Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулолаи Назарбоев васеътар ва қавитар мешавад


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо “подшоҳи нафту газ” Ғайрат Боронбоев қудо хоҳад шуд.

Нурсултон Назарбоев аз с оли 1991 ба ин сӯ раҳбари Қазоқистон аст ва хонадони ӯ бахши бузурге аз сарвати ин кишвари саршор аз захираҳои энержиро дар даст дорад. Вай 72-сола аст ва дар бораи он ки баъд аз сари ӯ сарварии кишвар ба кӣ хоҳад расид, баҳсу гумонҳои зиёд садо медиҳад.

Издивоҷи набераи 23-солаи раисиҷумҳури Қазоқистон, Ойсултон -- писари Дариға Назарбоева бо духтари як тоҷири муваффақи нафту гази Қазоқистон андешаеро ба миён овардааст, бо хеш шудани ду оила имкониятҳои Дариға барои расидан ба қудрат бештар мешаванд.

Моҳи гузашта расонаҳои ахбори ом хабар доданд, ки набераи Назарбоев бо Олимаи 20-сола, духтари Ғайрат Боронбоев, раиси ширкати “КазРосГаз” издивоҷ мекунад. Боронбоев раҳбари ширкатест, ки бо сармоягузории муштараки “Газпром”-и Русия ва “КазМунайГаз”-и Қазоқистон таъсис ёфта, бахши асосии бозори нафту гази Қазоқистонро зери назорат дорад.

Арӯс ҳоло дар Донишкадаи ҳунарҳои Куртолди Лондон ва домод дар Академияи ҳарбии Сэндҳурсти ин шаҳр таҳсил мекунанд ва эҳтимол меравад, дар ин шаҳр бо ҳам вохӯрда бошанд.

Ойсултон писари духтари калонии Нурсултон Назарбоев, Дариға аст, ки дар ҳар фурсати муносиб худро вориси тахти падари хеш нишон медиҳад. Ин дар ҳолест, ки шавҳари собиқи ӯ, Роҳат Алиев ба ғазаби раисиҷумҳури Қазоқистон гирифтор шуда, ҳоло дар Малта паноҳанда аст. Додгоҳи Қазоқистон Алиевро дар ғиёбаш бо иттиҳоми одамкушӣ ва дуздии сармоя маҳкум кардааст.

Домоди дувуми Назарбоев, шавҳари Динора, Темур Қулибоев низ аз даъвогарони курсии раёсатҷумҳурии Қазоқистон аст. Аммо пас аз саркӯби хунини ошӯби нафткашон дар Жанаузен, Қулибоев аз сарварии бнуёди сармоягузории “Самрук-Хазина” барканор гардид. Вай ҳамчунин ба даст доштанаш дар фурӯши шубҳабангези моликияти шоҳзодаи Бритониё Эндрю ва равобити маҳрамона бо хонуми шинохтаи Лондон Гога Ашкенозӣ айбдор мешавад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки Ашкенозӣ аз ӯ як писар дорад.

Алия Назарбоева
Алия Назарбоева
Духтари савуми Назарбоев, Алия, ҳарчанд ахиран дар филмҳои ситоишгарона дар бораи падараш суханронӣ мекунад, дар мазҳари ом кам пайдо мешавад. Вале ӯ низ дар як талоши сохтани сулола саҳм гирифта буд. Вай соли 1998 бо писари раисиҷумҳури Қирғизистон, Аскар Оқоев ҳамхона шуд, вале ин оила дер напоид. Оқоев низ дар соли 2005 аз мақомаш барканор шуд.

Оё издивоҷи Ойсултон Назарбоев бо духтари “подшоҳи нафт” ҷойгоҳи модараш Дариғаро дар муборизаи қудрат қавитар мекунад? Аксари нозирон ба ин пурсиш посухи мусбат медиҳанд, аммо мегӯянд, раҳбари ояндаи Қазоқистон касе ки шавад, шахсе нахоҳад буд, ӯро “Раҳбари Кабир”, “Падари миллат”, муаллифи 100 китоб ва “Элбошӣ” номанду дар зиндагияш ба ӯ дар кишвар ва берун аз он ҳайкалҳо гузоранд.
XS
SM
MD
LG