Намояндаи додгоҳи Австрия гуфт, Роҳат Алиев, домоди собиқи раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар зиндон худкушӣ кардааст. Ҷасади ӯро, тавре хабаргузории Ройтерс аз қавли ин намояндаи Австрия хабар дод, рӯзи 24 феврал пайдо кардаанд.
Хабаргузории австриягии APA аз қавли раҳбари зиндони Йозефштадти Вена Петер Пречтл гуфт, ҷасади Роҳат Алиевро соати 7-20 ба вақти маҳаллӣ дар ҳаммоми ҳуҷраи тоқае, ки ӯ менишаст, ёфтаанд. Ба гуфтаи Пречтл, Алиев худро ба дор кашидааст.
Петер Пречтл гуфт, Роҳат Алиев худаш хостори ҳуҷраи якнафарӣ дар бахши бемористони ин зиндон шуда буд. Ба гуфтаи ин мақом, ягон таҳдиди худкушӣ аз сӯи Алиев эҳсос намешуд ва ба ин далел вай дар рӯйхати он маҳбусоне буд, ки метавонистанд, бидуни посбон дар дохили зиндон ҳаракат кунанд.
Дар ҳамин ҳол, вакилони Алиев - Манфред ва Клаус Айнедтер гуфтаанд, ки ба худкушии муваккилашон бовар надоранд. Ба гуфтаи онҳо, худкушии як марди 52-солаи дар айни камолот боварнокарданист. Клаус Айнедтер бо таъкид ба зарурати тафтиши фарогири қазияи худкушии Роҳат Алиев ба АРА гуфтааст, "ман касеро айбдор карданӣ нестам, вале ба ин шубҳаи зиёд дорам. Ман дирӯз ӯро аёдат кардам. Дар онҷо ҳатто ягон ҳарфе дар бораи худкушӣ набуд."
Досим Сатбаев, сиёсатшиноси қазоқ, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, хабари марги Роҳат Алиев дар Қазоқистон сарусадои зиёд пайдо кард ва бисёриҳо инро на худкушӣ, балки расондан ба ҳолати худкушӣ маънидод мекунанд. Досим Сатбаев мегӯяд, сарнавишти Роҳат Алиев хеле ба сарнавишти сармоядори рус Борис Березовский, ки низ баъди чанд соли фирор дар Лондон худкушӣ кард, монанд мекунад.
Сатбаев мегӯяд: "Ошкор ва мусодира шудани хеле аз молу мулк ва ҳисобҳои бонкии Роҳат Алиев, аз канораш рафтани хеле аз дӯстони қаблиаш, дигар дар ҷанги иттилоотӣ алайҳи Назарбоев аҳамияташро гум кардани ҷомадони компроматҳое, ки ӯ ҳангоми фирор бо худ бурда буд, Алиевро дар як ҳолати хеле бади равонӣ гузошта буд ва метавонист дар ниҳоят ӯро то ба ҳалқаи дор бикашонад."
Ба ақидаи ин сиёсатшинос, дар ҳар сурат, марги Роҳат Алиев ба фоидаи мақомоти кунунии Қазоқистон, бахусус падарарӯси собиқи ӯ Нурсултон Назарбоев шуд, ки бо даргузашти Алиев ва хунсо шудани хатари Мухтор Аблиёзов, бонкдори фирорӣ дигар дар хориҷ тақрибан мухолифи пурқуввате надорад.
Гуфта мешавад, чанде қабл аз нашри хабари марги Роҳат Алиев дар саҳифаи ӯ дар Фейсбук "нома ба падари марҳум" нашр шудааст. Падари Роҳат Алиев - Мухтор Алиев - рӯзи 12 январ дар синни 82 даргузашт. Досим Сатбаев мегӯяд, ин омили инсонӣ - даргузашти падар ва ширкат карда натавонистани Роҳат Алиев дар маросими дафни вай низ зоҳиран ба ҳолати равонии вай бетаъсир набудааст.
Домоди собиқи раисиҷумҳури Қазоқистон баъди фирораш дар 8 соли пеш дар ғайбаш бо ҷурмҳое, чун куштор, хиёнат ба Ватан ва омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ дар Қазоқистон дар маҷмӯъ ба 40 соли зиндон маҳкум шуда буд. Австрия то кунун ду дафъа ба ин далел ки ба имкони таҳияи шароити муҳокимаи мунсифонаи парвандаҳои Роҳат Алиев дар Қазоқистон эътимод надоранд, дархости истирдоди ӯро рад карда буд.
Бори охирин Роҳат Алиев рӯзи 5 июни соли 2014 дар Вена ва ин бор бо иттиҳоми даст доштан дар рабудан ва куштори менеҷерҳои аршади "Нурбонк"-и Қазоқистон Жолдас Тимралиев ва Айбар Ҳасенов дар соли 2007 дастгир шуд. Ӯ худро довталабона ба пулис таслим кард ва додситонии Австрия моҳи декабри соли 2014 Алиевро расман ба даст доштан дар қатли ин ду бонкдори қазоқ айбдор кард.
Роҳат Алиев, муовини собиқи вазири амнияту вазири хориҷаи Қазоқистон ва ҳам сафири собиқи Қазоқистон дар Австрия ва САҲА, ки баъди бад шудани муносибатҳояш бо Нурсултон Назарбоев дар ин кишвари аврупоӣ паноҳ бурда буд, қаблан изҳор карда буд, ки ин иттиҳомоти алайҳи ӯ ангезаҳои сиёсӣ доранд.
Мақомоти Қазоқистон домоди собиқи раисиҷумҳурро дар дуздии миллионҳо доллар пули давлат, рэкету ғасби тиҷоратҳои пурдаромад, хиёнат ба Ватан, қасди табаддулоти давлатӣ ва ҳам ба даст доштан дар чандин куштор айбдор карда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.
Роҳат Алиев ҳамсари Дориға Назарбоева, духтари калонии раисиҷумҳури Қазоқистон буд. Баъди фирори Роҳат Алиев аз Қазоқистон дар соли 2007 ҳамсараш аз ӯ расман ҷудо шуд.
Роҳат Алиев баъди фирор дар матбуот як силсила маводи сиёҳкунанда дар бораи падарарӯси собиқашро нашр ва Назарбоевро ба ғасби қудрат ва даст доштан дар ҷиноятҳои сангин айбдор кард. Алиев дар бораи падарарӯсаш китобе ҳам бо номи “Крестный тесть“ чоп кардааст.
Роҳат Алиев 10 декабри соли 1962 ба дунё омада, соли 1986 донишгоҳи тиббии Алма-Аторо хатм кардааст. Ӯ доктори улуми тиббӣ ва доктори улуми иқтисодӣ буда, бо шарофати издивоҷ ба духтари калонии Нурсултон Назарбоев ба мақомҳои баланде, чун муовини вазири амният, муовини вазири хориҷа ва раиси кумитаи андози Қазоқистон расида буд.
Роҳат Алиев аллакай дар 37-солагӣ соҳиби унвони генерал-майор ҳам шуд, вале баъди фирораш аз кишвар тамоми унвонҳову нишонҳои давлатии Алиевро бекор карданд.
Роҳат Алиев аз издивоҷаш бо Дориға Назарбоева ду писар – Нуралӣ ва Ойсултон – ва як духтар бо номи Венера ва ҳам ду набера дорад. Бино ба бархе хабарҳо, баъди ҷудо шуданаш аз духтари президент, Роҳат Алиев ба Элнора Шоразова издивоҷ карда, аз ӯ ҳам як писари хурдсол дорад. Ба гуфтаи бархе манобеъ, баъди ин издивоҷ Роҳат Алиев номи хонаводагии ҳамсари дуюмашро гирифт ва дар санадҳояш номи расмии ӯ дигар Роҳат Шораз буд.
Шарҳи шореҳи Радиои Озодӣ Мирҳат Шарифҷоновро инҷо бубинед: