Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар


Зеварону Рауфӣ
Зеварону Рауфӣ

Дуруд эй ҳаммеҳан!

Медонӣ имрӯз чӣ рӯзест?

Агар то ба ҳол хабар наёфтӣ, лозим нест дунболи тақвим бигардӣ, ишколе надорад, ҳоло мегӯям. Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар аст.

Ба назарат ҳуқуқи башар яъне чӣ? Аслан он чӣ аҳамияте дорад, ки бихоҳанд рӯзи бахусусеро ба он ихтисос диҳанд? Ва дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар дар кадом сатҳ аст?

Ҳуқуқи башар, яъне асоситарин ва ибтидоитарин ҳуқуқҳое, ки ҳар фард ба таври зотӣ, фитрӣ ва ба сирфи инсон будан аз он баҳраманд мешавад.

Ба назар мерасад, бисёре аз идеяҳои асосие, ки муҳаррики ҷунбиши "ҳуқуқи башар" буд ва андешамандону огоҳони миллати мо поягузори онро Куруши бузург мехонанд, баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум ва ҷиноёти Ҳолокост густариш ва тавсеа ёфт. Ва бо тасвиби "Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар" тавассути Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1948 ба расмият шинохта шуд.

Чун ин Эъломия барои гунҷидан дар матлабе кӯтоҳ хеле дароз аст фақат аз ҳуқуқҳои бунёдӣ ёдовар мешавам.

  • Ҳақ ба зиндагӣ
  • Манъи шиканҷа
  • Манъи ғуломдорӣ
  • Ҳаққи бархӯрдорӣ аз як муҳокимаи мунсифона
  • Озодии баён
  • Озодии фикр, ақида, мазҳаб

Таваҷҷуҳи шуморо низ ин матлаб ҷалб карда, ки хабарҳои худкушӣ ва ё кушта шудани нафаре тавассути дигаре ва ё ҳатто аз сӯи яке аз аъзои хонаводааш вақтҳои охир дар расонаҳои кишвар меафзояд? Оё воқеан касе ҳаққи гирифтани ҷони касе ё ҳатто ҷони хешро дорад? Фикр намекунам. Шояд агар ҳукумат миёнаи хубе бо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ медошт, ба фикри ин мешуд, ки барномаҳои сартосарие дар кишвар тартиб диҳанд, то мардум битавонанд мушкилоти худро бо равонковону равонвоншиносон дар миён бигзоранд ва решаҳои аслии зуҳури ин воқеоти нохушоянд дар кишвар пайдо ва ҳал гарданд.

Манъи шиканҷа на танҳо дар асноди ҳуқуқии байналмилалӣ, балки дар санадҳои ҳуқуқии миллӣ низ манъ карда шуда. Аммо, мутаасифона, дар Тоҷикистон ҳамоно иттилооти шиканҷа шудани зиндониён ё ҳатто ашхоси гумонбар аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар расонаҳо пахш мешаванд.

Худоро шукр, дар кишвари мо аз бардадорӣ хабаре нест, лек ин ҳанӯз ба он маъно нест, ки шаҳрвандони кишвари мо туъмаи гурӯҳҳои "бардасозӣ" намешаванд. Чанде пеш таҳқиқоте дар Радиои Озодӣ ба нашр расид, ки аз бардагардонии шаҳрвандони Узбекистон дар Шветсия мегуфт. Қисми зиёде аз шаҳрвандони кишвари моро низ муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. Дар Қазоқистону Русия дар вазъи барда қарор доштани муҳоҷирони корӣ борҳо расонаӣ шудааст.

Ҳанӯз ҳам имкони ба доми чунин гуруҳҳо афтодани шаҳрвандони кишвари мо дур аз эҳтимол нест. Дар ин росто бояд ҳукумат барномае тарҳрезӣ намуда, корҳои иттилоърасонӣ сурат бигирад, то ҳаммеҳанони мо бо чунин ҳолатҳои таассуфбор рӯ ба рӯ нагарданд.

Ман бо умед аз тарҳрезӣ ва иҷрои барномаҳое дар заминаи озодии башар мегӯяму вазъияти ҳомиёни ҳуқуқ дар Меҳан боз ноумедам месозад. Ин таҷриба дар кишвари мо як бору ду бор нест, ки анҷом мепазирад. Фикр мекунам, аксарият аз сарнавишти адвокатҳои шинохтаи тоҷик хабар доранд, ки танҳо ба ҷурми “иҷрои вазоифи касбияшон” ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Вақте худи ҳомиёни ҳуқуқ дар кишвари мо наметавонанд аз “ҳаққи муҳокимаи мунсифона” бархурдор бошанд, дигар аз одамони одӣ ё рӯзноманигорону тоҷирон гуфтанам бефоидааст.

Низоми судӣ дар кишвар бо ҳукмҳои ноодилона ва додгоҳҳои пушти дарҳои бастааш сол аз сол эътимоди мардумро дорад аз даст медиҳад, ин ҳам лобуд кори "душманону хоинони миллат" аст, на?

Масъалаи поймол кардани озодии баён дар кишвар мисли рӯз равшан аст. Баста шудани расонаҳои мустақил тайи чанд соли ахир, вуҷуди сензура ё гунае, ки тоза мӯд шуд "худсензура", дахолати бевоситаи нерӯҳои амниятӣ ба зиндагии мардум ва ба хусус хабарнигорон аз нишонаҳои боризи он мебошанд. Ба вуҷуд овардани тарсе ҳамагонӣ барои баён нагаштани ончӣ "боби дили одамони боло нест" ва талоши густурдаи кормандони амният дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғҳои бепоя ва саркӯби фаврии дигарандешон аз нишонаҳои дигари нақзи озодии баён дар кишвар аст.

Тибқи Конститутсия Тоҷикистон ҳуқуқбунёд муаррифӣ шуда. Пас, чаро барои фароҳам намудани ҳадди ақал "озодии фикр, ақида ва мазҳаб" талоше сурат намегирад?

Оё шумо низ аҳамият додаед, ки вақте ба истилоҳ "фабрикаи ҷавоб" ҳар гоҳ бар зидди ҳизби дар кишвар мамнӯъшудаи ҲНИ чизе гуфтанӣ мешаванд, ба онҳо "шумо шиаҳои ...." хитоб мекунанд. Ман аз фаъолияти сиёсии онҳо чизе намехоҳам бигӯям, чун бароям аслан муҳим нест. Ончӣ маро водор ба ёдоварии ин масъала мекунад, он аст, ки ин ба истилоҳ "тарафдорони ҳукумат" фикр намекунанд ин ҳарфе мегӯянд на танҳо он тавре, ки меандешанд "тавҳин" нест, балки далели пайдо шудани навъе нафрати огоҳона ба ҳукумат аз сӯи ҳаммеҳанони шиамазҳаб хоҳад буд. Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳеч фарқе набояд дошта бошад, ту пайрави кадом динӣ, ё мазҳабат кадом аст ва ё ҳатто агар ҳеч эътиқоде надошта бошӣ. Таъмини "озодии фикр, ақида ва дин", яъне ҳаммеҳанони ман метавонанд афкори ҳамдигарро новобаста ба доштани дидгоҳҳои мухталиф, на танҳо аз назари динӣ, балки дар ҳар ҷабҳаи зиндагии рӯзмарраашон эҳтиром кунанд ва барои доштани зиндагие осоишта ва мамлу аз ҳамдигарфаҳмӣ бикӯшанд.

Дилам мехоҳад ману ҳаммеҳанонам дар Тоҷикистоне зиндагӣ кунем, ки мардум дар он озод бошанд ва биму ҳаросе аз поймол гаштани ҳуқуқҳояшонро дар дил надошта бошанд. Бо воқеаи дар зер оварда матлабро хотима медиҳам ва қазоватро ба худат вогузор мекунам, ҳаммеҳани азиз!

Ҷое хондам, ки рӯзе рӯҳониёни масеҳӣ ба назди Ҷорҷ Вашингтон мераванд ва иллати озодии зиёде, ки ба мардум дода будро ҷӯё мешаванду ӯро ба шиддат сарзаниш мекунанд. Раисҷумҳури Амрико ҳам дастур медиҳад ҳамаи онҳоро дастгир ва дар утоқе зиндонӣ кунанд ва ба андозаи як ҳафта барояшон хӯрданӣ бигзоранд. Вуруд ва хуруҷ аз утоқро ҳам мамнӯъ кард, ҳатто барои рафтан ба мустароҳ.

Пас аз як ҳафта дари утоқро боз намуданд. Утоқе, ки рӯзи аввал бисёр тамиз ва зебо буд, ғарқ дар касофат шудааст. Ҷорҷ Вашингтон рӯ ба кишишони муътариз карда гуфт: Фарқе намекунад гадо бошӣ, кашиш ё ашрофзода. Агар маҳдуд шудӣ, худатро касиф хоҳӣ кард. Озодӣ ҳаққи машрӯи инсонҳост. Онон, ки бо маҳдуд кардани дигарон мехоҳанд иҷтимоашонро пок нигаҳ доранд, чӣ қадар ҷоҳилу нодонанд!

Зеварбону Рауфӣ

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG