Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯзи Хоҷазодаро варзишгари сол эълон кард. Ӯ дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2017, ки онро АЖРВТ аз рӯи натиҷагирии пурсиши хабарнигорон тартиб додааст, дар ҷойи аввал мебошад.
Варзишгари 22-солаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода, ки моҳи ноябри соли равон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Русия дар вазни 74 кг мақоми аввалро касб кард, бо медали тилло мукофотонида шуд. Вай, инчунин дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд дар вазни 68 кг медали тилло, дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод дар намуди самбои варзишӣ дар вазни 74 кг медали тилло ва дар намуди гуштини кураш дар вазни 73 кг медали нуқра гирифтааст.
Ба иттилои Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини соли 2017 намояндагони шаш намуди варзиш дохил шуданд.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар вазни 90 кг дар Ҳонконг бо медали тилло сарфароз гаштааст, дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол дар ҷойи дуюм қарор дорад. Ӯ дар мавсими имсола, инчунин дар Гран-прии Тошканд ҷойи якум, дар Гран-прии Анталия ҷойи дуюм ва дар Ҷоми кушодаи Аврупо дар Минск ҷойи сеюмро соҳиб шудааст.
Гурзандози машҳур Дилшод Назаров, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар Ҳиндустон бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз шуд, дар феҳристи АЖРВТ ҷойи сеюмро ишғол намуд. Қаҳрамони олимпӣ, инчунин имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.
Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, инчунин инҳо дохил шуданд:
Акмалиддин Каримов (самбо) – ҷойи дуюм дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг дар Сочи, ҷойи якум дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд, ҷойи якум дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод.
Темур Раҳимов (дзюдо) – ҷойи сеюм дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 100 кг дар Хорватия, ҷойи якум дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар Тошканд, ҷойи дуюм дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни наврасон дар Бишкек, ҷойи дуюм дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон.
Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) – ҷойи сеюм дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 66 кг дар Хорватия, ҷойи якум дар Ҷоми Африқо байни наврасон дар Тунис, ҷойи якум дар Ҷоми Аврупо байни наврасон дар Руминия.
Ҷамолиддин Абдуллоев (дзюдо) – ҷойи сеюм дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон дар вазни 66 кг дар шаҳри Сантягои Чили.
Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ) – ҷойи дуюм дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр дар Чин.
Ҷаҳон Қурбонов (бокс) – ҷойи сеюм дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар вазни 91 кг дар Тошканд.
Миҷгона Самадова (кикбоксинг) – ҷойи якум дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод дар навъи кик-лайт дар вазни 60 кг.
Ба иттилои раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов, ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини соли 2017 намояндагони шаш намуди варзиш дохил шуданд. Ҳафт нафари онҳо ба чор намуди олимпӣ – дзюдо, варзиши сабук, қаиқронӣ ва бокс, се нафари дигар ба ду намуди ғайриолимпӣ – самбо ва кикбоксинг мутааллиқанд.
“Бояд тазаккур дод, ба Беҳрӯзи Хоҷазода, донишҷӯи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, пас аз 42 соли пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов муяссар шуд, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо байни бузургсолон медали тилло ба даст орад. Бинобар ин, бо раъйи бештари хабарнигорон ӯ дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол мақоми аввалро касб намуд”, - иброз дошт Нарзулло Латипов.
Ӯ гуфт, ки имсол се варзишгари тоҷик – Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков ва Ҷамолиддин Абдуллоев - дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонону наврасон дар намуди олимпии варзиш (дзюдо) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Аз рӯи натиҷагирии раъйдиҳии хабарнигорон ҳарсе ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарини сол дохил шуданд.
Вале раиси АЖРВТ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки имсол ягон варзишгар аз Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон дар намудҳои олимпии варзиш медал ба даст наовардааст. Ҳатто қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров, ки ду сол пеш барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар гурзандозӣ гардида буд, имсол дар чунин мусобиқот дар Лондон ҷойи ҳафтумро гирифт.