Ойсултон Назарбоев, набераи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки ҳоло дар шаҳри Лондон зиндагӣ мекунад, аз ҳукумати Бритониё паноҳандагии сиёсӣ хостааст. Дар ин бора худи Ойсултон рӯзи 12-уми феврал дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук, ки дар онҷо бо номи "Ойсултон Роҳат" сабтином шудааст, хабар дод. Дар ҳоле ки тасдиқи дурустии навиштаҳо дар саҳифаи фейсбукии Ойсултон Назарбоев имкон надорад, мақомот дар Бритониё то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд. Хонаводаи раиси ҷумҳурии Қазоқистон низ вокунише накардааст.
Ойсултон Назарбоев навиштааст, ба чунин кор баъди он даст зад, ки зери фишори хонавода қарор гирифт.
Набераи президенти собиқи Қазоқистон дар изҳороти фейсбукиаш мегӯяд, дар бораи фасодкориҳои миёни ҳукуматҳои Русия ва Қазоқистон иттилоъ дорад.
Ӯ, инчунин, навиштааст, гази қазоқӣ ба "Газпром"-и Русия бо нархи паст тавассути як ширкати миёнарав фурӯхта мешавад. Ин ширкат, гӯиё соле 1,5 миллион доллар даромад мебинад.
Назарбоеви хурдӣ навиштааст, даромадҳо аз ин "амалиёт" ба Сингапур меравад ва баъдан дар миёни афроди наздик ба президенти Русия ё "хазинадорон"-и Владимир Путин ва ҳам ширкати "Газпром" тақсим мешавад.
Ойсултон Назарбоев инчунин менависад, тахминан 700 миллион доллари ширкати миёнарав ба Қазоқистон дода мешавад ва дар байни тиҷоратҳои Тимур Қулибоев, шавҳари духтари миёнаи Назарбоев ва миллионер Ғайрат Боронбоев (собиқ падарарӯси Ойсултон) тақсим мешавад.
Набераи Назарбоев мегӯяд, модари ӯ Дариға Назарбоева ва шавҳараш Ғайрат Шарифбоев ин созишномаро ба дасти худ гирифтанӣ буданд. Дар ниҳоят, ба навиштаи Назарбоеви хурдӣ, "бо сабаби ҳарисии ҳарду ҷониб" ӯ зери зарбаи ду тараф ва дар байни моҷаро монд.
Ӯ аз як мулоқоташ бо бобояш Нурсултон Назарбоев дар Бритониё дар соли 2015 ҳам ёдовар шудааст. Ойсултон бовар дорад, ки президенти собиқро ба зидди ӯ шӯрондаанд. Дар ниҳоят ӯ ба бобояш гуфтааст, оилаву наздиконашон тиҷорати якдигар "дастдарозӣ" мекунанд.
Баъди ин сӯҳбат бо бобои президенташ, гӯё Ойсултон Назарбоев бо Боронбоев мулоқот карда, ҳама "масъалаҳоро ҳал кардааст".
Дар ниҳоят, гӯё Нурсултон Назарбоев духтараш Дариғаро аз мақоми муовини президент озод карда, барои кор ба Сенат фиристод. Шарифбоев аз мақоми президенти "КазТрансГаз" барканор ва ба шӯрои нозирони ин ширкат фиристода шуд. Ҳамаи ин, ба иддаои саҳифаи фейсбукии Ойсултон Назарбоев, сабаби фишори хонаводагӣ болои ӯ шуд.
Назарбоеви хурдӣ менависад, атрофиёни модараш талош карданд, ки гуноҳи ӯро ёфта, фишор оваранд, ки дар бораи коррупсия дар Қазоқистон дар Фейсбук чизе нанависад, вале ин кор аз дасташон наомад. Айни замон, ин ҷавон эътироф кардааст, ки ягона мушкили ӯ маводи мухаддир аст.
Ойсултон Назарбоев навиштааст, шиносномаи ӯро ронандаи модараш мусодира кардааст ва ҳоло умедвор аст, бо ёрии полис метавонад шиносномаи худро баргардонад. Ойсултон Назарбоев навиштааст, ки ҷузъиёти бештар аз инро ба нашрияи Times нақл кардааст.
Тирамоҳи соли 2019 додгоҳи Лондон Ойсултон Назарбоевро барои ҳамла ба полис шартан ба зиндон маҳкум кард. Тафтишот муайян кард, ки ӯ зери таъсири маводи мухаддир буд. Дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, мӯҳлати шартии зиндон якуним сол буда, дар ин муддат ӯ аз вобастагӣ ба нашъа табобат кунад ва ҷарима супорад.
Ойсултон Назарбоев писари Дариға Назарбоева ва Роҳат Алиев аст. Ӯ Академияи низомии шоҳигарии Бритониёро хатм карда, ба раёсати ҷосусии Вазорати мудофиаи Қазоқистон ба кор қабул шуда буд.
Бархе таҳлилгарон мегӯянд, бо сабаби муътоди маводи мухаддир будани ӯ бовар кардан ба иддаоҳояш имкон надорад ва эҳтимол Назарбоеви хурдӣ таҳти таъсири бархе гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат ин изҳоротро нашр кардааст.
Хабарнигори оҷонсии "Ройтерс" менависад, Назарбоеви хурдӣ солҳои охир саҳифаи фейсбукии худро аҳёнан нав мекунад ва дар гузашта тавассути Фейсбук эътироф карда буд, ки гирифтори маводи мухаддир аст. Рӯзи 13-уми феврал ин ҷавони 29-сола барои суҳбат дастрас набуд.
Дафтари матбуоти Дариға Назарбоева дар Қазоқистон ҳам аз шарҳи қазия худдорӣ кард ва сухангӯи Нурсултон Назарбоев дастрас набуд.
Нурсултон Назарбоеви 79-сола давоми наздик ба 30 сол раҳбарии Қазоқистонро ба ӯҳда дошт ва дар ин муддат тавонист назоратро ба тамоми низоми давлат ба дасти худ бигирад.
Баҳори соли гузашта эълон кард, ки аз мақоми президентӣ канор меравад ва ба ҷойи ӯ Қосимҷомарт Тоқаев омад. Назарбоев мақоми “пешвои миллат”-ро дорад ва тамоми шохаҳои давлат ҳамоно зери назари ӯ мемонад.
Падари Ойсултон – Роҳат Алиев – собиқ дипломат ва мақомдори баландпояи ҳукумати Қазоқистон, баъди бад шудани равобиташ бо падарарӯси президенташ тарки кишвар кард ва дар Вена зиндагӣ ихтиёр намуд. Соли 2008 бо қарори додгоҳе дар Алмаато ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Соли 2015 дар як зиндони Австрия ҷасади ӯ пайдо шуд ва фарзияи расмӣ ин аст, ки худкушӣ кардааст, вале наздиконаш ба ин бовар надоранд.
Тухфа ба Нури бахшида ба 25 солагии истикрори сулх.
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам
Ахсан ба Икболи Лохури! Бисёр мехохам дар мавзухои дигар хам шарххо бо истифода эчодиёти Мухаммадикболи Лохури бинависи ва дигарон аз он бахра баранд. Аз ОЗОДИ хам хохиш дорам дар бораи Мухаммадикболи Лохури барномаеро пешкаш намояд.
Коммунистони Кремл халқи тоҷикро 70-сол мағзшӯӣ карданд, ки дин бад аст, дин афюни халқ аст, дин фалон асту фалон аст, нурӣ дар як шаб хост ин халқи 70-соларо ба низоми исломӣ мутобиқ кунад, он ҳам бо зӯри силоҳ хок бар. Сангаку ғайри сангак, ки ба гуфтаи худашон “нону намаки коммунизм”-ро хӯрда буданд, ба хашм омаданд, онҳо ҳам бо силоҳ муқобилият карданд. Елтсину Каримов ба оташ равған рехтанд, КГБ-и коммунистӣ ҷангро мудирият кард, 300-ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд, садҳо ҳазор гуреза, шаҳру деҳот хунолӯд, 100-миллиард сомонӣ зарари моддӣ, иқтисод касоду мақомот фалаҷ, мотам андар мотам. Имрӯз ҳам кабирӣ мехоҳад низоми “исломӣ”-ро, ки решааш аз теҳрон об мехӯрад, ба сари халқи тоҷик таҳмил диҳад. Ин шабу рӯз бубинед, ки халқи эрон (низоми “исломӣ”) чӣ ҳолу аҳвол доранд?!