Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷик ба чӣ ҳақ дорад ва ба чӣ - не?


Акс аз бойгонӣ

Шаҳрванди оддии Тоҷикистон ба чӣ ҳақ дорад ва ба чӣ - не? Як хонандаи Озодӣ ҳуқуқи констутитутсионии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гунаи дигар ва ба бовари ӯ, воқеиатар "қироат" кардааст.

Ин изҳори назари як хонандаи Озодӣ ба матлабест, ки дар сомонаи мо дар бораи давлатӣ шудани бозори "Саховат"- марбут ба наздикони Муҳиддини Кабирӣ дар шаҳри Турсунзода нашр шуд. Муаллиф худро танҳо "Тоҷик аз Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.


"Хуш омадед ба давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ки дар он ба ғайр аз ҳокимон дигар ҳеҷ кас ҳақ надорад молу мулк дошта бошад.
Мардуми оддӣ чунин ҳуқуқҳо дорад:
1. Нони қоқ бо чой ва каме қанд хӯрад.
2. Озодона хоб равад.
3 . Пул дода дар мактаби миёна хонад.
4 Пул дода ба донишгоҳ дохил шавад.
5. Ҳангоми бемор шудан пул дода худро табобат кунад.
6. Озодона ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, кор карда биёяд, вале ҳақ надорад аз ҳукумат дар хориҷ дифоъи ҳуқуқҳои худро талаб намояд.
7. Фарзандашро бо машаққат калон карда, ба артиш супорад ва баъд аз ду сол ӯро бо касалиҳои сил, сармозадагӣ, дарди меъда, осеби сар ва ғайра бигирад, вале барои адолатхоҳӣ ҳақ надорад.
8.Ҳақ дорад ба бизнесҳои хурд - сақичфурӯшӣ,семичкафурӯшӣ, аробакашӣи ва амсоли инҳо - машғул шавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ шаҳрванди оддии Тоҷикистон ҳақ надорад моликияти бузург дошта бошад.
9. Метавонад аъзои ҳизбҳои кисагӣ бошад ва фақат ба таърифу тавсиф машғул шавад
10. Шаҳрвандон ҳақ надоранд дар мактаб таълими динӣ бигиранд, ба масҷид раванд, чунки муллоҳо инсонҳои хуб нестанд, вале мо ба онҳо маош таъин намудем, чунки давлати мо дунявӣ буда, дин аз давлат ҷудо аст. Ҳамаи ин ба он хотир аст, ки мо дар мазҳаби Имоми Аъзамем ва ифротӣ нестем.

PS: Тоҷикистон давлати ИҶТИМОӢ мебошад, аз ин рӯ, худатон нон ёфта хӯред!

Тоҷик аз Тоҷикистон"

Шарҳҳоро бинед (18)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG