натавонист, на ба ҷанозаи ягон нафари онҳо раваду на барои дуову фотиҳаи маъмуливу суннатӣ ба хонаҳояшон. Ҳатто ба хонаи амаки Абдувалӣ..., ҳамагӣ 3 хона аз мо болотар!

Дар дил то ҳол сӯзи фироқ ва алам аз видоъи ғайритабиӣ бо ин азизон аланга мезанад. Кош аққалан метавонистем як бори дигар рӯяшонро бинему “алвидоъ” гӯем ва гӯшаи тобуташонро гирифта, қарзи инсонии худро ба ҳадде иҷро кунем!...

Саломат-хола, аввали баҳор дар бӯстонсарои хоксоронааш кишт карда мехост, ин тобистон моро бо кабудиҳо ва сабзавоти худӣ пазироӣ кунад; амаки Муҳаммадраҷаб бошад пеш аз беморӣ саросема буд, корҳояшро зудтар тамом карда, то расидани тобистони тафсон, ба зиёрати Самарканду Бухоро рафтан мехост.

Амаки Абдувалӣ, корманди фаъоли Институти физика, ба синни каме беш аз 70 худ нигоҳ накарда, пур аз энерҷӣ ва нақшаҳое буд. Ба “кепкакулоҳ”, риши кӯтоҳ ва хушсуханиаш нигоҳ карда, мо ӯро “акаи Хеменгуэй” меномидем.

А. Ҳотамов ба ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ худаш рафта ва ё одамонашро фиристода истеъдод меҷуст, боварӣ дошт, ки ҳатман Ломоносов ва ё Эйнштейни ояндаеро меёбаду ба мактабаш оварда ба воя мерасонад!

Ҳамаи ин нияту нақша ва орзуву умед дар дили онҳо ба дили хок рафт!...

Аз фурсат истифода бурда, барои ин ва ҳамаи дигар азизоне, ки дар саросари ҷумҳурӣ аз ин вабои охири замон шаҳид шуданд ва ё дар асари он аз видоъу маросими дафни шоиста маҳрум монданд, дуои хайр мекунем.

Ҷоятон ҷаннат ва рӯҳатон шод бошад, азизони ҳамаи мо, шаҳидон ва қурбониёни ин марази номарду навбаромад!...

Даъватҳо шуда буд, ки дуо кунем, ҳамарӯза ва инчунин дар рӯзҳои хос; ниқоб пӯшему аз ҳам фосила гирем. Ба қадри имкон ва гоҳо камҳавсала бошад ҳам, ин корҳоро кардем; изофатан бо ҳазор умед инчунин аз испанддуду тумору таштоб низ кор гирифтем ва ниҳоят Худо ҳам тараҳҳум кард, ки инак, шукр хабарҳои хуше мерасанд, аз коҳиш ёфтани беморони коронавирус дар кишвар. Кош ин росту бебаргашт бошад!

Он рӯзҳо ба худ ошкору ниҳон аҳд баставу ният карда будем, ки агар ба рӯзҳои нек бирасем, мутобиқ ба таомули падару бобоён, ба ягон шакле садақаи хубе хоҳем кард. Дар ҳаққи гузаштагон ва шукри раҳоӣ аз ин марази ҳамагир.

Якчанд рӯз пештар дар телевизиони америкоӣ Си Эн Эн дидем, ки онҷо барномаҳои хосе таҳия намудаанд, бахшида ба қурбониёни COVID-19, чӣ ашхоси машҳури ҷамъиятӣ ва чӣ одамони оддӣ. Воқеан дар чунин мусибат ҳама ба ҳам баробаранд!

Наздикони фавтидагон баромад карда, изҳори дарду алам мекарданд ва ёдоварӣ аз рӯзҳои некӣ бо ҳам будан, инчунин дуохонӣ, ҳар яке мутобиқ ба дину мазҳаби худ. Ба фикрам ин лаҳзаҳо тамоми бинандагон бо онҳо ғамшарик шуда, ба дили онҳо таскин мебахшиданд.

Ва мо ҳам имрӯз ба ҳамватанони худ пешниҳод карданием, ки дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои хосеро ба ёди он азизони фавтида ба роҳ андозем. Дар ягон шакле, ки дар ҳамдардӣ моро ба ҳам бипайвандад ва боиси тасаллияти наздикони фавтидагон шавад. Мо дар пеш ҷашну маросимҳои муҳиме дорем, ҷашни ваҳдати миллӣ, Рӯзи истиқлолият ва инчунин маросими ифтитоҳи бузургтарин масҷид!

Ва ин рӯзҳо, ки барои ҳама муҳим ва мояи ифтихоранд, метавонанд, фурсати хубе шаванд, барои чунин чорабиниҳо. Худи чорабиниҳоро мо чунин тасаввур мекунем ва албатта дигарон ҳам метавонанд, пешниҳодҳои хубе дошта бошанд.

  1. Дуои дастаҷамъии мағфират ба хотири арвоҳи гузаштагон ва дуои шукр аз раҳоии ин марази аср (ҳангоми ифтитоҳи масҷиди бузург ва намозҳои ҷумъа, масалан)
  2. Гузоштани санг ва ё лавҳаи рамзии ёдоварӣ аз фавтидагон, миннатдорӣ аз табибону спонсорҳои кумакрасон дар бартараф кардани беморӣ, дар ягон макони хос, масалан дар қабристони Лучоб, ки оромгоҳи ашхоси барҷаста буда дар зеҳни мардум мақоми муайян дорад.
  3. Таъсиси сандуқи хайрияи шаффоф барои кӯмак ба ниёзмандон, пеш аз ҳама шояд онҳое, ки дар асари ин маризӣ аз сарпарасту дастгирии молии онҳо ҷудо шудаанд.

Дар дил боварӣ дорем, ки ин чорабиниҳо кинаҳои шахсиву гурӯҳиро аз қалбҳо бардошта, муҳаббат ва якдигарфаҳмиро байни мо бештар хоҳанд кард.

Ин вабои аср ба сари ҳама оламиён чун як фалокат, як садамаи ногаҳоние омад, ки ҳама кишварҳо, яке камтару дигаре бештар талафот доданд.

Ва мо пеш аз он, ки ин ҷо касеро гунаҳкор донем, биёед як ба рафтори худамон нигарем, даст болои сина гузошта иқрор шавем: мо ҳам дар риояи қоидаҳои оддитарини бехатарӣ чӣ беэътибориву саҳлангориҳое накардему ҳоло ҳам накарда истодаем!

Зарур аст, ки ҳама тавба кунему якдигарбахшӣ, дарси ибрат бигирему аз ҳар гуна сиёсатбозиҳо дар атрофи ин мусибат - дуриву парҳез!

Чунки ин вабо бори дигар нишон дод, ки чӣ дунё ва чӣ ҳар як инсон ғанимат асту онҳоро метавонем, зуд аз даст бидиҳем. Барои ҳамешагӣ ва бебозгашт! Сипас мемонем, бо дили пур аз таасcуф ва ҳасрат!

Ҳамбастагиву якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазириву қадрдонӣ аз якдигар барои он ҳам махсусан зарур мебошад, ки моро дар пеш шояд мушкилоти бузургтарини иқтисодӣ интизор аст.

Инчунин ... эҳтимоли мавҷи дуюми вабо, коронавируси COVID-19.

Ҳафиз Қаландаров

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG