Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба замимаи "Чӣ гап" дар Тоҷикистон чӣ шуд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ширкати "Тселл", молики замимаи "Чӣ гап", ки муҳоҷирони тоҷик бо истифода аз он бо азизонашон дар Тоҷикистон гап мезананд, ваъда додааст, ки ба зудӣ онро дигарбора фаъол мекунад. Муҳоҷирони зиёде беш аз як ҳафта боз аз Радиои Озодӣ мепурсанд, ки чаро "Чӣ гап" аз кор мондааст.

Садриддин Юсуфов, сокини шаҳри Душанбе, чанд рӯз пеш аз муҳоҷирати корӣ аз Русия баргаштааст. Вай мегӯяд, замони дар онҷо будан ба воситаи замимаи "Чӣ гап" бо пайвандонаш суҳбат мекард.

"Вақте суръати Интернет дар Тоҷикистон суст аст, ба воситаи он бе мушкил бо аҳли оила гап мезадем. Ҳозир хуб нест, сабабашро намедонам. Барнома ҳаст, кор мекунад, вале пайваст намешавад," – гуфт ӯ.

Барномаи "Чӣ гап" наздик ба даҳ сол пеш аз тарафи "Тселл" роҳандозӣ шуд. Дар ширкат мушкилро фаннӣ ё техникӣ донистанд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, намояндаи "Тселл", рӯзи чоруми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, муштариён набояд нигарон бошанд: "Васлу насби замимаҳои мобилӣ аз сари нав ва мувофиқ бо платформаҳои ҷадид роҳандозӣ мешаванд. Фикр мекунам, дар рӯзҳои наздик, на камтар аз 10 рӯзи дигар, шакли нави барномаи “Чӣ гап” фаъол хоҳад шуд."

Аз замимаи мобилии “Чӣ гап” аксаран муҳоҷирони корӣ ва тоҷиконе, ки дар хориҷа таҳсил доранд, истифода мекунанд. Яке аз бартариҳои “Чӣ гап” ин аст, ки агар Интернет ҳам набошад, имкони гап задан ҳаст. Дар Тоҷикистон суръати Интернет хуб нест ва нигаронии сокинон аз вуҷуди мушкил дар тамосҳояшон тариқи паёмрасонҳои дигар борҳо садо додааст.

Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое бо сусттарин суръат ва хадамоти интернетӣ дохил мешавад ва яке аз сабабҳояшро мунтақидон ба дасти Хадамоти алоқа додани ин соҳаи замоне сердаромад ва пешрафтаву пуррақобат дар Тоҷикистон аст. Бар асоси омори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, шумораи умумии муштариёни ширкатҳо ба 8,3 миллион баробар аст, ки аз ин 6,4 миллион фаъоланд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ба "Чӣ Гап" чӣ гап шуда бошад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
XS
SM
MD
LG