Комрон Маҳмудов, корманди дафтари Бахши озарии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки субҳи барвақти 28 декабр кормандони полис вориди манзилаш шуданд. Латифа Маҳмудова, хонум Комрон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “меҳмонони нохонда” ба шавҳараш ҳатто фурсати либоспӯшӣ надоданд.
Кормандони полис ҳамчунин Чингиз Султонсой, муҳаррири сомонаи русии "Азадлиқ" ва фарроши дафтар Матонат Абдиноваро боздошт карданд. Ҳамаи онҳо ба Раёсати ҷиноёти сангини Додситонии Озарбойҷон интиқол ёфтанд.
Кенан Алиев, раиси Бахши озарии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ гуфт, ки 12 тан аз кормандони дафтар иҷборан ба додсионӣ бурда шудаанд. Ягон нафари онҳоро вакилони дифоъ ҳамроҳӣ накардаанд. Додситонҳо ба вакили дифое, ки аз кормандони Радиои Азадлиқ намояндагӣ мекард, гуфтанд, ӯ ҳаққи бо ин радио кор карданро надорад ва худаш бояд бозҷӯӣ шавад.
Дасти кам 10 корманди додситонӣ ҳамроҳ бо маъмурони мусаллаҳи пулис рӯзи 26 декабр ба дафтари Радиои Озодӣ дар Боку ворид шуда, компютерҳову санадҳоро мусодира карданд ва ба дари дафтар муҳр заданд. Баъдан тақрибан аз ҳама кормандони дафтар телефонӣ талаб карданд, ки барои бозҷӯӣ дар додситонӣ ҳозир шаванд. Вале хабарнигорон инро рад карданд ва хостори ҳузури вакилони дифоъ дар бозҷӯиҳо шуданд.
Вакилони дифои кормандони дафтари Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар шаҳри Боку рӯзи якшанбе мақомоти Озарбойҷонро дар истифода аз тактикаи бесобиқаи фишору тарсдиҳӣ айбдор карданд. Рӯзи шанбе раҳбарияти радио дар як изҳорот ниҳодҳои зидахли Озарбойҷонро дар он муттаҳам кард, ки кормандони полисро ба манзилҳои хабарнигорон мефиристанд, то онҳоро ба додситонӣ баранд. Ненад Пеиҷ, яке аз раҳбарони Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ изҳор намуд, ки мақомоти кишвар аз таъқибу фишор болои кормандони дафтари радио ва пайвандони онҳо кор мегиранд.
Айни ҳол кормандони Додситонии Озарбойҷон дафтари Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар Бокуро чун муассисае, ки аз сӯи давлати хориҷӣ сармоягузорӣ мешавад, тафтиш мекунанд. Сиёвуш Наврӯзов, як узви воломақоми ҳизби ҳукмрони Енӣ Озарбойҷон, ба расонаҳои маҳаллӣ гуфт, бастани дафтари Радиои Азадлиқ ба хотири хотима додан ба ҷосусӣ зарур буд. Ӯ афзуд. “ҳар ниҳоде, ки барои хадамоти ҷосусии хориҷӣ ё лоббии арманҳо кор мекунад, бояд баста шавад”.
Айни ҳол дар Озарбойҷон 15 хабарнигору блогнависи мустақил дар маҳбасанд. Се ҳафта пеш Хадиҷа Исмоилова, корманди дафтари Радиои Азадлиқ дар Бокуро бо иттиҳоми ташвиқи ҳамкори собиқаш ба худкушӣ барои ду моҳ боздошт карданд. Лайло Юнус, ҳомии ҳуқуқи башар ва мунаққидони тундлаҳни ҳукумати Озарбойҷон ва шавҳараш Ориф Юнусро тобистони ҳамин сол бо иттиҳоми хиёнат ба ватан ва дигар ҷиноятҳои сангин дастгир карданд. Ҳарду мегӯянд, ки боздошташон ангезаҳои сиёсӣ дорад, зеро ҳадафи онҳо барқарор кардани робитаҳо бо Арманистони ҳамсоя аст.
Вазорати умури хориҷии Амрико, Комиссиюни Ҳелсинки, созмони “Гузоришгарони бидуни марз” тасмими Боку барои бастани дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Бокуро маҳкум карданд. Йохан Бир, раиси бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии ин созмони мустақар дар Порис изҳор намуд, ки ҳукумати Озарбойҷон ботадриҷ ҳама расонаҳои хабарии мустақилро саркӯб месозад. Сенатор Бен Кардин, раиси бахши амрикоии Комиссиюни Ҳелсинки, изҳор намуд, ки “матбуоти озоду мустақили Озарбойҷон зери оташи мақомоте қарор дорад, ки бояд аз ҳама бештар аз ин матбуот ҳимоят кунанд”.